Аъмол боби 20

Павлус  дар  Мақдауния  ва  Юнон.

  1. Пас аз он ки ин шўру ғавғо хотима ёфт, Павлус шогирдонро даъват намуда, хайру маъзур кард ва ба Мақдуния равона шуд.
  2. Дар он ноҳия гашта, бисьёр насиҳат дод ва ба Юнон омад;
  3. Дар он ҷо се моҳ истод; азбаски яҳудиён ба муқобили ў ошўб бардоштанд, ў азми сафари Сурия кард ва ба фикре омад, ки бо роҳи Мақдуния гашта равад.
  4. То ба вилояти Осиё ҳамроҳи ў инҳо рафтанд: Супотрус аз аҳли Бирия, Ористархус ва Секундус аз аҳли Таслўхикӣ, Ғоюс аз Дарба, Тимотиюс ва аз мардуми Осиё Тўхиқўс ва Трофимус.
  5. Инҳо аз мо пештар рафта, дар Трўос мунтазири мо шуданд.

Павлус  дар  Трўос.

  1. Лекин мо пас аз айёми иди фатир аз Филиппӣ бо киштӣ рафтем ва баъд аз панҷ рўз ба Трўос назди онҳо расидем ва дар он ҷо ҳафт рўз истодем.
  2. Рўзи якшанбе, вақте ки шогирдон барои ноншикастан ҷамъ шуданд, Павлус, ки фардояш аз он ҷо рафтанӣ буд, бо онҳо мусоҳиба намуд, ва суханаш то нисфи шаб давом кард.
  3. Дар болохонае ки мо ҷамъ шуда будем, чароғҳои бисьёре месўхт.
  4. Офтихўс ном ҷавоне ки бар остонаи тиреза нишаста буд, ба пинак рафт, ва ҳангоме ки мусоҳибаи Павлус тўл мекашид, хоби сахташ бурда, баногоҳ аз ошьёнаи сеюм ба зер афтод, ва чун ўро бардоштанд, мурда буд.
  5. Павлус поён фуромада, худро болои ў партофт ва ўро оғўш гирифта, гуфт:“Хавотир накашед, зеро ки ҷони ў дар ўст“.
  6. Баъд боло баромад ва нонро шикаста, хўрд ва то субҳ гуфтугўи бисьёре карда, ба роҳи худ равона шуд.
  7. Дар ин миён он ҷавонро зинда оварданд, ва хотирашон хел осуда шуд.

Аз  Трўос  ба  Милитус.

  1. Мо зуд ба киштӣ савор шуда, ба Асўс рафтем, то ки аз он ҷо Павлусро ҳамроҳи худ бигирем, зеро ки ҳамин тавр амр фармуда буд, ва ў ният дошт ба он ҷо пиёда равад.
  2. Вақте ки дар Асўс ба мо вохўрд, ўро ҳамроҳи худ гирифта, ба Митилинӣ омадем.
  3. Аз он ҷо бо киштӣ равона шуда, рўзи дигар дар рў ба рўи Хиюс бозистодем; рўзи сеюм ба Сомўс расидем ва дар Труҷилиюн истода, фардои он вориди Милитўс шудем,
  4. Зеро ки Павлус ният дошт аз паҳлуи Эфсўс гузашта равад, то ки дар вилояти Осиё даранг накунад, чунки ў таъҷил менамуд, ки ба қадри имкон дар арафаи иди Пантикост дар Ерусалим бошад.

Павлус  дар  Милитус. Видоъ  бо  пирони  калисои  Эфсўс.

