Аъмол боби 22

Ба  ҳузури  мардуми  бисьёр  худро  ҳимоя  кардани  Павлус.

  1. „Эй бародарон ва эй падарон! Он чиро, ки пеши шумо барои муҳофизати худ арз менамоям, гўш кунед“
  2. Чун шуниданд, ки ба онҳо ба забони ибронӣ сухан мекунад, боз зиёдтар хомўш шуданд. Ў гуфт:
  3. Ман яҳудӣ ҳастам, ки дар Тарсуси Қилиқия таваллуд шудаам ва дар ин шаҳр дар хизмати Ҷамлиил тарбият ёфтаам ва шариати падаронро бодиққат омўхатаам ва дар роҳи Худо ғаюр будам, чунон ки ҳамаи шумо имрўз ҳастед.
  4. Ва ин тариқатро то ба дараҷаи марг тақиб менамудам ва мардону занонро побанд карда, дар зиндон меандохтам;
  5. Дар бораи ман саркоҳин ва ҳамаи пирон низ шаҳодат хоҳанд дод, ки ман аз онҳо номаҳо гирифта, ба Димишқ назди бародарон рафта будам, то ки дар он ҷо масеҳиёнро бандӣ карда, барои ҷазо ба Ерусалим биёрам;
  6. Аммо дар аснои роҳ, вақте ки ба Димишқ наздик меомадам, қариби пешин баногоҳ нури азиме аз осмон давродаври ман дурахшид;
  7. Бар замин афтодам ва овозе шунида, ки ба ман мегуфт:’’Шоул, Шоул! Барои чӣ Маро таъқиб мекунӣ?’’
  8. Ба ҷавоб гуфтам:“‘‘Худовандо, Ту кистӣ?’’ Ў ба ман гуфт:’’Ман Он Исои Носирӣ ҳастам, ки ту Ўро таъқиб мекунӣ’’.
  9. Онҳое ки ҳамроҳи ман буданд, нурро дида, ҳаросон шуданд, вале овози Он Касеро, ки бо ман сухан мегуфт, намешуниданд.
  10. Он гоҳ ман гуфтам:’’Худовандо! Чӣ кунам!’’Худованд ба ман гуфт:’’Бархез ва ба Димишқ биравм ва дар он ҷо ҳар коре ки бояд бикунӣ, ба ту гуфта хоҳад шуд’’.
  11. Азбаски ман аз дурахши он нур нобино шуда будам, ҳамроҳонам аз дастам гирифта, ба Димишқ бурданд.
  12. Ҳанониё ном Марди порсои шариат, ки дар миёни ҳамаи яҳудиёни сокини Димишқ некном буд,
  13. Назди ман омада, истоду ба ман гуфт:“Эй бародар Шоул! Бино шав“.Дарҳол чашмонам кушода шуду ман ўро дидам.
  14. Ў гуфт:’’Худои падарони мо туро баргузидааст, то ки иродаи Ўро дарк намоӣ ва Он Одилро бубинӣ ва аз забонаш сухане бишнавӣ,
  15. Чунки аз он чи дидаӣ ва шунидаӣ, дар пеши тамоми мардум шоҳиди Ў хоҳӣ шуд;
  16. Пас, чаро таъхир мекунӣ? Бархез ва таъмид бигир ва исми Ўро хонда, аз гуноҳҳои худ пок шав’’
  17. Вақте ки ба Ерусалим баргаштам, дар маъбад дуо мегуфтам, дар ҳолати бехудӣ афтодам
  18. Ва Ўро дидам, ки мегуфт:’’Шитоб намо ва аз Ерусалим зудтар равона шав, чунки шаҳодати туро дар ҳаққи Ман қабул нахоҳанд кард’’.
  19. Гуфтам:’’Худовандо! Онҳо медонанд, ки ман мўъминони Туро дар зиндон меандохтам ва дар куништҳо шаллоқ мезадам,
  20. Ва ҳангоме ки хуни шоҳиди Ту истефанусро мерехтанд, ман дар он ҷо истода, қатли ўро таҳсин менамудам ва либосҳои қотилони ўро посбонӣ мекардам’’.
  21. Аммо Ў ба ман гуфт:’’Равона шав, зеро ки Ман туро ба ҷойҳои дур сўи ғайрияҳудиён хоҳам фирстод’’.
  22. То ҳамин суханаш ба ў гўш доданд; сонӣ фарьёд зада, гуфтанд:“Чунин шахсро аз рўи замин маҳв кунед! Зеро ки набояд ў зинда бимонад“.
  23. Дар ҳамон вақте ки онҳо дод мезаданд, ҷомаҳои худро мепартофтанд ва чангу ғубор ба ҳаво мебардоштанд.
  24. Мириҳазор амр фармуд, ки ўро ба қалъа дароварда, тозиёна зананд, то фаҳманд, ки аз чӣ сабаб бар ў инқадар фарьёд мезананд.
  25. Вақте ки ўро бо тасмаҳо мебастанд, ба мирисаде ки наздаш истода буд, гуфт:“Оё бар шумо ҷоиз аст, ки табааи Румиро, бе он ки маҳкум шуда бошад, тозиёна занед?“
  26. Чун мирисад инро шунид, назди мириҳазор рафта, хабар дод ва гуфт:“Оё медонӣ, чӣ мекунӣ? Ин шахс табааи Рум аст“
  27. Мириҳазор назди ў омада, пурсид:“Ба ман бигўй, ки оё ту табааи Рум ҳастӣ?“ Гуфт:“Оре“.
  28. Мириҳазор гуфт:“Ман ин табаиятроба бадали маблағи калоне ба даст овардаам“. Павлус гуфт:“Аммо ман бо он ба дуньё омадаам“.
  29. Дарҳол онҳое ки ўро шиканҷа карданӣ буданд, аз ў даст кашиданд; мириҳазор низ румӣ будани ўро фаҳмида, ҳаросон шуд, ки ўро занҷир зада буд.
  30. Рўзи дигар, бо мақсади донистани он ки барои чӣ яҳудиён ўро айбдор мекунанд, ўро аз завлона озод кард ва амр фармуд, ки саркоҳинон ва тамоми шўрои пирон ҷамъ шаванд, ва Павлусро бароварда, назди онҳо ба по хезонд.

© IBT 1992

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s