Аъмол боби 2

Нозил  шудани  Рўҳулқудс.

  1. Вақте ки рўзи Пантикост фаро расид, ҳамаашон якдилона дар як ҷо ҷамъ омаданд;
  2. Баногоҳ ғулғулае, мисли садои тундбод, аз осмон баромад ва тамоми хонаро пур кард,
  3. Ва забонаҳои аз ҳам ҷудое, мисли забонаҳои оташ, ба онҳо зоҳир шуда, якто-якто бар ҳар яке аз онҳо қарор гирифт.
  4. Ҳамаашон аз Рўҳулқудс пур шуданд, ва чун Рўҳ ба онҳо қудрати такаллум бахшид, ба забонҳои дигар-дигар ба сухан гуфтан шурўъ карданд.
  5. Дар Ерусалим яҳудиён, одамони Худотарсе ки аз ҳар халқи зери осмон буданд, сукунат доштанд.
  6. Ҳангоме ки он ғулғула баланд шуд, мардуми бисьёре ҷамъ омада, дар ҳайрат афтоданд, зеро ки ҳар кас ба забони худаш сухани онҳоро мешунид.
  7. Ва ҳама моту мабҳут ва мутааҷҷиб шуда, ба якдигар мегуфтанд:“Оё ҳамаи инҳо, ки гап мезананд, ҷалилӣ нестанд?
  8. Пас чӣ гуна ҳар яке аз мо суханони онҳоро ба забони зодгоҳи худ мешунавем?
  9. Мо, ки потиён ва модиён ва эломиён, ва сокинони байнаннаҳрайн, Яҳудо ва Қаппадукия, Понтус ва вилояти Осиё,
  10. Фриҷия ва Памфилия, Миср ва ноҳияи Либия, ки дар наздикии Қурин аст, ва зиёратчиёни румӣ, ҳам яҳудиён ва ҳам онҳое ки чанде пеш дини яҳудиро қабул кардаанд,
  11. Ва аҳли Крит ва Арабистон ҳастем, суханони инҳоро аз кибриёи Худо ба забонҳои худ мешунавем“.
  12. Ҳама мутааҷҷиб шуда ва дар ҳайрат афтода, ба якдигар мегуфтанд:“Ин чӣ маъно дорад?“
  13. Вале баъзе касон истеҳзокунон мегуфтанд:“Инҳо май хўрда, маст шудаанд“.

Мавъизаи  Петрус.

  1. Он гоҳ Петрус, бо он ёздаҳ нафар, бархоста ва овози худро баланд карда, ба онҳо гуфт:“Эй мардуми Яҳудо ва ҳамаи сокинони Ерусалим! Инро бидонед, ва суханони маро гўш кунед:

1. Ба амал омадани  нубуввати  Юил.

  1. Инҳо маст нестанд, чунон ки шумо гумон мекунед, зеро ки ҳоло соати сеи рўз аст,
  2. Балки ин ҳамон чиз аст, ки Юили набӣ гуфтааст:
  3. ‘‘Ва дар рўзҳои охир, мегўяд Худо, чунин хоҳам кард: Рўҳи Худро бар тамоми башар хоҳам рехт, ва писарону духтарони шумо нубувват хоҳанд кард, ва ҷавонони шумо рўъёҳо ва пирони шумо хобҳо хоҳанд дид;
  4. Ва ҳатто бар ғуломону канизони Худ дар он рўзҳо Рўи Худро хоҳам рехт, ва онҳо нубувват хоҳанд кард;
  5. Ва аз боло дар осмон мўъҷизот ва аз поён дар замин аломот: хун ва оташ бухороти дуд ва зуҳур хоҳам овард:
  6. Пеш аз он ки рўзи азиму пуршукўҳи Худованд фаро расад, офтоб ва моҳ ба хун мубаддал хоҳад шуд;
  7. Ва чунин хоҳад шуд, ҳар кӣ исми Худовандро бихонад, наҷот хоҳад ёфт’’„

2. Аъмоли Исо исбот  менамояд,  ки  Ў  Худованд  Худост.

  1. Эй мардони Исроил! Ба ин суханон гўш диҳед: Исои Носирӣ Марде буд, ки назди шумо аз ҷониби Худо бо қувваҳо ва мўъҷизот ва аломоте ки Худо дар миёни шумо ба василаи Ў содир кард, ба субут расид, чунон ки худатон низ медонед;
  2. Ўро, ки аз рўи маслиҳати муайян ва огоҳии пешакии Худо таслим карда шуд, шумо бо дасти бадкирдорон бар салиб мехкўб карда куштед;
  3. Вале Худо завлонаи маргро шикаста, Ўро эҳьё кард, зеро ғайроимкон буд, ки марг Ўро дар қайдаш нигоҳ дорад“.

