Аъмол боби 7

Нутқи  Истефанус ба  ҳузури  шўрои  пирон.

  1. Он гоҳ саркоҳин пурсид:“Оё инҳо рост мегўнд ?“
  2. Ба ҷавоб гуфт:“Эй бародарон ва эй падарон, гўш кунед! Худои Зулҷалол ба падари мо Иброҳим, вақте ки ў дар Бананаҳрай буд, яъне пеш аз он ки ба Ҳоррон муҳоҷират кунад, зоҳир шуд
  3. Ва ба ў гуфт:’’Замини худ ва ақрабои худро тарк намо ва сўи замине ки ба ту нишон медиҳам, равона шав’’.
  4. Аз замини калдониён берун омада, дар Ҳоррон маскан гирифт; баъд аз вафоти падараш, Худо ўро аз он ҷо ба замине ки шумо дар он иқомат доред, кўчонид,
  5. Ва аз он ба андозаи як кафи пой ҳам ба тасарруфи ў надод, вале дар ҳамон вақте ки ў ҳанўз фарзанде надошт, ваъда кард, ки ўро ва баъд аз ў наслашро молики он гардонад.
  6. Ва Худо ба ў гуфт, ки насли ў дар замини бегона монанди ғарибон зиндагӣ хоҳанд кард, ва муддати чорсадсол онҳоро дар бандагӣ нигоҳ дошта, азоб хоҳанд дод.
  7. ‘‘Аммо Ман’’, гуфт Худо, ‘‘бар он халқе ки онҳоро дар бандагӣ нигоҳ дорад, доварӣ хоҳам кард, ва баъд аз он онҳо берун омада, дар ин макон ба Ман ибодат хоҳанд кард’’.
  8. Ва аҳди хатнаро ба ў дод. Пас аз ин Иброҳим падари Исҳоқ шуда, дар рўзи ҳаштум ўро хатна кард; ва Исҳоқ падари Яъқуб ва Яъқуб падари дувоздаҳ сарқабила гардид,
  9. Сарқабилаҳо аз Юсуф ҳасад бурда, ўро ба Миср фурўхтанд; лекин Худо бо ў буд.
  10. Ва ўро аз ҳамаи мусибатҳояш халосӣ дод, ва ба ў ҳикмат ва ҳусни таваҷҷўҳ дар назари фиръавн подшоҳи Миср бахшид, то ўро бар Миср ва бар тамоми хонаи худ ҳукмфармо таъин кард.
  11. Дар тамомми замини Миср ва Канъон қаҳтӣ рўй дода, боиси кулфати бузурге гардид, ва падарони мо қуте наёфтанд.
  12. Чун Яъқуб шунид, ки дар Миср ғалла ёфт мешавад, бори аввал падарони моро ба он ҷо фиристод;
  13. Дар сафари дуюм Юсуф худро ба бародаронаш шиносонд, ва аслу насаби Юсуф ба фиръавн маълум шуд.
  14. Юсуф кас фиристода, падари худ Яъқуб ва тамоми хешу таборашро, ки ҳафтоду панҷ нафар буданд, дъват намуд.
  15. Яъқуб ба Миср омад, ва худаш ва падарони мо вафот ёфтанд;
  16. Онҳоро ба Шакем бурда, дар мақбарае ки Иброҳим аз банӣ-Ҳамўри шакеми ба нуқраи худ харида буд, дафн карданд.
  17. Баробари наздик омадани вақти ваъдае ки Худо дар бораи он ба Иброҳим қасам ёд карда буд, қавм дар Миср меафзуд ва бузург мешуд,
  18. То даме ки подшоҳи дигаре ба тахт нишаст, ки Юсуфро намешинохт;
  19. Ў бар зидди нажоди мо найрангбозӣ карда, падарони моро ба танг овард ва амр фармуд, ки кўдакони навзоди худро бароварда партоянд, то ки зинда намонанд.
