Аъмол боби 26

Ба  ҳузури  Ағрипус  худро  ҳимоят кардани Павлус.

  1. Ағрипос ба Павлус гуфт:“Ба ту иҷозат дода мешавад, ки барои ҳимояти худ сухан гўӣ“. Он гоҳ Павлус дасти худро дароз карда, барои муҳофизати худ гуфт:
  2. „Эй подшоҳ Ағрипос! Барои худ камоли хушбахтӣ медонам, ки имрўз имконият дорам дар ҳузури ту худро аз ҳамаи айбҳое ки яҳудиён ба гардани ман бастаанд, муҳофизат намоям,
  3. Хусусан ки ту аз ҳамаи расму таомулҳо ва ихтилофоти байни яҳудиён ба хубӣ воқиф ҳастӣ. Бинобар ин аз ту хоҳишмандам, ки ҳиммат намуда, суханони маро бишнавӣ.
  4. Зиндагии маро, ки аз аввали ҷавониам онро дар миёни қавми худ ва дар Ерусалим гузарондаам, ҳамаи яҳудиён медонанд;
  5. Онҳо аз рўзҳои аввал маро мешиносанд ва, агар бихоҳанд, метавонанд гувоҳӣ диҳанд, ки ман мевофиқи порсотарин тариқати мазҳаби мо фарисӣ шуда рафтор мекардам.
  6. Ва ҳоло барои умед бастанам ба он ваъдае, ки Худо ба падарони мо додааст, ман муҳофизат карда мешавам,
  7. Дар сурате ки дувоздаҳ сибти мо шабу рўз бо ҷидду ҷаҳд ибодат мекунанд ба умеди он ки иҷрои ҳамон ваъдаро бубинанд: аз барои ҳамин умед, эй подшоҳ Ағрипос, яҳудиён маро айбдор мекунанд.
  8. Чаро ба назари шумо аз ақл берун менамояд, ки Худо мурдагонро эҳьё мекунад?
  9. Оре, ман ҳам пештар барои худ воҷиб медонистам, ки бар зидди исми Исои Носирӣ ҳар чи зиёдтар амал кунам,
  10. Чӣ тавре ки дар Ерусалим мекардам: аз саркоҳинон изн гирифта, бисьёр муқаддасонро дар зиндон мезндохтам, ва ҳангоме ки онҳоро мекуштанд, бар зиддашон фатво медодам;
  11. Дар ҳамаи куништҳо ҳар дам онҳоро азоб медодам ва маҷбур мекардам, ки куфр бигўянд, ва азбаски хашму ғазабам нисбат ба онҳо пурзўр буд, ҳатто дар шаҳрҳои бегона онҳоро таъқиб менамудам.
  12. Боре барои чунин амалиёт бо изн ва супориши саркоҳинон ба Димишқ мерафтам;
  13. Ва инак, эй подшоҳ, дар нисфи рўз дар роҳ нуреро аз осмон дидам, ки равшантар аз офтоб буд, ва давродаври ман ва ҳамроҳонам дурахшид.
  14. Ҳамаамон бар замин афтодем, ва ман овозеро шунидам, ки ба забони ибронӣ ба ман мегуфт:’’Шоул, Шоул! Барои чӣ Маро таъқиб мекунӣ? Лагат заданат ба сихак душвор аст’’.
  15. Ман гуфтам:’’Худовандо, Ту кистӣ?’’ Гуфт:’’Ман он Исо ҳастам, ки ту Ўро таъқиб мекунӣ;
  16. Аммо бархез ва бар пои худ биист; зеро барои он ба ту зоҳир шудаам, ки туро ходим ва шоҳид таъин намоям бар он чи дидаӣ ва бар он чи ба ту ошкор хоҳам кард;
  17. Ва туро раҳоӣ хоҳам дод аз дасти ин қавм ва аз дасти халқҳое ки ҳоло туро назди онҳо мефиристам,
  18. То ки чашмони онҳоро воз кунӣ, ва онҳо аз зулмот ба рўшнои бароянд ва аз чанголи шайтон раҳо шуда, ба Худо руҷўъ намоянд ва ба василаи имоне ки ба Ман меоваранд, омурзиши гуноҳҳо ва насибае дар миёни муқаддасон пайдо кунанд’’.
  19. Бинобар ин эй подшоҳ Ағрипос, ба рўъёи осмонӣ беимонӣ накардам,
  20. Балки дар навбати аввал ба сокинони Димишқ ва Ерусалим ва тамоми сарзамини Яҳудо ва низ ғайрияҳудиён мавъиза менамудам, ки тавба карда, ба Худо руҷўъ намоянд ва корҳое кунанд, ки сазовори тавба бошад.
  21. Аз барои ҳамин маро яҳудиён дар маъбад дастгир карданд ва куштанӣ шуданд.
  22. Аммо Худо ба ман ёр шуд, ва ман то имрўз зинда мондаам ва ба хурду калон шаҳодат медиҳам ва гапе намезанам ҷуз он чи анбиё ва Мусо гуфтаанд, ки бояд вуқўъ ояд,
  23. Яъне Масеҳ бояд азобу уқубат кашад ва аввалин касе бошад, ки аз мурдагон эҳьё шуда, ба ин қавм ва ба халқҳо аз тулўи нур хабар расонад“.
  24. Чун ў ба ин тарз худро муҳофизат мекард, Фестус бо овози баланд гуфт:“Эй Павлус, ту аз ақл бегона шудаӣ! Дониши бисьёр туро девона кардааст“.
  25. Гуфт:“Эй Фестуси мўҳтарам, ман аз ақл бегона нашудаам, балки суханони ҳақиқатро бо ақли солим баён менамоям:
  26. Зеро подшоҳе ки дар ҳузураш далерона сухан меронам, аз ин воқиф аст; ман яқин дорам, ки чизе дар ин бора аз ў пўшида нест, зеро ки ин дар хилватгоҳе воқеъ нашудааст;
  27. Эй подшоҳ Ағрипос, оё ба анбиё имон дорӣ? Медонам, ки имон дорӣ“.
  28. Ағрипос ба Павлус гуфт:“Кам мондааст маро тарғиб намоӣ, ки масеҳӣ шавам“.
  29. Павлус гуфт:“Аз Худо мехостам, ки ба андозаи кам ё зиёд на танҳо ту, балки ҳамаи онҳое ки суханони маро мешунаванд, мисли ман гарданд, ҷуз аз ин занҷирҳо“.
  30. Чун инро гуфт, подшоҳ ва ҳоким, Бернико ва дигар касоне ки бо онҳо нишаста буданд, бархостанд.
  31. Ва онсўтар рафта, ба якдигар гуфтанд:“Ин одам ҳеҷ коре накардааст, ки сазовори марг ё ҳабс бошад“.
  32. Ағрипос ба Фестус гуфт:“Агар ин одам доварии қайсарро талаб намекард, метавонист озод шавад“.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s