Аъмол боби 6

Дяконҳои  аввалин.

  1. Дар он айём, ки шогирдон зиёд мешуданд, яҳудиёни юнонизабон аз яҳудиёни ибронизабон шикоят карданд, ки бевазанони онҳо дар тақсими ризқи ҳаррўза бе баҳра мемонанд.
  2. Он дувоздаҳ нафар ҷамоати шогирдонро даъват намуда, гуфтанд:“Шоиста нест, ки мо каломи Худоро тарк карда, ба хизмати таъмини разқу рўзӣ машғул шавем;
  3. Пас, эй бародарон, ҳафт одами некном ва пур аз Рўҳулқудс ва пурҳикматро аз миёни худ интихоб намоед, то ки онҳро ба хизмат таъин кунем;
  4. Лекин мо бо дуо ва бо таълими каломи худо машғул хоҳем шуд“.
  5. Ин таклиф ба тамоми ҷамомат маъқул шуд, ва Истефанусро, ки шахси пур аз имону Рўҳулқудс буд, ва Фииппус ва Прохорус ва Никонўр ва Тимўн ва Парминос ва Николосро, ки аз аҳли Антиёхия буда, чанде пеш дини яҳудиро қабул карда буд,  интихоб карданд.
  6. Инҳоро дар назди ҳаввориён ба по хезонданд, ва даст бар сарашон монда дуо карданд;
  7. Каломи Худо торафт интишор меёфт, шумораи шогирдон дар Ерусалим бағоят меафзуд, ва бисьёре аз коҳинон низ ба имон тан доданд.

Таъқиби  сеюм. Айбдор  кардани  Истефанус.

  1. Истефанус, ки пур аз имон ва қувват буд, дар миёни қавм аломоту мўъҷизоти бузурге ба амал меовард.
  2. Баъзе касон аз куништи ба ном либартиниён, қуриниён ва искандариён ва аҳли Қилиқия ва Осиё бо Истефанус баҳсу мунозира карданд,
  3. Лекин ба он ҳикмат ва Рўҳе ки дар суханонаш буд, ёрои мухолифат надоштанд.
  4. Бинобар ин чанд касро водор карданд, ки бигўянд:“Мо шунидем, ки ў дар ҳаққи Мусо ва Худо суханони куфромез мегуфт“.
  5. Дар миёни қавм ва пирон ва китобдонон шўр ангехта, ба ў ҳуҷум оварданд ва ўро дастгир карда, ба шўрои пирон бурданд.
  6. Шоҳидони козибро пеш оварданд, ва онҳо гуфтанд:“Ин шахс ҳамеша ба муқобили ин макони муқаддас ва ба муқобили Таврот суханони куфромез мегўяд;
  7. Зеро шунидем, ки ў мегуфт:’’Исои Носирӣ ин маконро хароб хоҳад кард ва русумеро, ки Мусо ба мо супурдааст, тағъир хоҳад дод’’„.
  8. Ҳамаи касоне ки дар шўрои пирон нишаста буданд, бар ў назар андохта, диданд ки чеҳраи ў монанди чеҳраи фаришта буд.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s