Аъмол боби 23

Павлус  ба  ҳузури  шўрои  пирон.

  1. Павлус ба шўрои пирон назар дўхта, гуфт:“Эй бародарон! Ман то имрўз дар ҳузури Худо бо виҷдони пок рафтор кардаам“.
  2. Саркоҳин Ҳанониё ба онҳое ки назди ў истода буданд, фармон дод, ки ба даҳонаш як торсакӣ зананд.
  3. Павлус ба вай гуфт:“Худо туро хоҳад зад, эй девори сафедшуда! Ту нишастаӣ, ки маро аз рўи шариат доварӣ кунӣ, вале бар хилофи шариат амр медиҳӣ, ки маро бизананд“.
  4. Онҳое ки назди ў истода буданд, гуфтанд:“Саркоҳини Худоро дашном медиҳӣ?“.
  5. Павлус гуфт:“Эй бародарон, ман надонистам, ки вай саркоҳин аст; зеро ки навишта шудааст:’’Ба пешвои қавми худ носазо нагўй’’„.
  6. Вақте ки Павлус фаҳмид, ки як қисми онҳо саддуқиён ва қисми дигарашон фарисиён мебошанд, дар шўрои пирон нидокунон гуфт:“Эй бародарон! Ман фарисӣ ва фарзанди фарисӣ ҳастам, ва аз умеди эҳьёи мурдагон дар ин ҷо муҳокима карда мешавам“.
  7. Ҳамин ки ин суханонро гуфт, дар миёни фарисиён ва саддуқиён низоъ афтод, ва аҳли ҷамъомад ду тақсим шуданд;
  8. Зеро ки саддуқиён мегўянд, ки на эҳьё вуҷуд дорад, на фаришта ё рўҳ, аммо фарисиён ин ҳар дуро эътироф менамоянд.
  9. Ғавғои азиме ба амал омад, ва китобдонони фирқаи фарисиён бархоста, баҳскунон гуфтанд:“Мо дар ин шахс ҳеҷ бадӣ намебинем; ва агар рўҳе ё фариштае ба вай сухан гуфта бошад, ба Худо муқобилат нахоҳем кард“.
  10. Аммо аз баски ихтилоф қувват гирифт, мириҳазор аз хавфи он ки Павлусро тикка-тикка кунанд, ба сарбозон фармон дод, ки ўро аз миёни онҳо гирифта, ба қалъа дарорад.
  11. Ҳамон шаб Худованд ба ў зоҳир шуда, гуфт:“Устувор бош, Павлус, ва чӣ тавре ки дар Ерусалим дар ҳаққи Ман шаҳодат додӣ, дар Рум низ бояд ҳамон тавр шаҳодат диҳӣ“.

Суиқасти  яҳудиён  ба  муқобили  Павлус.

  1. Чун чашми рўз кушода шуд, баъзе аз яҳудиён забон як карда, қасам хўрданд, ки то Павлусро накушанд, ба ҳеҷ хўрданӣ ва нўшиданӣ лаб назананд;
  2. Шумораи онҳое ки чунин аҳд карда буданд, бештар аз чиҳил нафар буд;
  3. Онҳо назди саркоҳинон ва пирон рафта, гуфтанд:“Мо савганд ёд кардем, ки то Павлусро накушем, чизе начашем;
  4. Акнун шумо ва шўрои пирон ба мириҳазор хабар диҳед, ки фардо ўро назди шумо бароварад, гўё ки мехоҳед кори ўро аниқтар дида бароед; ва мо тайёр ҳастем, ки ўро, пеш аз наздик омаданаш, бикушем“.
  5. Аммо хоҳарзодаи Павлус аз қасди онҳо воқиф шуд ва рафта, ба қалъа даромад ва Павлусро хабардор кард.
  6. Павлус яке аз мирисадҳоро даъват намуда, гуфт:“Ин ҷавонро назди мириҳазор бибар, зеро чизе дорад, ки ба ў бигўяд“.
  7. Вайро гирифта, назди мириҳазор бурд ва гуфт:“Павлуси бандӣ маро даъват намуда, хоҳиш кард, ки ин ҷавонро назди ту биёрам, зеро чизе дорад, ки ба ту бигўяд“.
  8. Мириҳазор дасти вайро гирифта, ба хилватгоҳе бурд, ва пурсид:“Чӣ чиз аст, ки мехоҳӣ ба ман бигўӣ?“.
  9. Гуфт:“Яҳудиён маслиҳатро ба як ҷо мондаанд, ки аз ту хоҳиш кунанд, то Павлусро фардо назди шўрои пирон барорӣ, гўё ки онҳо мехоҳанд кори ўро аниқтар тафтиш намоянд;
  10. Аммо ту ба онҳо гўш надеҳ, зеро ки бештар аз чиҳил нафарашон дар сари роҳи ў камин сохтаанд ва савганд ёд кардаанд, ки то ўро накушанд чизе нахўранд ва нанўшанд; ва ҳоло онҳо тайёр шуда, мунтазири фармоиши ту истодаанд“.
  11. Мириҳазор ҷавонро ҷавоб дода, гуфт:“Ба ҳеҷ кас нагў, ки маро аз ин роз хабар кардаӣ“.

Павлус  ба  Қайсария  назди  Феликс  фиристода  шуд.

  1. Сонӣ ду мирисадро даъват намуда, гуфт:“Дусад сарбоз ва ҳафтод савора ва дусад найзаандозро омода кунед, то ки имшаб соати сеюм ба Қайсария биравед.
  2. Инчунин маркабҳо ҳозир кунед, то ки Павлусро савор карда, ба саломатӣ назди Феликси ҳоким равона намоед“.
  3. Ў номае ба ин мазмун навишт:
  4. „Клавдиюс Лисиёс ба мўҳтарам Феликси ҳоким салом мерасонад;
  5. Ин одамро яҳудиён дасргир карда буданд ва қасди куштани ўро доштанд; чун фаҳмидам, ки фуқарои Рум аст, бо сарбозон рафта, аз дасташон раҳонидам;
  6. Азбаски хостам бидонам, ки бар ў чӣ даъво доранд, ўро ба шўрои пирони онҳо овардам
  7. Ва донистам, ки ўро дар ақидаҳои баҳсноки оид ба шариаташон айбдор мекунанд, вале ў ҳеҷ коре накардааст, ки сазовори марг ё ҳабс бошад;
  8. Чун ба гўшам расид, ки яҳудиён қасди ҷони ин одам доранд, фавран ўро назди ту фиристодам ва ба даъвогаронаш низ амр фармудам, ки даъвоҳои худро дар ҳаққи ў дар ҳузури ту баён кунанд; вассалом“.
  9. Сарбозон мувофиқи дастуре ки ба онҳо дода шуд, Павлусро гирифта, шабона ба Антипотрис бурданд.
  10. Ва рўзи дигар ба саворон вогузор карданд, ки бо ў бираванд, ва худашон ба қалъа баргаштанд.
  11. Ҳамин ки онҳо ба Қайсария расиданд, номаро ба дасти ҳоким супурда, Павлусро низ назди ў ҳозир сохтанд.
  12. Ҳоким номаро хонда, пурсид, ки ў аз кадом вилоят аст, ва чун фаҳмид, ки аз Қилиқия аст, гуфт:
  13. „Вақте ки даъвогарони ту ҳозир шаванд, сухани туро хоҳам шунид“. Ва амр фармуд, ки ўро дар сарбозхонаи Ҳиродус нигоҳ доранд.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s