Аъмол боби 24

Павлус  ба  ҳузури  Феликс.

  1. Баъд аз панҷ рўз саркоҳин Ҳанониё бо пирон ва Тартуллўс ном нотиқе омад, ва онҳо шикояти худро дар ҳаққи Павлус ба ҳоким супурданд.
  2. Вақте ки Павлусро даъват карданд, Тартуллўс ба айбдор кардани ў шурўъ намуда, гуфт:
  3. „Эй Феликси мўҳтарам, мо ҳамеша ва дар ҳама ҷо бо каломи миннатдорӣ эътироф менамоем, ки дар сояи ту осоиши комил дорем, ва ба туфайли ғамхўрии ту ин қавм ба некўаҳволӣ расидааст;
  4. Вале, барои он ки туро бисьёр заҳмат надиҳам, аз ту хоҳишмандам, ки илтифот намуда, мухтасаран арзи моро бишнавӣ:
  5. Зеро ки ин одамро фасодангез ёфтаем, ки ў дар миёни ҳамаи яҳудиёни рўи олам ошўб меандозад ва сардастаи бидъати носирӣ мебошад,
  6. Ва ҳатто саъю кўшиш намудааст, ки маъбадро палид гардонад, ва мо ўро дастгир кардем, то ки аз рўи шариати худ бар ў доварӣ намоем,
  7. Аммо Лисиёси мириҳазор омада, ўро бо зўрӣ аз дасти мо гирифт.
  8. Ва амр фармуд, ки даъвогарони ў назди ту биёянд; худат метавонӣ тафтиш намуда, ҳар он чиро, ки мо бар ў даъво дорем, аз худи ў бифаҳмӣ“.
  9. Яҳудиён суханони ўро тасдиқ карда, гуфтанд, ки чунин аст.

Худро   сафед   кардани   Павлус.

  1. Чун ҳоким ба Павлус ишора кард, ки сухан гўяд, ў ба ҷавоб гуфт:“Азбаски медонам, ки ту чандин сол боз довари ин қавм ҳастӣ, ман кори худро дилпурона муҳофизат менамоям;
  2. Ту метавонӣ бифаҳмӣ, ки дувоздаҳ рўз зиёд нагузаштааст, ки ман барои ибодат ба Ерусалим рафта будам;
  3. Ва маро ҳеҷ кас надидааст, ки дар маъбад, ё кунишҳо ва ё дар шаҳр бо касе мубоҳиса карда бошам ё ки дар байни мардум ошўб андохта бошам;
  4. Низ он чиро, ки ҳоло бар ман даъво менамоянд, исбот карда наметавонанд;
  5. Лекин инро назди ту иқрор мекунам, ки аз рўи тариқате ки онҳо бидъат меноманд, дар ҳолате ки ба ҳар чи дар Таврот ва дар суҳафи анбиё навишта шудааст, эътиқот дорам.
  6. Ва аз Худо умед дорам, чунон ки инҳо низ интизорӣ доранд, ки ҳам барои одилон ва ҳам барои золимон эҳьёи мурдагон дар пеш аст;
  7. Бинобар ин худам низ саъю кўшиш менамоям, ки виҷдонам назди Худо ва одамон ҳамеша пок бошад;
  8. Баъд аз чандин сол ман омадам, то ки ба халқи худ садақот биёрам ва ҳадия пешкаш бикунам,
  9. Ва дар ҳолате ки таҳорат ёфта будам, ва дар гирду пешам на мардуме буд, на ғавғое, маро дар маъбад чанд нафар яҳудиёни вилояти Осиё диданд,
  10. Ки онҳо низ мебоист дар ин ҷо назди ту меистоданд ва, агар чизе бар зидди ман дошта бошанд, даъво мекарданд;
  11. Ё худи инҳо бигўянд, ки аз ман, вақте ки назди шўрои пирон истода будам, чӣ хатое дидаанд,
  12. Ҷуз он як сухан, ки ман дар миёни онҳо истода, бо овози баланд гуфтам, ки аз барои эҳьёи мурдагон имрўз пеши шумо муҳокима карда мешавам“.
  13. Феликс, ки аз ин тариқат ба хубӣ огоҳӣ дошт, муҳокимаро ба таъхир андохта, гуфт:“Вақте ки Лисиёси мириҳазор биёяд, кори шуморо тафтиш хоҳам кард“.
  14. Ва ба мирисад амр фармуд, ки Павлусро дар бандихона нигоҳ дорад, лекин ба ў сабукӣ диҳад ва ба ҳеҷ касе аз наздиконаш, ки барои хизмат ё мулоқоти ў меоянд, монеъ нашавад.

Павлус  бори  дуюм  ба  ҳузури  Феликс.

  1. Баъд аз чанд рўз Феликс бо ҳамсари худ Друсила, ки занаки яҳудӣ буд, омад ва Павлусро даъват намуда, суханони ўро дар бораи имон ба Масеҳ гўш кард.
  2. Аммо вақте ки ў дар бораи адолат, парҳезгорӣ ва доварии оянда сухан меронд, Феликс ба ҳарос афтода, ҷавоб дод:“Алҳол бирав, ва ҳар гоҳ фурсат ёбам, боз туро даъват хоҳам кард“.
  3. Дар айни ҳол вай умедвор буд, ки Павлус ба вай пул медиҳад, то ки ўро озод кунад; бинобар ин ўро дам ба дам даъват намуда, бо ў мусоҳиба мекард.

Ду  соли  оромӣ  дар  Қайсария.

  1. Лекин баъд аз гузаштани ду сол Поркиюс Фестус ба ҷои Феликс таъин шуд, ва Феликс, ки мехост яҳудиёнро хурсанд созад, Павлусро дар зиндон нигоҳ дошт.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s