Аъмол боби 17

Барпо  шудани  калисо  дар  Таслўникӣ.

  1. Аз Амфипўлис ва Аполония гузашта, ба Таслўникӣ омаданд, ки дар он ҷо куништи яҳудиён буд.
  2. Павлус, аз рўи одати худ, назди онҳо дохил шуд, ва се рўзи шанбе бо онҳо аз Навиштаҳо гуфтугў мекард,
  3. Ва ошкор карда ва исбот намуда, мегуфт, ки лозим буд Масеҳ азобу уқубат кашад ва аз мурдагон эҳьё шавад, ва Ҳамин Исо, ки ман Ўро ба шумо мавъиза мекунам, Масеҳ аст.
  4. Баъзе аз онҳо ва ҳамчунин бисьёре аз юнониҳои худотарс ва шумораи зиёде аз занони ашроф имон оварданд ва ба Петрус ва Сило ҳамроҳ шуданд.

Ба  шўр  омадани  яҳудиён  дар  Таслўникӣ.

  1. Аммо яҳудиёне ки имон наоварда буданд, ҳасад бурданд ва чанд нафар нобакоронро аз бозор гирифта, издиҳоме ҷамъ карданд ва шаҳрро ба шўр оварданд ва ба хонаи Ёсўн тохта, хостанд онҳоро назди ҷамомат берун оваранд.
  2. Чун онҳоро наёфтанд, Ёсўн ва чанд нафар бародаронро назди сардорони шаҳр кашиданд ва дод зада мегуфтанд, ки онҳое ки тамоми оламро зеру забар карданд, ба ин ҷо низ омадаанд,
  3. Ва Ёсўн онҳоро пазироӣ кардааст, ва ҳамаи онҳо бар хилофи фармоишоти қайсар амал мекунанд ва шахси дигарро, ки Исо ном дорад, подшоҳ медонанд.
  4. Аз шунидани ин суханон мардум ва сардорони шаҳр ба ташвиш афтоданд,
  5. Ва аз Ёсўн ва дигарон замонат гирифта, онҳоро ҷавоб доданд.

Павлус  ва  Сило  дар  Бирия.

  1. Бародарон фавран Павлус ва Силоро шабона ба Бирия равона карданд, ва онҳо ба он ҷо расида, ба куништи яҳудиён даромаданд.
  2. Яҳудиёни он ҷо назар ба аҳли Таслўникӣ равшанфикртар буданд: бо иштиёқи комил каломро гўш мекарданд ва ҳар рўз Навиштаҳоро санҷида мебаромаданд, то ки бидонанд, ки оё дар ҳақиқат ҳамин тавр аст ё не;
  3. Бисьёре аз онҳо, ҳам аз занони ашрофи юнонӣ ва ҳам шумораи зиёде аз мардон имон оварданд.
  4. Лекин чун яҳудиёни Таслўникӣ фаҳмиданд, ки Павлус дар Бирия низ каломи Худоро мавъиза намудааст, ба он ҷо омада, мардумро ба шўр оварданд.
  5. Дарҳол бародарон Павлусро сўи баҳр равона карданд, вале Сило ва Тимотиюсро дар он ҷо монданд.

Павлус  дар  Атино.