  20. Дар он вақт Мусо таваллуд шуд, ки дар назди Худо бағоят ҷамил буд, ва муддати се моҳ дар хонаи падари худ парвариш ёфт;
  21. Ҳангоме ки ўро броварда партофтанд, духтари фиръавн ўро гирифта, ҳамчун фарзанди худ калон кард;
  22. Мусо тамоми ҳикмати Мисрро таълим гирифта, дар сухан ва амал қавӣ шуд.
  23. Вақте ки ў чиҳилсола шуд, ба дилаш омад, ки бародарони худ, банӣ-Исроилро тафаққуди ҳол кунад;
  24. Чун якеро мазлум дид, ўро ҳимоят кард ва интиқоми он ситамкашро гирифта, мисриро кушт.
  25. Ў гумон мекард, ки бародаронаш хоҳанд фаҳмид, ки Худо ба василаи ў онҳоро наҷот медиҳад, аммо онҳо нафаҳмиданд.
  26. Рўзи дигар назди онҳо омада дид, ки муноқиша мекунанд, ва онҳоро оштӣ доданӣ шуда, гуфт:’’Эй мардумон, шумо бародар ҳастед, чаро якдигарро меранҷонед?’’
  27. Вале он касе ки ба ёри худ тааддӣ мекард, ўро тела дода, гуфт:“Кӣ туро бар мо ҳоким ва қозӣ таъин кардааст?
  28. Оё мехоҳӣ маро низ бикушӣ, чунон ки дирўз он мисриро куштӣ?“.
  29. Мусо, ҳамин ки ин суханонро шунид, гурехта рафт ва дар замини Мидиён ғурбат ихтиёр кард, ва дар он ҷо аз ў ду писар таваллуд шуд.
  30. Чун чиҳил сол гузашт, дар биёбони атрофи кўҳи Сино фариштаи Худованд дар шўълаи буттаи фурўзон ба ў зоҳир шуд.
  31. Мусо, чун дид, аз ин рўъё дар ҳайрат афтод, ва ҳамгоме ки наздик меомад, то ки назар андозад, садои Худованд ба гўшаш расид:
  32. ‘‘Ман Худои падарони ту, Худои Иброҳим ва Худои Исҳоқ ва Худои Яъқуб ҳастам’’. Мусо ба ларза даромада, ҷуръат накард, ки назар андозад.
  33. Худованд ба ў гуфт:’’Кафшҳоятро аз пойҳоят бикаш, зеро ҷое ки дар он истодаӣ, замини муқаддас аст;
  34. Ситамеро, ки қавми Ман дар Миср мекашад, дидаам ва оҳу нолаи онҳоро шунидаам ва барои наҷот додани онҳо фиромадаам; акнун биё, то ки туро ба Миср бифиристам’’.
  35. Ҳамон Мусоро, ки рад карда, гуфта буданд:’’Кӣ туро ҳоким ва қозӣ таъин кардааст?’’, Худо ба василаи фариштае ки дар бутта ба ў зоҳир шуд, ҳоким ва раҳокунанди таъин намуда, фиристод;
  36. Ў онҳоро берун оварда, дар давоми чуҳил сол дар замини Миср ва дар баҳри Қулзум ва дар биёбон мўъҷизоту аломот ба амал овард.
  37. Ин ҳамон Мусост, ки ба банӣ-Исроил гуфт:’’Худованд Худои шумо Пайғамбаре мисли ман барои шумо аз миёни бародарони шумо ба миён хоҳад овард; ба суханони Ў гўш диҳед’’.
  38. Ин ҳамон аст, ки дар ҷамоат дар биёбон бо фариштае ки дар кўҳи Сино бо ў сухан гуфт, ва бо падарони мо буд, ва калимоти зиндаро қабул кард, то ки ба мо бирасонад,
  39. Вале падарони мо нахостанд ба ў итоат кунанд, балки ўро рад карданд, ва дилҳои онҳо сўи Миср моил шуд
  40. Ва ба Ҳорун гуфтанд:’’Барои мо худоёне бисоз, ки пешопеши мо равона бошад, зеро намедонем, бар сари Мусо, ки моро аз замини Миср берун овард, чӣ омадааст’’.
