Аъмол боби 19

Павлус  дар  Эфсўс. Шогирдони  Яҳьё  масеҳӣ мешаванд.

  1. Дар он замоне ки Апўллўс дар Қўринт буд, Павлус дар кишварҳои боло гардиш карда, ба Эфсўс расид ва дар он ҷо шогирдонро ёфт.
  2. Ба онҳо гуфт:“Оё вақте имон овардед, Рўҳулқудсро қабул кардед?“ Ба ў гуфтанд:“Ҳатто нашунидаем, ки Рўҳулқудс вуҷуд дорад“.
  3. Ба онҳо гуфт:“Пас чӣ навъ таъмид гирифтед?“Гуфтанд:“Таъмиди Яҳьё“.
  4. Павлус гуфт:“Таъмиде ки Яҳьё медод, таъмиди тавба буд, ва ў ба мардум мегуфт:’’Ба Он Касе ки баъд аз ман меояд, яъне ба Исои Мсеҳ имон оваред’’„.
  5. Чун инро шуниданд, ба исми Исои Худованд таъмид гирифтанд,
  6. Ва ҳангоме ки Павлус дастҳои худро бар сари онҳо ниҳод, Рўҳулқудс бар онҳо нозил шуд, ва ба забонҳо сухан ронда, нубувват карданд.
  7. Онҳо тақрибан дувоздаҳ нафар буданд.

Павлус  дар  куништ  ва  дар  мадрасаи  Тиронус  дар  Эфсўс.

  1. Муддати се моҳ ў ба куништ даромада, нотарс мавъиза менамуд ва дар бораи Малакути Худо мусоҳиба мекард ва далелҳо меовард.
  2. Вале азбаски баъзе касон сахтдил буданд ва имон намеоварданд ва дар ҳаққи ин тариқат дар пеши мардум бадзабонӣ мекарданд, бинобар ин аз онҳо худро канор гирифта, шогирдонро ҷудо кард ва ҳар рўз дар мадрасаи Тиронус ном шахсе мавъиза менамуд.
  3. Ин тақрибан ду сол давом кард, ба тавре ки ҳамаи сокинони вилояти Осиё, ҳам яҳудиён ва ҳам юнониён, каломи Исои Худовандро шуниданд.

Мўъҷизоте  ки  Павлус  ба  амал  овардааст.

  1. Худо ба василаи Павлус мўъҷизоти бузурге ба амал меовард,
  2. То ба ҳадде ки дастмолҳо ва фўтаҳои ба бадани ў расидаро бурда, бар беморҳо мегузоштанд, ва бемории онҳо нест мешуд, ва авроҳи хабис аз онҳо берун мерафт.
  3. Ҳатто баъзе аз азоимхонҳои оворагарди яҳудӣ ҳам бар онҳое ки мубталои рўҳи хабис буданд, исми Исои Худовандро зикр карда, мегуфтанд:“Шуморо ба Исое ки Павлус мавъиза менамояд, қасам медиҳем“.
  4. Ҳафт нафар писарони Искиво ном шахсе ки яке аз саркоҳинони яҳудӣ буд, ҳамин тавр амал мекарданд.
  5. Аммо рўҳи хабис дар ҷавоби онҳо гуфт:“Исоро мешиносам, Павлусро низ медонам, лекин шумо кистед?“
  6. Марде ки рўҳи хабис дошт, бо чунон қуввате ба онҳо дарафтод, ки ҳама мағлуб шуданд ва дар ҳолате ки бараҳна ва маҷрўҳ буданд, аз хона гурехтанд.
  7. Ин воқеа ба гўши ҳамаи яҳудиён ва юнониёни сокини Эфсўс расида, ҳамаро ба ҳарос андохт, ва исми Исои Худованд дар миёни онҳо бештар иззату икром пайдо кард;
  8. Бисьёре аз имондорон омада, аъмоли худро иқрор ва ошкор мекарданд;
  9. Бисьёре аз онҳо ки ба ҷодигарӣ машғул буданд, китобҳои худро оварда, дар пеши назари ҳама сўзонданд; вақте ки арзиши онҳро ҳисоб карданд, маълум шуд, ки баробари панҷоҳ ҳазор дирҳам аст.
  10. Каломи Худо ҳамин тавр қувват мегирифт ва интишор меёфт.
  11. Пас аз анҷоми ин чизҳо, Павлус дар дили худ азм кард, ки аз Мақдуния ва Охоия гузашта, ба Ерусалим биравад, ва гуфт:“Баъд аз рафтанам ба он ҷо, Румро низ бояд бубинам“.
  12. Аз мулозимонаш ду нафарро, яъне Тимотиюс ва Арастусро, ба Мақдуния равонакарда, худаш муддате дар вилояти Осиё бимонд.