  1. Ҳамроҳони Павлус ўро то Атино гуселониданд, ва ў ба онҳо фармуд, ки гашта рафта, ҳар чи зудтар Сило ва Тимотиюсро назди ў равона кунанд.
  2. Ҳангоме ки Павлус дар Атино ба онҳо интизорӣ дошт, чун дид, ки ин шаҳр аз бутҳо пур аст, рўҳаш дар дарунаш музтариб шуд.
  3. Бинобар ин дар куништ бо яҳудиён ва худотарсон ва дар бозор ҳар рўз бо ҳар кӣ вомехўрд, гуфтугў мекард.
  4. Баъзе аз файласуфони эпикурӣ ва истоӣ бо ў мунозира мекарданд; як хелашон мегуфтанд:’’Ин лаққӣ чӣ мехоҳад бигўяд?’’; дигарҳо мегуфтанд:’’Зоҳиран, ў худоҳои бегонаро мавъиза мекунад’’; зеро ки ў ба онҳо аз Исо ва эҳьё башорат медод.
  5. Ўро дасгир карда, ба Арьюпогус, ки кўҳи доварон аст, оварданд ва гуфтанд:“Оё мумкин аст ки мо бидонем, ки ин тариқати наве ки ту мавъиза менамоӣ, чист?
  6. Азбаски суханонат ба гўши мо аҷиб мерасад, бинобар ин мехоҳем бидонем, ки онҳо чӣ маъно доранд“.
  7. Зеро ки тамоми аҳли Атино ва аҷнабиёни сокини он ҷо вақти худро аз ҳама зиёдтар дар гуфтану шунидани ягон гапи тоза мегузаронданд.

Мавъизаи  Павлус  дар  Арьюпогуси  Атино.

  1. Он гоҳ Павлус дар миёнҷои Арьюпогус истода, гуфт:“Эй мардони Атино! Шуморо аз ҳар ҷиҳат бисьёр диндор ёфтаам;
  2. „Зеро ки, чун гаштугузор карда, ибодатгоҳҳои шуморо аз назар мегузарондам, мазбаҳе дидам, ки бар он навишта шудааст:’’Ба Худои ношинос’’. Пас, Ҳамонро, ки шумо мепарастед, вале намешиносед, ман ба шумо мавъиза менамоям:
  3. Худое ки олам ва тамоми мавҷудоти онро офаридааст, Худованди Осмону замин аст ва дар маъбадҳои сохтаи дасти инсон нест
  4. Ва ба хизмати дастҳои одамӣ эҳтиёҷ надорад, зеро ки Худаш ҳаёт ва нафас ва ҳар чизро ба ҳама мебахшад;
  5. Ҳамаи қавмҳои насли одамизодро Ў аз як хун ба вуҷуд овардааст, то ки бар тамоми рўи замин сокин шаванд, ва барои сукунати онҳо мўҳлатҳо ва ҳудуди муайяне пешакӣ муқаррар кардааст,
  6. То ки онҳо Худоро ҷустуҷў кунанд ва, шояд Ўро ёбем гўён, кўр-кўрона даст- даст карда нагарданд, гарчанде ки Ў аз ҳеҷ яке аз мо дур нест;
  7. Зеро ки мо дар Ў зиндагӣ ва ҳаракат мекунем ва вуҷуд дорем, чунон ки баъзе аз шоирони шумо низ гуфтаанд:“Мо фарзандони Ў ҳастем“.
  8. Пас, модоме ки ҳамаи мо фарзандони Худо ҳастем, набояд гумон кунем, ки Илоҳият монанд аст ба тилло ё нуқра ё санге ки аз санъат ва хаёли инсон сурате гирифтааст.
  9. Хуллас, ҳоло Худо аз замонҳои ҷаҳолат сафари назар карда, дар ҳар ҷо ба ҳамаи одамон амр мефармояд, ки тавба кунанд;
  10. Зеро ки Ў рўзеро муқаррар намудааст, ки аҳли ҷаҳонро ба василаи Марде ки баргузидаи Ўст, аз рўи инсоф доварӣ кунад, ва барои он ки инро ба ҳама исбот намояд, Ўро аз мурдагон эҳьё кард“.
  11. Вақте ки зикри эҳьёи мурдагонро шуниданд, баъзе касон тамасхур карданд ва баъзеи дигарон гуфтанд:“Дар ин бора дафъаи дигар ба суханони ту гўш хоҳем дод“.
  12. Бо ҳамин, Павлус аз миёни онҳо берун омад.
  13. Вале якчанд кас ба ў ҳаамроҳ шуда, имон оварданд; дар байни онҳо Диёнисиюси арьюпогӣ ва Домарис ном зане ва дигарон буданд.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s