  41. Дар он айём гўсолае сохтанд ва ба он бут қурбониҳо карданд ва аз аъмоли дастҳои худ хеле шод гаштанд.
  42. Аммо Худо аз онҳо рўй гардонда, вогузор кард, ки сипоҳи осмонро парастиш намоянд, чунон ки дар китоби анбиё навишта шудааст:’’Эй хонадони Исроил! Оё дар давоми чиҳил сол дар биёбон барои Ман қурвониҳо ва ҳадияҳо тақдим кардед?
  43. Хаймаи Малук ва кавкаби худои худ Римфонро бардошта мегаштед, ки ин санамҳоро барои парастиш сохта будед; пас, шуморо ба он тарафи Бобил бадарға хоҳам кард’’.
  44. Падарони мо дар биёбон хаймаи шаҳодат доштанд, чунон ки Худо ба Мусо амр фармуда гуфта буд, ки онро мувофиқи намунае ки дидааст, бисозад.
  45. Онро падарони мо гирифта, ҳамроҳи Еҳушаъ ба мулки қавмҳо оварданд, вақте ки Худо онҳоро аз сари роҳи падарони мо бадар ронд, ва хайма то замони Довуд дар он ҷо монд.
  46. Ки ў дар ҳузури Худо илтифот ёфт ва дархост намуд, ки маскане барои Худои Яъқуб омода кунад.
  47. Вале Сулаймон барои Ў хонае сохт.
  48. Аммо Ҳаққи Таоло дар маъбадҳои сохтаи дасти инсон маскан намегирад, чунон ки набӣ гуфтааст:
  49. ‘‘Осмон’’, магўяд Худованд,’’курсии Ман аст, ва замин пойандози Ман; чӣ гуна хонае барои Ман бино хоҳед кард ва чӣ гуна маконе барои оромиши Ман?
  50. Магар ҳамаи ин чизҳоро дасти Ман наофаридааст?’’
  51. Эй гарданкашон! Эй соҳибони дилҳо ба гўшҳои номахтун! Шумо ҳамеша ба Рўҳулқудс муқобилат мекунед, шумо низ моманди падарони худ ҳастед:
  52. Кист аз анбиё, ки падарони шумо ўро таъқиб накарда бошанд? Онҳо касонеро куштанд, ки аз омадани Он Одил пешакӣ хабар дода буданд, ва алҳол шумо Худи Ўро таслим кардед ва ба қатл расондед,
  53. Оре, шумо Тавротро, ки ба василаи фариштагон барқарор шуд, қабул кардед, вале аз риояти он гардан тофтед“.

Риёзаткаши  аввалин. Қайди  якум  дар  бораи  Павлус.

  1. Чун инро шуниданд, он қадар дарғазаб шуданд, ки дандонҳои худро ба ҳам месоиданд.
  2. Аммо ў, ки пур аз Рўҳулқудс буд, сўи осмон нигариста, ҷалоли Худо ва Исоро, ки ба ямини Худо истода буд, дид.
  3. Ва гуфт:“Инак, осмонро кушода ва Писари Одамро ба ямини Худо истода мебинам“.
  4. Вале онҳо бо овози баланд фарьёд зада ва гўшҳои худро маҳкам карда, якдилона ба ў ҳамла оварданд
  5. Ва аз шаҳр берун бароварда, сангсор каданд, ва шоҳидон ҷомаҳои худро назди пойҳои ҷавоне ки Шоул ном дошт, гузоштанд.
  6. Вақте ки Истефанусро сангсор мекарданд, ў дуо мехонду мегуфт:“Эй Исои Худованд! Рўҳи маро қабул кун“
  7. Сонӣ зону зада, бо овози баланд нидо кард:“Худовандо! Ин гуноҳро ба ҳисоби онҳо дохил накун“. Инро гуфта ҷон дод.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s