Аъмол боби 28

4. Фурудоӣ ба ҷазираи  Малит. Павлусро  мор  газид.

  1. Вақте ки раҳо шудем, фаҳмидем, ки он ҷазира Малит ном дорад.
  2. Сокинони ҷазира ба мо хеле меҳрубонӣ намуданд: азбаски борон меборид ва ҳаво хунук буд, онҳо оташ афрўхта, ҳамаамонро пазироӣ карданд.
  3. Павлус як миқдор ҳезум ҷамъ карда буд, ва ҳангоме ки онро дар оташ меандохт, ба сабаби гармии оташ мори афъие берун омада, ба дасташ часпид.
  4. Ҳамин ки сокинони ҷазира ҷонварро бар дасти ў овезон диданд, ба якдигар гуфтанд:“Бидуни шакку шубҳа, ин шахс қотил аст, ки бо вуҷуди аз баҳр раҳо шуданаш адолат намегузорад, ки ў зинда бимонад“.
  5. Аммо ў ҷонварро дар оташ афканд ва ҳеҷ осебе надид.
  6. Онҳо мунтазир буданд, ки баданаш варам мекунад ё ки ў баногоҳ афтода ҷон медиҳад; вале чун бисьёр интизорӣ кашиданд ва диданд, ки ҳеҷ офате ба ў нарасид, фикрашон дигаргун шуд, ва гуфтанд, ки ў Худое мебошад.

Мўъҷизаи  шифо  ёфтани  падари  Публиюс.

  1. Дар наздикиҳои он мавзеъ амлоки сардори ҷазира буд, ки ў Публиюс ном дошт; ў моро ба хонаи худ оварда, се рўз бо меҳрубонӣ пазироӣ намуд.
  2. Падари Публиюс гирифтори табларза ва дарди шикам шуда хобида буд, ва Павлус назди вай омад ва дастҳои худро бар вай гузошта, вайро шифо дод.
  3. Баъд аз ин воқеа дигар беморони ҷазира низ омада, шифо ёфтанд,
  4. Ва моро хеле иззату ҳурмат карданд, ва ҳангоме ки аз он ҷо мерафтем, моро бо лавозимоти сафар таъмин намуданд.
  5. Пас аз се моҳ ба киштии Искандария, ки аломати Ҷавзо дошт ва зимистонро дар ҷазира гузаронида буд, савор шудем.
  6. Ва ба Саркузо расида, дар он ҷо се рўз мондем;
  7. Аз он ҷо равона шуда, ба Риғюн омадем; азбаски баъд аз як рўз боди ҷанубӣ вазид, рўзи дуюм вориди Пўтюлӣ шудем;
  8. Дар он ҷо бародаронро ёфта, мувофиқи хоҳишашон ҳафт рўз назди онҳо мондем ва сонӣ роҳи Румро пеш гирифтем.
  9. Бародарони он ҷо, чун аз одамони мо хабардор шуданд, то бозоргоҳи Опиюс ва меҳмонсарое ки ‘‘Се майхона’’ ном дошт, ба истиқболи мо омаданд, ва Павлус онҳоро дида, ба Худо шукргузорӣ кард ва қавидил гашт.

Павлус  дар  Рум  ва  хизматгузории  ў.

  1. Вақте ки ба Рум расидем, мирисад бандиёнро ба сипаҳсолор супурд, аммо ба Павлус иҷозат шуд, ки бо як сарбоз, ки ўро посбонӣ мекард, дар хонаи ҷудогонае иқомат кунад.
  2. Баъд аз се рўз Павлус бузургони яҳудиёнро даъват намуд, ва ҳангоме ки онҳо ҷамъ омаданд, ба онҳо гуфт:“Эй бародарон! Гарчанде ки ман ҳеҷ амале бар зидди қавм ва расму таомули падарон накардаам, маро дар Ерусалим бандӣ карда, ба дасти румиён супориданд;
  3. Онҳо, баъд аз тафтиш, мехостанд маро озод кунанд, чунки ман ҳеҷ гуноҳе накардаам, ки сазовори марг бошам;
  4. Аммо азбаски яҳудиён мухолифат карданд, ман маҷбур шудам доварии қайсарро талаб намоям, вале на аз барои он ки аз қавми худ шикояте кунам;
  5. Ба ин сабаб ман шуморо даъват намудам, то ки бо шумо вохўрда гуфтугў кунам, зеро ки аз барои умеди Исроил бо ин занҷир баста шудаам“.
  6. Ба ў гуфтанд:“Мо ҳеҷ номае дар ҳаққи ту аз Яҳудо нагирифтаем, ва аз бародароне ки ба ин ҷо омада буданд, ҳеҷ кас аз ту чизе хабар надодааст ва ё сухани баде нагуфтааст;
  7. Лекин хоҳишмандем, ки фикру ақидаи туро аз худат бишнавем, зеро ба мо маълум аст, ки дар бораи ин фирқа дар ҳама ҷо ҷидол мекунанд“.
  8. Рўзеро барои ў муқарар карданд, ва мардуми бисьёре назди ў ба манзилаш омаданд, ва ў аз субҳ то шом ба онҳо аз Малакути Худо шаҳодат ва шарҳ медод ва аз Тавроти Мусо ва суҳафи анбиё далелҳо дар бораи Исо меовард.
  9. Баъзе аз онҳо ба суханонаш имон оварданд, вале дигарон имон наоварданд.

Павлус  ба  халқҳо  мавъиза  мекунад.

  1. Азбаски бо якдигар мухолифат доштанд, Павлус пеш аз рафтани онҳо чунин сухане гуфт:“Рўҳулқудс ба василаи Ишаъёи набӣ ба падарони мо чӣ хуб гуфтааст:
  2. ‘‘Назди ин қавм бирав ва бигў: бо гўшҳои шунаво хоҳед шунид, вале нахоҳед фаҳмид; ва бо чашмҳои бино хоҳед нигарист, вале нахоҳед дид;
  3. Зеро ки дили ин қавм сахт ва гўшҳошон вазнин ва чашмҳошон баста шудааст, мабодо бо чашмҳо бубинанд ва бо гўшҳо бишнаванд ва бо дил бифаҳманд ва руҷўъ кунанд, то ки онҳоро шифо бахшам’’.
  4. Пас, бидонед, ки наҷоти Худо ба ғайрияҳудиён фиристода шудааст, ва онҳо хоҳанд шунид“.
  5. Чун инро гуфт, яҳудиён рафтанд, дар ҳолате ки бо якдигар бисьёр мубоҳиса мекарданд.
  6. Павлус ду соли тамом дар хонаи иҷорагии худ истиқомат кард, ва ҳар киро, ки назди ў меомад, пазироӣ менамуд.
  7. Ва Малакути Худоро мавъиза мекард ва бо тамоми далерӣ тариқати Исои Масеҳи Худовандро бемалол таълим медод.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s