Аъмол боби 9

Имон  овардани  Шоул.

  1. Шоул, ки ҳанўз таҳдид ва қатл бар шогирдони Худованд меангехт, назди саркоҳин рафт
  2. Ва аз ў номаҳо барои куништҳои Димишқ пурсида гирифт, то ки агар марде ё занеро аз пайравони ин тариқат биёбад, бандӣ карда ба Ерусалим оварад.
  3. Дар аснои роҳ, вақте ки ба Димишқ наздик омад, баногоҳ нуре аз осмон давродаври ў дурахшид;
  4. Ў бар замин афтод ва овозе шунид, ки мегуфт:“Шоул, Шоул! Барои чӣ маро таъқиб мекуни?“.
  5. Гуфт:“Худовандо, Ту Кистӣ?“ Худованд гуфт:“Ман он Исо ҳастам, ки ту Ўро таъқиб мекунӣ; лағад задан ба сихак душвор аст“.
  6. Ва ў ба ларза ва даҳшат афтода, гуфт:“Худовандо! Чӣ амр мефармоӣ, то ки ба ҷо оварам?“ Ва Худованд дар ҷавоб гуфт:“бархез ва ба шаҳр бирав, ва дар он ҷо ба ту гуфта хоҳад шуд, ки чӣ бояд бикунӣ“.
  7. Аммо онҳое ки ҳамсафари ў буданд, моту маҳбут меистоданд, зеро ки он садоро шуниданд, лекин ҳеҷ касро надиданд.
  8. Шоул аз замин бархост, ва чашм кушода бошад ҳам, ҳеҷ касро намедид; аз дасташ гирифта, ўро ба Димишқ бурданд;
  9. Дар он ҷо се рўз нобино монд, ва чизе нахўрд ва нанўшид.
  10. Дар Димишқ Ҳанониё ном шогирде буд; Худованд дар рўъё ба ў гуфт:“Эй Ҳананиё!“Ҷавоб дод:“Лаббай, Худовандо!“.
  11. Худованд ба ў гуфт:“Бархез ва ба кўчае ки Рост ном дорад, бирав ва Шоул ном тарсусиро дар хонаи Яҳудо суроғ кун, ки ў ҳоло ба дуо машғул аст.
  12. Ва Ҳанониё ном шахсеро дар рўъё дидааст, ки омада, бар ў даст гузоштааст, то ки бино шавад“.
  13. Ҳанониё дар ҷавоб гуфт:“Худовандо! дар бораи ин одам аз бисьёр касон шунидаам, ки дар Ерусалим ба муқаддасони Ту чӣ қадар бадиҳо кардааст;
  14. Дар ин ҷо низ аз саркоҳинон изн дорад, ки ҳамаи касонеро, ки исми Туро мехонанд, бандӣ кунад“.
  15. Аммо Худованд ба вай гуфт:“Ту бояд биравӣ, зеро ки ў зарфи баргузидаи Ман аст, то ки исми Маро пеши халқҳо ва подшоҳон ва банӣ-Исроил эълон намояд;
  16. Зеро ки Ман ба ў нишон хоҳам дод, ки барои исми Ман ў чӣ қадар бояд азобу уқубат бикашад“.
  17. Ҳанониё рафта, ба он хона даромад ва даст бар ў гузошта, гуфт:“Эй бародар Шоул! Исои Худованд, ки дар роҳе ки меомадӣ, бар ту зоҳир шуд, маро фиристод, то ки боз бино гардӣ ва аз Рўҳулқудс пур шавӣ“.
  18. Дарҳол аз чашмони ў чизе монанди пулакча афтода, бино шуд, ва бархост, таъмид гирифт.
  19. Ва хўрок хўрда, қувват гирифт. Якчанд рўз Шоул бо шогирдон дар Димишқ монд;
  20. Дарҳол дар куништҳо дар ҳаққи Исо мавъиза кардан гирифт ва гуфт, ки Ў Писари Худост.
  21. Ҳар ки суханонашро мешунид, дар ҳайрат афтода, мегуфт:“Магар ин ҳамон касе нест, ки дар Ерусалим касонеро, ки ин исмро ба забон меоварданд, несту нобуд мекард? Оё ба ин ҷо низ ў барои он наомадааст, ки онҳоро бандӣ карда, назди саркоҳинон барад?“
  22. Аммо Шоул дар мавъизаи худ торафт қувват мегирифт ва яҳудиёни сокини Димишқро дар ҳайрат андохта, исбот мекард, ки Ҳамин Исо Масеҳ аст.
  23. Баъд аз гузаштани якчанд вақт яҳудиён қасд карданд, ки ўро бикушанд.
  24. Шоул аз қасди онҳо хабардор шуд; вале онҳо шабу рўз назди дарвозаи шаҳр поида меистоданд, то ки ўро бикушанд.
  25. Шогирдон ўро шабона гирифта, дар сабаде гузоштанд ва аз девори шаҳр поён фуроварданд.

