Аъмол боби 25

Павлус  дар  ҳузури  Фестус.

  1. Чун Фестус ба вилоят омад, баъд аз се рўз аз Қайсария ба Ерусалим рафт.
  2. Саркоҳин ва бузургони яҳудиён даъвои худро нисбат ба Павлус ба вай фаҳмонданд ва гапи худро маъқул карданд.
  3. Ва илимос карданд, ки ба онҳо илтифот намуда, ўро ба Ерусалим биёрад; онҳо қасд доштанд, ки ўро дар роҳ ба қатл расонанд.
  4. Аммо Фестус ба ҷавоб гуфт:“Павлус дар Қайсария маҳбус аст, ва худи ман ба қарибӣ ба он ҷо бармегардам“.
  5. „Бинобар ин“, гуфт вай,“онҳое ки аз шумо метавонанд, ҳамроҳи ман биёянд, ва агар ин шахс айбе дошта бошад, бар ў даъво кунанд“.
  6. Дар миёни онҳо аз ҳашт ё даҳ рўз зиёд намонда, ба Қайсария баргашт, ва рўзи дигар бар курсии доварӣ нишаста, амр фармуд, ки Павлусро биёранд.
  7. Вақте ки ў ҳозир шуд, яҳудиёне ки аз Ерусалим омада буданд, даври ўро гирифта, бисьёр айбҳои гаронро ба гардани ў бор карданд, ки онҳоро исбот карда наметавонистанд.
  8. Вале ў худро муҳофизат намуда, гуфт:“Ман на бар зидди шариати яҳудиён, на бар зидди маъбад ва на бар зидди қайсар ҳеҷ ҷинояте накардаам“.
  9. Фестус, ки мехост дили яҳудиёнро ёбад, дар ҷавоби Павлус гуфт:“Оё мехоҳӣ ба Ерусалим биравӣ, то ки ман туро дар он ҷо дар ин бобат доварӣ намоям?“.

Павлус  доварии  қайсар  талаб  мекунад.

  1. Павлус гуфт:“Ман дар маҳкамаи қайсар истодаам, ва муҳокимаи ман бояд дар ҳамин ҷо ба амал ояд; ман ба яҳудиён ҳеҷ бадӣ накардам, чунон ки худат ҳам инро ба хубӣ медонӣ;
  2. Агар бадие ё ягон кори сазовори марг карда бошам, аз мурдан ибое надорам; лекин агар аз он айбҳое ки инҳо ба гардани ман мемонанд, дар ман ҳеҷ чизе набошад, касе ҳақ надорад маро ба дасти онҳо бисупорад; ман доварии қайсарро талаб мекунам“.
  3. Фестус бо мушовиронаш маслиҳат карда, дар ҷавоби ў гуфт:“Модоме ки доварии қайсарро талаб мекунӣ, назди қайсар хоҳӣ рафт“.

Павлус  ба  ҳузури  подшоҳ  Ағрипос. Беайб  донистаи  Павлус.

  1. Баъд аз чанд рўз подшоҳ Ағрипос ва Бернико ба Қайсария омаданд, то ки Фестусро муборакбод кунанд.
  2. Чун рўзҳои зиёде дар он ҷо истоданд, Фестус ба подшоҳ кори Павлусро ҳикоят карда, гуфт:“Шахсе ҳаст, ки Феликс ўро дар зиндон нигоҳ доштааст,
  3. Ва ҳангоме ки дар Ерусалим будам, саркоҳин ва пирони яҳудӣ дар бораи ў ба ман гап заданд ва маҳкумияти ўро талаб карданд.
  4. Дар ҷавоби онҳо гуфтам, ки расму русуми румиён ин нест, ки касеро ба марг таслим кунанд, бе он ки айбдорро бо даъвогаронаш рў ба рў карда, ба вай имконият диҳанд, ки худро аз айбҳо сафед кунад.
  5. Бинобар ин, вақте ки онҳо ба ин ҷо омаданд, ман бе таъхир, фардои он, бар курсии доварӣ нишастам ва амр фармудам, ки он шахсро биёранд.
  6. Аммо даъвогарон бархоста, аз он чи ман гумон доштам, ҳеҷ як айберо бар гардани ў монда натавонистанд,
  7. Балки бо ў фақат дар бораи парастиши Худои худ ва дар бораи Исо ном шахсе ки мурдааст, вале Павлус мегуфт, ки Ў зинда аст, ихтилофи ақида доштанд.
  8. Чун дар ҳалли ин масъала душворӣ кашидам, ман гуфтам:’’Оё ў намехоҳад ба Ерусалим биравад, то ки муҳокимаи ў дар он ҷо ба амал ояд?’’.
  9. Аммо Павлус талаб кард, ки ўро барои доварии Авғустус маҳфуз дорам, бинобар ин ман амр фармудам, ки то вақте ки ўро назди қайсар бифирсатм, ў дар ҳабс нигоҳ дошта шавад“.
  10. Ағрипос ба Фестус гуфт:“Ман ҳам мехостам суханони ин шахсро бишнавам“.Дар ҷавоб гуфт:“Фардо хоҳӣ шунид“.
  11. Рўзи дигар, вақте ки Ағрипос ва Бернико бо ҳашамати бузурге омада, бо мириҳазорон ва бузургони шаҳр ба маҳкама дохил шуданд, бо фармони Фестус Павлусро оварданд.
  12. Фестус гуфт:“Эй подшоҳ Ағрипос ва эй ҳамаи мардумоне ки дар ин ҷо ҳузур доред! Инак, шумо ҳамон шахсеро мебинед, ки тамоми ҷамоати яҳудиён, чи дар Ерусалим ва чи дар ин ҷо, ба ман аз ў шикоят кардаанд ва фарьёд зада гуфтаанд, ки ў набояд дигар зинда бимонад;
  13. Лекин ман, чун дидам, ки ў ҳеҷ кори сазовори марг накардааст ва худаш низ доварии Авғустусро талаб намуд, ба ин сабаб қарор додам, ки ўро ба он ҷо бифиристам;
  14. Азбаски ҳеҷ чизи дурусте надорам, ки дар ҳаққи ў ба олиҳазрат бинависам, бинобар ин ўро назди шумо ва алалахусус назди ту, эй подшоҳ Ағрипос, овардам, то ки дар натиҷаи таҳқиқ чизе барои навиштанам пайдо кунам;
  15. Зеро ба назарам хилофи ақл менамояд, ки бандиеро фиристонаму айбҳои ба гарданаш монданашударо нишон надиҳам“.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s