Аъмол боби 5

Гуноҳ  ва  мамоти  Ҳанониён  ва  Сапфира.

  1. Аммо Ҳанониён ном шахсе, бо ҳамсараш Сапфира, мулки худро фурўхт
  2. Ва як қисми пули онро, бо огоҳии ҳамсараш, гирифта нигоҳ дошт ва боқии онро овард, дар ихтиёри ҳавориён гузошт.
  3. Петрус гуфт:“Эй Ҳанониён! Чаро ин тавр ба дилат шайтон роҳ ёфтааст, то туро водор намояд, ки ба Рўҳулқудс дурўғ бугўӣ ва як қисми пули заминро пинҳон кунӣ?
  4. Оё он чи доштӣ, аз они ту набуд? Чаро чунин фикрро дар дили худ ҷо додӣ? Ту на одамизод, балки ба Худо дурўғ гуфтӣ“.
  5. Ҳамин ки Ҳанониён ин суханонро шунид, ба замин афтод ва ҷон дод, ва ҳамаи онҳое ки инро шуниданд, ба ҳароси азиме афтоданд.
  6. Ҷавонон бархоста, ўро барои дафн тайёр карданд ва берун бурда, ба хок супурданд.
  7. Тахминан баъд аз гузаштани се соат ҳамсараш омад, ки аз ин воқеа бехабар буд.
  8. Петрус аз вай пурсид:“Ба ман бигў, ки оё заминро ба ҳамин маблағ фурўхтед?“ Зан гуфт:“Оре, ба ҳамин маблағ“.
  9. Петрус ба вай гуфт:“Чаро ҳарду забон як кардед, ки Рўҳи Худовандро биозмоед? Онҳое ки шавҳаратро гўрониданд, бар остонаи дар ҳастанд; туро низ хоҳанд бурд“.
  10. Ҳамон дам вай пеши пои ў афтода, ҷон дод; ва ҷавонон, чун дохил шуданд, вайро мурда ёфтанд ва берун бурда дар паҳлуи шавҳараш дафн карданд.
  11. Тамоми аҳли калисо ва ҳамаи онҳое ки инро шуниданд, ба ҳароси азиме афтоданд.

Тараққии  калисо.

  1. Ҳаввориён аломоту мўъҷизоти зиёде дар миёни қавм ба амал меоварданд ва ҳама якдилона дар равоқи Сулаймон ҷамъ мешуданд.
  2. Ҳеҷ каси бегона ҷуръат намекард бо онҳо ҳамнишин шавад, лекин мардум онҳоро ситоиш мекарданд.
  3. Мардону занони бисьёре ба Худованд имон оварда, торафт ба онҳо ҳамроҳ мешуданд;
  4. Кор ба ҷое расид, ки мардум беморонро ба кўчаҳо бароварда, болои бистарҳо ва катҳо мегузоштанд, то ки дар вақти гузашта рафтани Петрус ақаллан сояи ў бар баъзеи онҳо биафтад.
  5. Ҳамчунин мардуми бисьёре аз шаҳрҳои атроф дар Ерусалим ҷамъ шуда, беморон ва гирифторони арвоҳи палидро меоварданд, ва ҳамаи онҳо шифо меёфтанд.

Таъқиби  дуюм.

