Аъмол боби 8

Таъқиботи  чорум. Шоул-таъқиботкунандаи  асосӣ.

  1. Шоул низ ба қатли ў розӣ буд. Дар он рўз таъқиботи шадиде бар зидди аҳли калисои Ерусалим ба амал омад, ва ҳама, ғайр аз ҳаввориён, ба ноҳияи Яҳудо ва Сомария пароканда шуданд;
  2. Мардуми некўкор Истефанусро дафн карда, барои ў мотами азиме гирифтанд.
  3. Аммо Шоул аҳли калисоро азоб медод ва хона ба хона гашта, мардон ва занонро кашола карда мебурду дар зиндон меандохт.
  4. Дар ин миён онҳое ки пароканда шуда буданд, ҳар ҷое ки мерафтанд, аз калом башорат медонанд.

Хизматгузории  Филиппус. Инҷил  дар  Сомария.

  1. Чунончи Филиппус ба як шаҳри Сомария омада, ба онҳо Масеҳро мавъиза мекард;
  2. Мардум ба суханони Филиппус якдилона гўш медоданд ва мўъҷизотеро, ки ба амал меовард, мешуниданд ва медиданд;
  3. Зеро ки арвоҳи палид аз бисьёр мубталоён наъра кашида берун мешуданд, ва мафлуҷону лангони бисьёре шифо меёфтанд,
  4. Ва шодии азиме дар он шаҳр падид омад.

Шимъўни  ҷодугар.

  1. Шимъўн ном мард дар он шаҳр буд, ки пештар ҷодугарӣ мекард ва мардуми Сомарияро дар ҳайрат меандохт ва худро шахси бузурге вонамуд месохт.
  2. Ҳама, аз хурд то калон, ба ў гўш андохта, мегуфтанд:“Ин шахс қуввати азими Худост“.
  3. Аз он сабаб ба ў гўш меандохтанд, ки ў муддати дарозе онҳоро бо ҷодугарии худ ба ҳайрат меовард.
  4. Лекин вақте ки ба башорати Филиппус дар бораи Малакути Худо ва исми Исои Масеҳ имон оварданд, мардон ва занон таъмид гирифтанд.
  5. Худи Шимъўн низ имон овард ва таъмид гирифт ва ҳамеша ҳамроҳ Филиппус буд; ва аз дидани аломот ва мўъҷизоти азиме ки ба амал меомад, дар ҳайрат мемонд.
  6. Ҳаввориёне ки дар Ерусалим буданд, чун шуниданд, ки аҳли Сомария каломи Худоро қабул кардаанд, Петрус ва Юҳанноро назди онҳо фиристоданд,
  7. Ва чун омаданд, барои онҳо дуо гуфтанд, то ки Рўҳулқудсро қабул кунанд:
  8. Зеро ки Рўҳ ҳанўз бар ҳеҷ кадоме аз онҳо нозил нашуда буд, балки фақат ба исми Исои Худованд таъмид ёфта буданд;
  9. Пас, дастҳои худро бар сари онҳо гузоштанд, ва онҳо Рўҳулқудсро қабул карданд.
  10. Шимъўн чун дид, ки бо дастгузории ҳаввориён Рўҳулқудс ато мешавад, ба онҳо пул овард,
  11. Ва гуфт:“Ин қудратро ба ман низ бидиҳед, то ки ба ҳар кас даст гузорам, Рўҳулқудсро қабул кунад“.
  12. Аммо Петрус ба вай гуфт:“Бигзор пулат бо ту нест шавад, чунки ту гумон кардаӣ, ки атои Худоро ба бадали пул бихарӣ;
  13. Туро аз ин чиз насибе ва баҳрае нест, зеро ки дилат дар ҳузури Худо рост намебошад;
  14. Акнун аз ин шарорати худ тавба кун ва ба Худо дуо гўй: шояд, ин қасди дилат омурзида шавад;
  15. Зеро мебинам, ки пур аз заҳраи талх ва гирифтори қайди шарорат ҳастӣ“.
  16. Шимъўн дар ҷавоб гуфт:“Шумо барои ман ба Худованд дуо гўед, то ки чизе аз он чи гуфтед, ба ман рўй надиҳад“.
  17. Онҳо, пас аз он ки шаҳодат доданд ва каломи Худовандро мавъиза карданд, ба Ерусалим баргаштанд ва дар бисьёре аз деҳоти Сомария аз Инҷил башорат доданд.

Филиппус  ва  ҳабашӣ.

  1. Фариштаи Худованд ба Филиппус гуфт:“Бархез ва ба тарафи ҷануб, ба роҳе ки аз Ерусалим сўи Ғазза меравад, ва роҳи биёбон аст, равона шав“.
  2. Бархост ва равона шуд. Ва инак, шахси ҳабашӣ, хоҷасаро ва кабири Кандока маликаи Ҳабаш, нигоҳбони тамоми хазинаи вай, ки ба Ерусалим барои ибодат омада буд,
  3. Ба ватан бармегашт ва бар аробаи худ нишаста, китоби Ишаъёи набиро мехонд.
  4. Рўҳ ба Филиппус гуфт:“Наздик биё ва ба он ароба ҳамроҳа шав“.
  5. Филиппус ба он ҷо давида, шунид, ки китоби Ишаъёи набиро мехонад. Гуфт:“Оё мефаҳмӣ он чиро, ки мехонӣ?“.
  6. Гуфт:“Чӣ гуна фаҳмида метавонам, агар касе ба ман роҳнамоӣ накунад?“ Ва аз Филиппус хоҳиш кард, ки ба ароба савор шуда, бо ў бишинад.
  7. Порчае ки аз Навиштаҳо мехонд, ин буд:’’Мисли гўсфанде Ўро ба забҳ мебурданд, ва мисли баррае ки назди пашмтарошон безабон аст, Ў ҳамчунон даҳони Худро воз накард;
  8. Дар таҳқири Ў инсофро аз Ў гирифтанд, ва насли Ўро кӣ шаҳр хоҳад дод? Зеро ки ҳаёти Ў аз замин қатъ карда шуд’’.
  9. Он хоҷасарой ба Филиппус гуфт:“Аз ту саволе дорам, ки набӣ инро дар ҳаққи кӣ мегўяд? Оё дар ҳаққИ худаш ё дар ҳаққИ дигаре?“.
  10. Он гоҳ Филиппус даҳони худро кушод ва аз ҳамон Навишта сар карда, ба ў аз Исо башорат дод.
  11. Дар ин миён, дар аснои роҳ, онҳо ба обе расиданд, ва хоҷасаро гуфт:“Инак, об; ба таъмид гирифтанам чӣ чиз монеъ мешавад?“
  12. Филиппус гуфт:“Агар аз таҳти дил имон оварда бошӣ, ҷоиз аст“ Вай дар ҷавоб гуфт:“Имон дорам ки Исои Масеҳ Писари Худост“.
  13. Сонӣ фармон дод, ки аробаро нигоҳ дорад, ва ҳар ду, Филиппус ва хоҷасаро, ба об фуромаданд, ва ўро таъмид дод.
  14. Вақте ки аз об баромаданд, Рўҳи Худованд Филиппусро даррабуд, ва хоҷасаро дигар ўро надида, роҳи худро бо хурсандӣ давом дод.
  15. Аммо Филиппус дар Ашдўд пайдо шуд ва дар ҳамаи шаҳрҳо гашта, башорат медод, то даме ки ба Қайсария расид.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s