  1. Аз Милитус ба Эфсўс кас фиристода, пирони калисоро даъват намуд,
  2. Ва ҳангоме ки назди ў омаданд, ба онҳо гуфт:“Шумо медонед, ки аз рўзи аввали ба Осиё қадам монданам, дар тамоми вақте ки бо шумо будам, ман чӣ гуна рафтор кардам,
  3. Дар ҳолате ки бо каломи фурўтанӣ, бо ашкҳои бисьёр ва бо машаққатҳое ки ба туфайли дасисаҳои яҳудиён ба сарам меомад, ба Худованд хизмат кардам,
  4. Ва чӣ гуна ман ҳар чизеро, ки фоиданок буд, аз шумо дареғ надоштам, балки дар пеши тамоми мардум ва хона ба хона гашта, ба шумо мавъиза намудам ва таълим додам.
  5. Ва ба яҳудиён ва юнониён хотирнишон мекардам, ки назди Худо тавба кунанд ва ба Худованди мо Исои Масеҳ имон оваранд.
  6. Ва инак, ҳоло бо тақозои Рўҳ ба Ерусалим меравам ва аз он чи дар он ҷо ба сарам хоҳад омад, чизе намедонам,
  7. Ҷуз ин ки Рўҳулқудс дар ҳар шаҳр шаҳодат дода, мегўяд, ки занҷирҳои асорат ва уқубатҳо барои ман муҳайёст.
  8. Лекин ба ин чизҳо нигоҳ намекунам ва ҷони худро азиз намедорам, балки муроди ман фақат ин аст, ки вазифаи худро ва он хизмате, ки Исои Худованд ба ман супурдааст, яъне мавъизаи Инҷили файзи Худоро ба хушӣ анҷом диҳам.
  9. Ва алҳол инро медонам, ки ҳамаи шумо, ки дар байнатон гашта, Малакути Худоро мавъиза намудаам, дигар рўи маро нахоҳед дид.
  10. Бинобар ин имрўз ба шумо шаҳодат медиҳам, ки ман аз хуни ҳамаатон мубарро ҳастам,
  11. Зеро ки ҳеҷ як фурсатро аз даст надодаам, ки ба шумо тамоми иродаи Худоро бифаҳмонам.
  12. Пас, нигоҳбони худатон ва нигоҳбони тамомион рамае бошед, ки Рўҳулқдс шуморо барои назорат кардани он таъин намудааст, то ки Калисои Худоро, ки Ў бо Хуни Худ харидааст, бачаронед.
  13. Зеро ман медонам, ки баъд аз рафтани ман гургҳои дарранда ба миёни шумо хоҳанд омад, ки ба рама раҳме нахоҳанд кард;
  14. Аз миёни худатон низ шахсоне пайдо хоҳанд шуд, ки суханони каҷ хоҳанд гуфт, то ки шогирдонро аз ақиби худ бикашанд.
  15. Бинобар ин ҳушьёр бошед ва дар хотир нигоҳ доред, ки чӣ гуна ман дар давоми се сол, рўзонаю шабона ашк рехта, ҳар яке аз шуморо таълим додам.
  16. Акнун, эй бародарон, шуморо ба Худо ва ба каломи файзи Ў месупорам, ки қодир аст шуморо обод гардонад ва дар миёни ҳамаи муқаддасон ба шумо меросе бибахшад.
  17. Ман ба симу зар ё пероҳани касе чашм надўхтаам:
  18. Худатон медонед, ки ҳамин дастҳои ман барои таъмини эҳтиёҷоти худам ва ҳамроҳонам хизмат кардааст.
  19. Бо тамоми рафтори худ ман ба шумо нишон додаам, ки мо бояд ҳамин тавр меҳнат карда, нотавононро дастгирӣ намоем ва суханони Исои Худовандро дар хотир нигоҳ дорем, ки Ў гуфтааст:’’Додан аз гирифтан беҳтар аст’’„.
  20. Баъд аз гуфтани ин суханон зону зада, бо ҳамаашон дуо гуфт.
  21. Ҳама гирьяи бисьёр карданд ва Павлусро оғўш кашида, мебўсиданд.
  22. Алалхусус аз чунин суханони ў хеле ғамгин шуданд, ки гуфта буд:’’Рўи маро дигар нахоҳед дид’’. Ва ўро то киштӣ гуселонданд.

© IBT 1992

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s