  1. Аммо саркоҳин ва бо вай ҳамаи онҳое ки аз фирқаи саддуқиён буданд, аз ҳасад пур шуда, бархостанд
  2. Ва ба ҳавориён дасти тааддӣ дароз карда, онҳоро дар зиндони ом андохтанд.
  3. Вале ҳамон шаб фариштаи Худованд дарҳои зиндонро кушода ва онҳоро берун оварда, гуфт:
  4. „Биравед ва дар маъбад истода, ҳамаи суханони ҳаётро ба ин қавм бигўед“.
  5. Чун инро шуниданд, субҳидам ба маъбад омаданд ва ба таълим додан шурўъ карданд. Дар ин миён саркоҳин ва онҳое ки бо вай буданд, шўрои пирон ва ҳамаи пирони банӣ-Исроилро даъват карданд ва ба зиндон кас фиристоданд, то ки онҳоро биёранд.
  6. Аммо мулозимон рафта, онҳоро дар зиндон наёфтанд ва баргашта, хабар доданд
  7. Ва гуфтанд:“Зиндонро бо эҳтиёти тамом баста дидем, ва посбонон дар пеши дар истода буданд, вале вақте ки дарро кушодем, касеро наёфтем“.
  8. Чун саркоҳин ва сардори посбонони маъбад ва саркоҳинони дигар ин суханонро шуниданд, дар ҳайрат афтоданд, ки ин чӣ оқибате дошта бошад.
  9. Дар ҳамин вақт касе омада, ба онҳо хабар дод ва гуфт:“Инак, он шахсоне ки дар зиндон андохта будед, дар маъбад истода, қавмро таълим медиҳанд“.
  10. Он гоҳ сардорони посбонон бо мулозимонаш рафта, онҳоро овард, лекин на бо зўрӣ, зеро аз қавм тарсиданд, ки мабодо онҳоро сангсор кунанд;
  11. Чун онҳоро оварда, назди шўрои пирон ба по хезонданд, саркоҳин ба онҳо савол дода гуфт:
  12. „Оё шуморо ба таври қатъӣ амр нафармудаем, ки ба Ин исм таълим надиҳед? Ва инак, шумо Ерусалимро бо таълимоти худ пур кардаед ва мехоҳед хуни Он Одамро ба гардани мо бор кунед“.

Ҷавоби  ҳаввориён.

  1. Петрус ва ҳаввориён ба ҷавоб гуфтанд:“Ба Худо бояд итоат кард, на ба одамизод;
  2. Худои падарони мо Исоро эҳьё кард, ки шумо Ўро ба дарахт овехта, кушта будед:
  3. Худо Ўро ба ямини Худ боло бардошта, Сарвар ва Наҷотдиҳанда гардонд, то ки ба Исроил тавба ва омурзиши гуноҳҳоро ато фармояд;
  4. Мо шоҳидони Ў дар ин бобат ҳастем ва ҳамчунин Рўҳулқудс аст, ки Онро Худо ба фармонбардорони Худ бахшидааст“.
  5. Чун шуниданд, чунон дарғазаб шуданд, ки қасд карданд онҳоро ба қатл расонанд.

Огоҳонидани  Ҷамлиил.

  1. Аммо яке аз фарисиён, ки Ҷамлиил ном дошт ва муаллими шариат буд, ва тамоми қавм ўро мўҳтарам медоштанд, дар шўрои пирон бархоста, амр кард, ки ҳаввориёнро ба муддати кўтоҳе берун баранд,
  2. Ва ба ҳозирон гуфт:“Эй мардони Исроил! Эҳтиёт кунед аз он чи мехоҳед бо ин одамон бикунед:
  3. Зеро ки чанде пеш аз ин айём шахсе Тавдо ном бархоста, худро чун шахси бузурге вонамуд кард, ва тақрибан чорсад нафар бо вай ҳароҳ шуданд; вале вай кушта шуд, ва ҳамаи пайравонаш пароканда ва нест шуданд;
  4. Баъд аз вай Яҳудои Ҷалилӣ дар замони саршумори бархост ва мардуми бисьёреро аз ақиби худ кашид; вай низ кушта шуд, ва ҳамаи пайравонаш пароканда шуданд;
  5. Ва алҳол ба шумо мегўям, ки аз ин одамон даст кашед ва онҳоро ба ҳоли худ бигузоред, зеро ки агар ин раъй ва амал аз одамизод бошад, худ аз худ барҳам хоҳад хўрд,
  6. Вале агар аз Худо бошад, шумо онро наметавонед барҳам диҳед, мабодо маълум шавад, ки бо Худо ситеза мекунед“.

Ҳаввориён  сазовори  беҳурматӣ  гардидаанд.

  1. Ба гапи вай даромаданд ва ҳаввориёнро ҷеғ зада оварданд, қамчинкорӣ карданд ва минбаъд ба исми Исо ҳарф заданро ба онҳо манъ карда, онҳоро озод намуданд.
  2. Онҳо аз шўрои пирон баромада, хурсанд шуданд, ки ба хотири исми Ў сазовори беҳурматӣ гардиданд.
  3. Ва ҳар рўз дар маъбад ва дар хонаҳо дар бораи Исои Масеҳ таълим ва башорат медоданд.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s