Ба  шўр  омадани  нуқрагарон  дар  Эфсўс.

  1. Дар он замон исьёни азиме бар зидди тариқи Худованд рўй дод;
  2. Зеро ки Димитриюс ном нуқрагаре ки тасвирҳои нуқрагини маъбади Артамисро месохт ва ба ин васила ба санъатгарон фоидае калоне мерасонд,
  3. Онҳоро, ҳамчунин ҳунармандони дигарро ҷамъ оварда, гуфт:“Эй мардумон! Шумо медонед, ки некўаҳволии мо аз пушти ҳамин ҳунар аст,
  4. Ва шумо дида ва шунида истодаед, ки на танҳо дар Эфсўс, балки қариб дар тамоми вилояти Осиё ин Павлус мардуми бисьёрро иғво андохта, гумроҳ кардааст, ва мегўяд:’’Чизҳои сохтаи дасти инсон худо нестанд’’.
  5. Пас, хавфи он аст, ки на танҳо ҳунари мо аз байн равад, балки ин маъбади олиҳаи мо Артамис низ беэътибор шавад, ва ҳашамати вай, ки тамоми вилояти Осиё ва аҳли олам парастишаш мекунанд, беқурб гардад“.
  6. Вақте ки ин суханонро шуниданд, онҳо хеле ба хашм омада, фарьёд заданд:“Бузург аст Артамиси эфсўсиён!“.
  7. Тамоми шаҳр ба шўр омада, ҳама якдилона сўи тамошохона тохтанд ва Ғоюс ва Ористархусро, ки аз аҳли Мақдуния ва ҳамроҳони Павлус буданд, дастгир карда, бо худ кашида бурданд.
  8. Павлус мехост, ки ба миёни мардум дарояд, аммо шогирдон ўро намонданд;
  9. Ҳамчуни баъзе аз сардорони вилояти Осиё, ки дўстонаш буданд, назди ў кас фиристода, таъкид карданд, ки ба тамошохона набиёяд.
  10. Дар ин миён баъзе касон дод зада, чизе мегуфтанд, касони дигар чизи дигаре; зеро ки ҷамоат ошуфтаҳол буданд ва аксари онҳо намедонистанд, ки барои чӣ ҷамъ шудаанд.
  11. Аз миёни издиҳом Искандарро кашола карданд, чунки яҳудиён ўро пеш андохта буданд, ва Искандар бо дасташ ишора намуда, хост барои муҳофизати худ ба мардум сухане бигўяд.
  12. Аммо, чун яҳудӣ буданашро донистанд, ҳама бо як овоз дод заданд ва қариб ду соат нидо мекарданд:“Бузург аст Артимиси эфсўсиён!“.
  13. Нозири низом мардумро сокит карда, гуфт:“Эй мардуми Эфсўс! Кӣ намедонад, ки шаҳри Эфсўс парастандаи маъбади Артамиси олиҳаи бузург ва ҳайкали аз осмон нозилшудаи вай мебошад?
  14. Модоме ки ин баҳснопазир аст, шуморо лозим аст, ки ором бошед ва рафтори бемулоҳизае накунед;
  15. Зеро ин шахсоне ки шумо овардаед, на тороҷкунандагони маъбаданд ва на дар ҳаққи олиҳаи шумо сухани куфромез гуфтаанд;
  16. Агар Дмитриюс ва ҳамкоронаш даъвое бар касе дошта бошанд, инак дари маҳкамаҳо кушода, волиён низ ҳозиранд: бигзор ба онҳо шикоятҳои худро оварда супоранд;
  17. Вале агар талаби дигаре дошта бошед, он бояд дар маҳкамаи шаръӣ яктарафа шавад;
  18. Зеро хавфи он аст, ки мо барои рафтори имрўза ба балвогарӣ айбдор шавем, ва мо ҳеҷ далеле надорем, ки барои чунин ҷамъомад онро сабаб нишон диҳем“.Инро гуфта, издиҳомро пароканда кард.

© IBT 1992

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s