Павлус  ба  Ерусалим  меояд.

  1. Вақте ки Шоул ба Ерусалим расид, хост ба шогирдон ҳамроҳ шавад, лекин ҳама аз ў метарсиданд ва бовар намекарданд, ки ў шогирд аст.
  2. Он гоҳ Барнаббо ўро гирифта, назди ҳаввориён овард ва ба онҳо нақл кард, ки чӣ гуна Худовандро дар роҳ дидааст, ва Худованд ба ў сухан гуфтааст, ва чӣ гуна ў дар Димишқ ба исми Исо далерона мавъиза намудааст.
  3. Пас аз он ў дар Ерусалим бо онҳо омаду рафт мекард ва ба исми Исои Худованд далерона мавъиза менамуд.
  4. Бо яҳудиёни юнонизабон низ гуфтугў ва мубоҳиса мекард, ва онҳо қасд карданд, ки ўро бикушанд.

Павлус  ба  Тарсус  бармегардад.

  1. Чун бародарон аз ин хабардор шуданд, ўро ба Қайсария фиристоданд ва аз он ҷо ба Тарсус гусел карданд.
  2. Он вақт аҳли калисоҳо дар сар то сари Яҳудо, Ҷалил ва Сомария дар оромӣ буда, обод мешуданд ва модоме ки дар тарси Худованд ва тасаллои Рўҳулқудс рафтор мекарданд, меафзуданд.

Петрус  дар  Лидда.  Шифо  ёфтани  Аниёс.

  1. Ва воқеъ шуд, ки Петрус дар тамоми ноҳия гашта, назди муқаддасони сокини Лидда низ омад;
  2. Дар он ҷо Аниёс ном шахсеро дид, ки ҳашт сол боз фалаҷ шуда, болои бистар хобида буд.
  3. Петрус ба ў гуфт:“Эй Аниёс! Исои Масеҳ туро шифо медиҳад; аз бистарат бахез“. Ў дарҳол бархост,
  4. Ва ҳамаи сокинони Лидда ва Сорўн ўро дида, ба Худованд рўй оварданд.

Петрус  дар  Ёфо. Тобито  аз  мурдагон  эҳьё шуд.

  1. Дар Ёфо шогирде буд, зане ба номи Тобито, ки маънояш Ғизол аст, ва ў хеле некўкор буд ва садақоти басьёре медод.
  2. Ва воқеъ шуд дар он айём, ки ў касал шуда, мурд, ва ўро ғусл дода, дар болохона гузоштанд.
  3. Азбаски Лидда ба Ёфо наздик буд, ва шогирдон шунида буданд, ки Петрус дар он ҷост, ду касро назди ў фиристода, хоҳиш карданд, ки бо зудӣ назди онҳо биёяд.
  4. Петрус бахоста бо онҳо рафт, ва чун расид, ўро ба он болохона бароварданд, ва ҳамаи бевазанон гиръякунон назди ў меистоданд ва куртаю ҷомаҳоеро, ки Ғизол дар зандагии худ дўхта буд, ба ў нишон медоданд.
  5. Петрус ҳамаро берун карда, зону зад ва дуо гуфт ва ба ҷасад рўй оварда, гуфт:“Эй Тобито! Бархез! Вай дарҳол чашмонашро кушод ва Петрусро дида, бинишаст.
  6. Аз дасташ гирифта, ба по хезонд ва муқаддасону бевазанонро даъват намуда, ўро ба онҳо супурд.
  7. Ин ҳодиса дар тамоми Ёфо овоза шуд, ва бисьёр касон ба Худованд имон оварданд.
  8. Чандин рўз ў дар Ёфо назди Шимъўн ном даббоғе монд.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s