Аъмол боби 21

Аз  Милитус  ба  Сўр.

  1. Бо онҳо хайру маъзур карда, бо киштӣ равона шудем ва рост ба Кос омадем; рўзи дигар ба Русд ва аз он ҷо ба Потра расидем;
  2. Дар он ҷо киштие ёфтем, ки ба Финиқия рафтанӣ буд, ва ба он савор шуда, ҳаракат кардем.
  3. Қаприсро, ки аз дур намоён шуд, ба тарафи чап монда, сўи Сурия равона шудем ва дар Сўр лангар андохтем, зеро ки дар он ҷо мебоист бори киштиро мефуроварданд.

Рўҳулқудс  Павлусро  аз  сафари  Ерусалим  нигоҳ  медорад.

  1. Дар он ҷо шогирдонро пайдо карда, ҳафт рўз истодем; онҳо аз рўҳ илҳом ёфта, ба Павлус гуфтанд, ки ба Ерусалим наравад.
  2. Чун вақти мо ба охир расид, боз ба роҳ даромадем, ва ҳама бо занону бачаҳошон моро то беруни шаҳр гусел карданд; мо дар соҳили баҳр зону зада, дуо гуфтем,
  3. Ва бо ҳамдигар хайру хуш карда, ба киштӣ даромадем, ва онҳо ба хонаҳои худ баргаштанд.
  4. Аз Сўр сафари худро бо киштӣ давом додем, ба Птолимус расидем ва дар он ҷо бо бародарон мулоқот карда, як рўз дар наздашон истодем.

Павлус  дар  Қайсария.

  1. Рўзи дигар Павлус ва мо, ки ҳамроҳаш будем, он ҷоро тарк карда, ба Қайсария омадем ва ба хонаи Филлипуси башоратдиҳанда, ки яке аз ҳафт нафар буд, даромада, назди ў мондем.
  2. Ў чор духтари бокира дошт, ки нубувват мекарданд.
  3. Баъд аз чандин рўзре ки дар он ҷо будем, Оғобус ном набие аз яҳудо омад.
  4. Ва назди мо даромада, камарбанди Павлусро гирифту дастҳо ва пойҳои худро баст ва гуфт:“Рўҳулқудс мегўяд, ки яҳудиён дар Ерусалим соҳиби ин камарбандро ҳамин тавр баста, ба дасти ғайрияҳудиён хоҳанд супурд“.
  5. Вақте ки инро шунидем, мо ва аҳли он ҷо илтимос кардем, ки ў ба Ерусалим наравад.
  6. Аммо Павлус дар ҷавоб гуфт:“Ин чӣ корест, ки шумо мекунед? Чаро бо гирьяи худ дили маро мешиканед? Зеро ки тайёр ҳастам на танҳо бандӣ шавам, балки дар Ерусалим ба хотири исми Исои Худованд бимирам“.

Павлус  дар  Ерусалим.

  1. Чун ба гапи мо надаромад, ба ҷуз ин сухан:’’Он чи хости Худованд аст, бишавад!’’чизи дигаре нагуфтем.
  2. Баъд аз он рўзҳо мо тадоруки сафарро дида, сўи Ерусалим равона шудем;
  3. Баъзе аз шогирдони сокини Қайсария низ ҳамроҳи мо омада, моро ба хонаи Маносўн ном шахсе ки аз аҳли Қаприс ва шогирди дерина буд, оварданд, то ки назди ў манзил кунем.
  4. Вақте ки вориди Ерусалим шудем, бародарон моро бо хурсандӣ пазироӣ карданд.

Павлус  мувофиқи  шариати  яҳудиён  назр  мекунад  ва  ҳадияи  таҳоратро  меоварад.

