Аъмол боби 27

Павлус  дар  аснои  роҳи  Рум. 1. Роҳ то ба  Крит.

  1. Чун қарор доданд, ки бо киштӣ ба Итолия равем, Павлус ва чанд бандии дигарро            ба мирисади қўшуни Авғустус, ки Юлиус ном дошт, супурданд.
  2. Ба киштии Адрамит савор шуда, ба роҳ даромадем, ки он ният дошт дар наздикии соҳили вилояти Осиё шино кунад; Ористархуси мақдунӣ аз аҳли Таслўникӣ ҳамроҳи мо буд.
  3. Рўзи дигар ба Сидўн расидем; Юлиус ба Павлус илтифот намуда, иҷозат дод, ки назди дўстони худ рафта, лавозимоти сафарашро аз онҳо бигирад.
  4. Аз он ҷо равона шуда, дар қарибии Қаприс гузаштем, зеро ки боди мухолиф мевазид;
  5. Баҳрро дар рў ба рўи Қилиқия ва Памфилия тай намуда, ба Мирои Ликия расидем.
  6. Дар он ҷо мирисади киштии Искандарияро, ки ба Итолия мерафт, пайдо карда, моро бар он савор кард.
  7. Чандин рўз оҳисата-оҳисата шино карда, базўр ба Қнидўс наздик омадем, вале азбаски боди номусоид мевазид, сўи Крит ба соҳили Салмўнӣ рондем.
  8. Ва бо душворӣ аз пеши он гузашта, ба мавзее расидем, ки Бандари Нек ном дошт ва ба шаҳри Ласия наздик буд.
  9. Баъд аз гузаштани муддати зиёд, ки сафари баҳр акнун хатарнок шуда буд, зеро ки айёми рўзадорӣ ҳам гузашта буд, Павлус онҳоро таъкид намуда,
  10. Гуфт:“Эй мардон! Мебинам, ки ин сафари мо на танҳо барои бор ва киштӣ, балки барои ҷони мо низ хеле душвор ва зарарнок хоҳад шуд“.
  11. Аммо мирисад аз суханони Павлус дида, бештар ба гапи суккондор ва соҳиби киштӣ боварӣ дошт.
  12. Азбаски он бандар барои зимистонгузарони мувофиқ набуд, бисьёр касон маслиҳат доданд, ки аз он ҷо бираванд, то ки, шояд, ба Финиқо расида, айёми зимистонро дар ин бандари Крит, ки рў ба самти ҷануби ғарбӣ ва шимоли ғарбӣ воқеъ аст, гузаронанд.
  13. Чун боди ҷанубӣ вазид, ба гумони он ки муродашон ҳосил шуд, лангар бардошта, дар қарибии соҳили Крит равона шуданд.

2. Тундбод.

  1. Вале дере нагузашта, боди сахти мухолифе бархост, ки авриклидўн ном дорад,
  2. Ва чунон бошиддат ба киштӣ омада зад, ки он ба муқобили бод истода натавонист, ва мо идораи киштиро аз даст дода, беихтиёр ба ҷараёни об ронда шудем.
  3. Ва ба ҷазирачае ки Клавдо ном дорад, бошиддат бархўрда, қаиқи киштиро базўр нигоҳ дошта тавонистем.
  4. Онро кашида бароварда, камари киштиро бо танобҳо маҳкам бастанд ва, аз тарси он ки дар ҷои пастобе фурў монанд, бодбонро фуроварданд, ва мо ҳамчунон ба ҷараёни об ронда шудем.
  5. Рўзи дигар, ба сабаби пурзўр шудани тўфон, бори киштиро ба об партофтан гирифтанд.
  6. Дар рўзи сеюм мо бо дастҳои худ асбобу анҷоми киштиро бароварда партофтем.
  7. Чандин рўз на офтоб аён мешуд, на ситорагон; тўфони шадид як зайл давом мекард, ва дигар ҳеҷ умеде барои халосии мо набуд.
  8. Азбаски муддати дуру дароз чизе нахўрда буданд, Павлус дар миёни онҳо истода гуфт:“Эй мардон! Кошки ба суханони ман даромада, аз Крит намебаромадем, ки дар он сурат аз ҳамаи ин мушкилот ва зиён амон меёфтед;
  9. Акнун низ шуморо насиҳат дода, мегўям, ки қавидил бошед, чунки ҳеҷ осебе ба ҷони ҳеҷ яке аз шумо нахоҳад расид, фақат киштӣ талаф хоҳад шуд;
  10. Зеро ки имшаб фариштаи Худоеро ки ман аз они Ў ҳастам ва Ўро ибодат мекунам, ба ман зоҳир шуд
  11. Ва гуфт:“Эй Павлус, натарс! Ту бояд дар ҳузури қайсар ҳозир шавӣ, ва инак, Худо ҷони ҳамаи ҳамсафаронатро ба ту бахшидааст’’.
  12. Бинобар ин, эй мардон, қавдил бошед, зеро ки ман ба Худо имон дорам, ва ҳамон тавре ки ба ман гуфтааст, воқеъ хоҳад шуд:
  13. Лекин бар яке аз ҷазираҳо хоҳем афтод“.