3. Довуд пешгўи кардааст,  ки  Масеҳ  баъд  аз  эҳьё  Подшоҳ  хоҳад  шуд.

  1. Зеро ки Довуд дар ҳаққи Ў мегўяд:’’Худовандро ҳамеша пеши назари худ медидам, зеро ки Ў ба ямини ман аст, то ки фирў нағалтам;
  2. Ба ин сабаб дилам шод шуд, ва забонам ба ваҷд омад; ҳатто ҷисмам дар умед сокин хоҳад шуд.
  3. Зеро ки ҷони маро дар дўзах нахоҳӣ андохт, ва нахоҳӣ гузошт, ки ки қудусси Ту фаноро бубинад.
  4. Тариқи ҳаётро ба ман омўхтаӣ ва бо ҳузури Худ маро аз шодӣ пур хоҳӣ кард’’.
  5. Эй бародарон! Изн мехоҳам, то ки ҷуръат намуда, ба шумо дар бораи падари мо Довуд бигўям, ки ў вафот ёфта, дафн карда шудааст, ва қабраш то имрўз дар миёни мо боқист;
  6. Азбаски ў пайғамбар буд ва медонист, ки Худо барои ў қасам ёд кардааст, ки аз насли ў Масеҳро ба миён оварад, то ки дар тахти ў бинишонад.
  7. Бинобар ин дар бораи эҳьёи Масеҳ пешбинӣ карда, гуфт, ки ҷони Ў дар дўзах намонад, ва ҷисми Ў фаноро надид“.

4. Исои маслушуда худованд  ва Масеҳ  аст.

  1. Ҳамин Исоро Худо эҳьё кард, ва ҳамаи мо шоҳидони он ҳастем.
  2. Акнун, ки Ў ба ямини Худо боло бурда шудааст, ваъдаи Рўҳулқудсро аз Падар ёфта, он чиро, ки шумо дида ва шунида истодаед, фурў рехтааст.
  3. Зеро ки Довуд ба осмон набаромад, вале худаш мегўяд:’’Худованд ба Худованди ман гуфт: ба ямини Ман бинишин,
  4. То ки душманонатро зери пои Ту андозам’’.
  5. Пас, эй тамоми хонадони Исроил, яқинан бидонед, ки Худо Ҳамин Исоро, ки шумо маслуб кардед, Худованд ва Масеҳ гардонидааст“.

Калисои  нахустин.

  1. Чун шуниданд далер шуда, ба Петрус ва ҳамаи ҳаввориёни дигар гуфтанд:“Эй бародарон, мо акнун чӣ кунем?“
  2. Петрус ба онҳо гуфт:“Тавба кунед, ва ҳар яке аз шумо ба исми Исои Масеҳ барои омурзиши гуноҳҳо таъмид бигиред, ва атои Рўҳулқудсро хоҳед ёфт;
  3. Зеро ки ин ваъда барои шумо ва фарзандони шумо ва барои ҳамаи онҳоест, ки дур ҳастанд, яъне барои ҳар касе ки Худованд Худои мо ўро бихонад“.
  4. Ў бо бисьёр суханони дигар ба онҳо шаҳодат медод ва мавъиза намуда, мегуфт:“Худро аз ин насли каҷрав раҳо кунед!“
  5. Пас онҳое ки каломи ўро бо рағбат қабул карданд, таъмид гирифтанд, ва дар ҳамон рўз тақрибан се ҳазор нафар ба онҳо ҳамроҳ шуданд,
  6. Ва онҳо бо шунидани таълими ҳаввориён, бо мушоракати онҳо, бо шикастани нон ва бо дуо гуфтан машғул буданд.
  7. Ҳама саросар ба ҳарос афтода буданд, ва бисьёр мўъҷизот ва аломот аз дасти ҳаввориён дар Ерусалим ба амал омад.
  8. Ҳамаи имондорон бо ҳам муттаҳид ва дар ҳама чиз шарик буданд:
  9. Молу мулки худро мефурўхтанд ва ба ҳама, мувофиқи эҳтиёҷи ҳар кас, тақсим мекарданд;
  10. Ҳар рўз якдилона дар маъбад ҷамъ мешуданд ва дар хонаҳои худ нон шикаста, бо дилхушӣ ва самимият бо ҳам хўрок мехўраданд,
  11. Худоро ҳамду сано мехонданд ва дар миёни тамоми мардум меҳру муҳаббат пайдо мекарданд, ва Худованд ҳар рўз касонеро, ки наҷот меёфтанд, ба аҳли калисо меафзуд.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s