Аъмол боби 18

Павлус  дар  Қўринтус.

  1. Баъд аз ин Павлус Атиноро тарк карда, ба Қўринтус омад.
  2. Дар он ҷо Акило ном яҳудӣ, ки зодгоҳаш Понтус буда, ба қариби бо ҳамсараш Прискила аз Итолия омада буд, зеро Клавдиюс фармон дода, буд, ки ҳамаи яҳудиён аз Рум бираванд, ва Павлус бо онҳо шиносоӣ пайдо кард ва назди онҳо омад,
  3. Ва азбаски монанди онҳо ҳунари хаймадўзӣ дошт, назди онҳо монда, ба кор машғул шуд.

Пайдо  шудани  калисо  дар  Қўринтус.

  1. Ҳар рўзи шанбе ў дар куништ сухан ронда, саъю кўшиш менамуд, ки яҳудиён ва юнониёнро мўътақид гардонад.
  2. Вақте ки Сило ва Тимотиюс аз Мақдуния омаданд, Павлус аз Рўҳ илҳом ёфта, ба яҳудиён шаҳодат додан гирифт, ки Исо Масеҳ аст.
  3. Аммо азбаски онҳо мухолифат ва бадзабонӣ мекарданд, домани худро бар онҳо афшонда, гуфт:“Хунатон ба гарданатон; ман аз он мубарро ҳастам; минбаъд назди ғайрияҳудиён хоҳам рафт“.
  4. Аз он ҷо рафта, назди Юстус ном шахси худотарсе омад, ки хонаи вай дар шафати куништ буд.
  5. Криспус, ки сардори куништ буд, бо тамоми аҳли байташ ба Худованд имон овард, ва бисьёре аз қўринтиён, чун шуниданд, имон оварданд ва таъмид гирифтанд.
  6. Худованд як шаб дар рўъё ба Павлус гуфт:“Натарс, балки сухан бигў ва хомўш набош,
  7. Зеро ки Ман бо ту ҳастам, ва ҳеҷ кас ба ту осебе нахоҳад расонд; чунки Ман дар ин шаҳр мардуми бисьёре дорам“.
  8. Ба ин сабаб ў як солу шаш моҳ дар он ҷо монда, каломи Худоро ба онҳо таълим дод.

Ғолиюни  бомулоҳиза.

  1. Дар ин миён, вақте ки Ғолиюн волии Охоия буд, яҳудиён якдил шуда, ба Павлус ҳуҷум карданд ва ўро ба маҳкама кашида оварданд
  2. Ва гуфтанд:“Ин шахс мардумро иғво медиҳад, ки ибодати Худоро бар хилофи шариат ба ҷо оваранд“.
  3. Павлус ҳанўз ҳарфе назада буд, ки Ғолиюн ба яҳудиён гуфт:“Эй яҳудиён! Агар озоре ё кирдори баде ба вуқўъ меомад, барои ман асосе мебуд, ки арзи шуморо бишнавам;
  4. Вале модоме ки сухан дар бораи калимот ва номҳо ва шариати шумо меравад, худатон бояд онро яктарафа кунед: ман дар ин бобат доварӣ нахоҳам кард“.
  5. Ва онҳоро аз маҳкама пеш кард.
  6. Ҳамаи юнониён сардори куништ Сўстинисро дастгир карда, дар назди маҳкама каллакўбак карданд, ва Ғолиюн ба ин ҳеҷ парво накард.

Павлус  ба  Антиёхия  бармегардад  ва  мувофиқи  шариати  яҳудиён  назр  мекунад.

  1. Павлус боз чандин рўз дар он ҷо истод, он вақт бо бародарон хайру маъзур кард ва бо киштӣ ба Сурия равона шуд ва Прискила ва Акиларо ҳамроҳи худ бурд ва дар Канхария мўйсар гирифт, чунки назр карда буд.
  2. Вақте ки ба Эфсўс расиданд, онҳоро дар он ҷо монда, худаш ба куништ даромад ва бо яҳудиён суханронӣ кард.
  3. Аз ў хоҳиш карданд, ки муддате бо онҳо бимонад, лекин ў розӣ нашуд.
  4. Ва бо онҳо хайру маъзур карда, гуфт:“Ман бояд иди дар пеш истодаро ҳатман дар Ерусалим гузаронам; баъд аз он, Худо хоҳад, боз назди шумо хоҳам баргашт“. Ва Эфсўсро тарк кард.
  5. Ба Қайсария расида, ба Ерусалим рафт ва аҳли калисоро табрик ва аҳволпурсӣ карда, ба Антиёхия равона шуд.

Сафари  сеюми  Павлус.

  1. Муддате дар он ҷо истода, боз ба сафар рафт ва дар кишвари Ғалотия ва Фриҷия гашта, ҳамаи шогирдонро тақвият мекард.

Апўллўс  дар  Эфсўс.

  1. Апўллўс ном яҳудие аз аҳли Искандария, ки шахси суханвар ва аз Навиштаҳо хабардор буд, ба Эфсўс расид;
  2. Ў дар тариқи Худованд тарбият ёфта буд ва бо ҷўшу хурўши Рўҳ сухан ронда, дар бораи Исо ба хубӣ таълим медод, гарчанде ки фақат аз таъмиди Яҳьё огоҳӣ дошт.
  3. Ў дар куништ далерона сухан рондан гирифт. Чун Акило ва Прискила суханонашро шуниданд, ўро назди худ оварданд ва тариқи Худовандро ба ў дурустакак фаҳмонданд.
  4. Вақте ки ў азми сафари Охоия кард, бародарон ба шогирдон навиштанд, ки ўро пазироӣ кунанд; чун ба он ҷо расид, ба касоне ки ба файзи илоҳӣ имон оварда буданд, ёрдами бисьёр дод:
  5. Зеро ки бо қуввати тамом дар пеши назари ҳама бо яҳудиён баҳсу мунозира карда, аз рўи Навиштаҳо исбот менамуд, Исо Масеҳ аст.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s