3. Киштӣ дар ҷои  пастобе  фурў  монд.

  1. Чун шаби чордаҳум фаро расид, ва мо ҳанўз дар баҳри Адриё ба ҳар сў ронда мешудем, дар қарибии нисфи шаб, моллоҳон пай бурданд, ки хушкие наздик аст,
  2. Ва чуқурии обро чен карданд, бист қомат баромад, андаке пеш рафта, боз чен карданд, понздаҳ қомат баромад.
  3. Аз бими он ки ба санглохе бахўранд, аз думи киштӣ чор лангар андохтанд ва дами субҳро мунтазир шуданд.
  4. Маллоҳон мехостанд киштиро тарк кунанд, ва бо ин мақсад қаиқро ба об мефуроварданд, ба баҳонаи он ки гўё мехоҳанд лангарҳоро аз бинии киштӣ биандозанд,
  5. Аммо Павлус ва мирисад ва сарбозон гуфт:“Агар инҳо дар киштӣ намонанд, шумо наҷот нахоҳед ёфт“.
  6. Он гоҳ сарбозон танобҳои қаиқро буриданд, ва он афтод.
  7. Пеш аз субҳидам Павлус аз ҳама хоҳиш кард, ки чизе бихўранд; ў гуфт:“Имрўз рўзи чордаҳум аст, ки шумо интизорӣ кашида, чизе нахўрдаед ва гурусна ҳастед.
  8. Бинобар ин шуморо даъват менамоям, ки чизе бихўред, зеро ки саломатии ҷони шумо ба ин вобаста аст: мўе аз сари ҳеҷ яке аз шумо нахоҳад афтод“.
  9. Бо ин суханон нонро гирифта, дар ҳузури ҳама Худоро шукргузорӣ кард ва онро шикаста, ба хўрдан шурўъ намуд.
  10. Он гоҳ ҳама қавидил шуданд, ва онҳо низ нон хўрданд.
  11. Шумораи мо дар киштӣ ҷамъ дусаду ҳафтоду шаш нафар буд.
  12. Чун аз хўрок сер шуданд, гандумро ба об партофта, киштиро сабук карданд.
  13. Вақте ки рўз равшан шуд, заминро нашинохтанд, лекин халиҷе диданд, ки соҳили паст дошт, ва қарор доданд, ки агар мумкин шавад, киштиро сўи он биронанд.
  14. Лангарҳоро бурида, дар баҳр гузоштанд, бандҳои сукконро низ кушоданд ва бодбонро ба ҷараёни бод боло кашида, роҳи соҳилро пеш гирифтанд.
  15. Ба димоғае дакка хўрданд, ва киштӣ дар ҷои пасобе фурў монд: бинии он дармонда беҳаракат истод, лекин думаш аз шиддати мавҷҳо дарҳам шикаст.
  16. Сарбозон қасди куштани бандиён карданд, ки мабодо касе шинокунон гурехта наравад.
  17. Лекин мирисад ки мехост Павлусро раҳо кунад, ба ин қасди онҳо монеъ шуд ва фармуд, ки аввал касоне ки шино карда метавонанд, худро дар об андохта, ба соҳил бирасанд,
  18. Ва дигарон, баъзе бар тахтаҳо ва баъзе бар шикастапораҳои киштӣ аз дунболи онҳо бираванд. Ба ҳамин тарз ҳамаашон ба саломатӣ ба хушкӣ расиданд.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s