  1. Рўзи дигар Павлус ҳамроҳи мо назди Яъқуб омад; ҳамаи пирон низ ҳозир шуданд.
  2. Пас аз салому аҳволпурсӣ аз он чи Худо ба василаи хизмати ў дар миёни ғайрияҳудиён ба амал оварда буд, муфассал нақл кард.
  3. Чун шуниданд, Худоро ҳамду сано хонданд ва ба ў гуфтанд:“Эй бародар, чунон ки мебинӣ, чандин ҳазор яҳудиён имон овардаанд ва ҳамаашон ғаюри шариат мебошанд;
  4. Онҳо дар бораи ту шунидаанд, ки ба ҳамаи яҳудиёне ки дар миёни халқҳо умр ба сар мебаранд, таълим медиҳӣ, ки аз Мусо дур шаванд, ва мегўӣ, ки писарони худро хатна накунанд ва қоидаҳои шариатро ба ҷо наоваранд.
  5. Пас, чӣ бояд кард? Албатта мардум ҷамъ хоҳанд шуд, зеро ки аз омаданат хабар хоҳанд ёфт.
  6. Бинобар ин он чи ба ту мегўем, ба ҷо овар: назди мо чор одам ҳастанд, ки назре кардаанд;
  7. Онҳоро бо худ гирифта, ҳамроҳашон таҳорат намо ва харҷашонро ба гарданат бигир, то ки онҳо мўйсари худро битарошанд, ва ҳама хоҳанд фаҳмид, ки он чи дар бораи ту шунидаанд, асосе надорад, балки худат ҳам мувофиқи шариат рафтор мекунӣ.
  8. Лекин дар хусуси онҳое ки аз байни ғайрияҳудиён имон овардаанд, мо навишта ва амр фармуда будем, ки ба чизе риоя накунанд, балки фақат аз қурбониҳои бутҳо, аз хун, аз гўшти буғишуда ва аз зино парҳез намоянд“.
  9. Павлус он одамонро бо худ гирифта, ҳамроҳашон таҳорат намуд ва рўзи дигар ба маъбад даромад ва анҷоми рўзҳои таҳоратро, ки бояд барои ҳар яке аз онҳо ҳадияе пешкаш карда шавад, эълон кард.

Павлусро  яҳудиён  дар  маъбад  дастгир  карданд.

  1. Вақте ки ҳафт рўз ба охир мерасид, яҳудиёни аҳли вилояти Осиё ўро дар маъбад дида, тамоми мардумро ба шўр оварданд ва ба ў дасти тааддӣ дароз карданд
  2. Ва фарьёд зада, гуфтанд:“Эй мардони Исроил, мадад кунед! Ин ҳамон касест, ки ҳамаро дар ҳар ҷо бар зидди қавм ва шариат ва бар зидди ин макон таълим медиҳад, дар айни ҳол юнониҳоро низ ба маъбад дароварда, ин макони муқаддасро палид кардааст“.
  3. Зеро ки пеш аз ин онҳо Трофимуси эфсўсиро бо ў дар шаҳр дида буданд ва гумон карданд, ки Павлус вайро ба маъбад овардааст.
  4. Тамоми шаҳр ва ҷунбиш омад, мардуми бисьёре ҷамъ шуданд ва Павлусро дастгир карда, аз маъбад берун бароварданд ва дарҳол дарҳоро бастанд.
  5. Вақте ки онҳо қасти ҷони ў мекарданд, ба мариҳазори сипоҳ хабар расид, ки тамоми Ерусалим ба ошўб омадааст;
  6. Вай дарҳол сарбозон ва мирисадҳоро бо худ гирифта, сўи онҳо шитофтанд, ва ҳангоме ки онҳо мириҳазор ва сарбозонро диданд, аз задани Павлус даст кашиданд.

Павлусро  бо  ду  занҷир  мебанданд.

  1. Мириҳазор наздик омада, ўро дасгир кард ва амр фармуд, ки ўро бо ду занҷир бибанданд, ва пурсид, ки ин кист ва чӣ гуноҳе кардардааст?
  2. Аз байни издиҳом дод зада, баъзеҳо як чиз ва баъзеҳо чизи дигар мегуфтанд, ва азбаски вай аз боиси шўру ғавғо ҳақиқати ҳолро фаҳмида натавонист, фармон дод, ки ўро ба қалъа баранд.
  3. Вақте ки ў ба зинапоя расид, сарбозонро лозим омад, ки ба сабаби хашми мардум ўро бардошта баранд.
  4. Зеро ки мардуми бисьёре аз қафо омада, фарьёд мезаданд, ки’’ўро бикушед!’’
  5. Пеш аз он ки вориди қалъа шаванд, Павлус ба мириҳазор гуфт:“Оё ҷоиз аст ба ту чизе бигўям?“. Гуфт:“Оё забони юнониро медонӣ?“.
  6. „Оё ту ҳамон мисрие нестӣ, ки якчанд рўз пеш аз ин, фитнае барангехта, чор ҳазор одамкушро бо худ ба биёбон бурд?“.
  7. Павлус гуфт:“Ман яҳудӣ ҳастам, аз Тарсус, табааи Қилиқия, ки шаҳри машҳур аст; хоҳишмадам иҷозат бидеҳ, то ки ба мардум сухане гўям“.
  8. Вақте ки иҷозат дод, Павлус дар болои зина истода, бо дасташ ба мардум ишора кард, ва ҳамин ки хомўшии том бақарор гашт, ба забони ибронӣ ба сухан шурўъ намуда чунин гуфт:

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s