Аъмол боби 3

Лангро  шифо  додани  ҳаввориён.

  1. Рўзе дар соати нўҳуми вақти ибодат Петрус ва Юҳанно ба маъбад мерафтанд.
  2. Марди ланги модарзоде буд, ки ҳар рўз ўро бардошта оварда, назди он дарвозаи маъбад, ки Ҷамил ном дошт, мегузоштанд, то аз касоне ки ба маъбад меомаданд, садақа бигирад.
  3. Вақте ки ў Петрус ва Юҳанноро назди даромадгоҳи маъбад дид, аз онҳо садақа пурсид.
  4. Петрус, ки бо Юҳанно буд, ба ў синчакунон нигариста, гуфт:“Ба мо нигоҳ кун“.
  5. Ў ба онҳо назар дўхт, ба умеди он ки аз онҳо чизе бигирад.
  6. Аммо Петрус гуфт:“Ман нуқта ва тилло надорам; лекин он чи дорам, ба ту медиҳам: ба исми Исо Масеҳи Носирӣ бархезу роҳ рав“.
  7. Аз дасри росташ гирифта, ўро ба по хезонд; баногоҳ пойҳо ва шитолингҳои ў қувват гирифт,
  8. Ва аз ҷои худ ҷаста хеста, ба роҳравӣ даромад ва роҳравону ҷастухезкунон ва Худоро ҳамдгўён ҳамроҳи онҳо вориди маъбад шуд.
  9. Тамоми мардум ўро роҳравон ва Худоро ҳамдгўён диданд,
  10. Ва ўро шинохтанд, ки ҳамон касест, ки назди дарвозаи Ҷамили маъбад нишаста, садақа мепурсид, ва аз он чи ба ў рўй дода буд, дар даҳшат ва дар ҳайрат афтоданд.
  11. Азбаски ў ба Петрус ва Юҳанно часпида буд, тамоми мардум дар равоқи Сулаймон бо ҳайрат сўи онҳо шитофтанд.

Мавъизаи  дуюми  Петрус.

  1. Перус, чун дид, ба он ҷамоат рў оварда гуфт:“Эй мардони Исроил! Чаро аз дидани ин дар ҳайрат афтодаед ва чаро ба мо чашм дўхтаед, гўё ки мо бо қувват ё парҳезгории худ сабаби роҳ рафтани ин шахс шуда бошем?
  2. Худои Иброҳим ва Исҳоқ ва Яъқуб, Худои падарони мо, Писари Худ Исоро ҷалолат бахшид. Шумо Ўро таслим кардед ва дар ҳузури Пилотус, ки мехост Ўро озод кунад, Ўро рад намудед;
  3. Лекин шумо Қуддус ва Одилро рад намуда, хоҳиш кардед, ки як шахси одамкуш барои шумо озод карда шавад,
  4. Вале Сарвари ҳаётро куштед, вале Худо Ўро аз мурдагон эҳьё кард, ва мо шоҳидони он ҳастем.
  5. Ба хотири имон ба исми Ў ин шахс ки мебинед ва мешиносед, қувват ёфтааст, бале, исми Ў ва имоне ки дар мо аз Ўст, дар ҳузури ҳамаи шумо ба вай ин шифоро бахшидааст.
  6. Лекин, эй бародарон, медонам, ки шумо, мисли сардорони худ, ин корро аз рўи нодонӣ кардаед;
  7. Аммо Худо он чиро, ки бо забони тамоми анбиёяш пешакӣ гуфта буд, ки Масеҳ бояд азобу уқубат кашад, ҳамин тавр анҷом дод.
  8. Пас, тавба кунед ва руҷўъ намоед, то ки гуноҳҳои шумо маҳв гардаад.
  9. Ва айёми фароғат аз ҳузури Худо фаро расад, ва Ў Исои Масеҳро, ки бароятон аз аввал баргузида буд, бифиристад,
  10. ‘‘То замони таҷдид кардани ҳама чиз мутобиқи он чи Худо бо забони анбиёи муқаддаси Худ аз азал гуфтааст, мебоист осмон Ўро қабул мекард.
  11. Чунон, чи Мусо ба падарони мо гуфта буд:’’Худованд Худои шумо Пайғамбаре мисли ман барои шумо аз миёни бародарони шумо ба миён хоҳад овард; бояд ба он чи Ў ба шумо мегўяд, гўш диҳед,
  12. Ва ҳар кӣ ба суханони Он Пайғамбар гўш надиҳад, бояд аз байни қавми худ решакан шавад’’.
  13. Ҳамчунин тамоми анбиё, аз Самуил гирифта то онҳое ки баъд аз ў нубувват кардаанд, ҳамаашон ин айёмро пешгўи кардаанд.
  14. Шумо фарзандони он анбиё ҳастед ва дар он аҳде ки Худо бо падарон мо баст, насибе доред, чунон ки Ў ба Иброҳим гуфтааст:’’Ҳамаи қабилаҳои рўзи замин дар насли ту баракат хоҳанд хост’’.
  15. Худо Писари Худ Исоро муваккал карда, аввал назди шумо фиристод, то ки Ў ҳар якеро аз роҳҳои шароратомези шумо баргардонида, шуморо баракат диҳад“.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s