Аъмол боби 16

Павлус дар  Осиёи  Сағир.  Тимотиюс.

  1. Ба Дарба ва Лустра омад. Ва инак, Тимотиюс ном шогирде дар он ҷо буд, ки модараш яҳудизани имондор, лекин падараш юнонӣ буд,
  2. Ва бародарони сокинони Лустра ва Иқуния ўро таъриф мекарданд.
  3. Павлус майл дошт ўро ҳамроҳи худ бибарад, ва ўро гирифта, ба хотири яҳудиёне ки дар он ноҳия буданд, хатна кард, зеро ки ҳама падарашро мешинохтанд, ки вай юнонӣ буд.
  4. Онҳо дар ҳар шаҳре ки мегаштанд, дастурҳоеро, ки ҳаввориён ва пирон дар Ерусалим қарор дода буданд, ба онҳо месупурданд, то ки аз рўи дастурҳо амал кунанд.
  5. Калисоҳо дар имон мустаҳакам мешуданд, ва шумораашон рўз ба рўз меафзуд.

Павлус  дар  Трўос. Рўҳулқудс  идора  мекунад.

  1. Вақте ки аз Фириҷия ва кишвари Ғалотия мегузаштанд, Рўҳулқудс онҳоро нагузошт, ки каломро дар вилояти Осиё мавъиза намоянд.
  2. Ба Мисия расида, аз он ҷо ба Битуния рафтанӣ шуданд, лекин Рўҳ ба онҳо иҷозат надод.
  3. Он гоҳ аз Мисия гузашта, ба Трўос фуромаданд.
  4. Ҳамон шаб ба Павлус рўъёе аён шуд, ки инак шахсе аз аҳли Мақдуния назди ў истода буд ва илтимос карда, мегуфт:“Ба Мақдуния омада, ба мо мадад расон“.
  5. Ҳамин ки ў ин рўъёро дид, мо дарҳол ба Мақдуния рафтанӣ шудем, зеро ки яқин донистем, ки Худованд моро даъват намудааст, ки дар он ҷо башорат диҳем.
  6. Аз Трўос бо киштӣ рафта, рост ба Сомўтрокӣ расидем ва рўзи дигар ба Ниёпўлис равона шудем;

Павлус  ва  Сило  дар  Филиппӣ.

  1. Аз он ҷо ба Филиппӣ рафтем, ки шаҳри аввали вилояти Мақдуния, қасабаи муҳоҷирнишин буд; дар он шаҳр якчанд рўз истодем.
  2. Рўзи шанбе аз шаҳр берун шуда, дар соҳили дарьё, ки дар он ҷо одатан ибодатгоҳ буд, нишастем ва бо заноне ки дар он ҷо ҷамъ омада буданд, гуфтугў кардем.

Имон  овардани  Лидия.

  1. Лидия ном занаки худопарасти арғувонфурўш, ки аз шаҳри Тиётира буд, гуфтугўи моро гўш мекард; Худованд дили ўро кушода буд, то ки суханони Павлусро бишнавад.
  2. Вақте ки ў ва аҳли байташ таъмид гирифтанд, хоҳиш карда, гуфт:“Агар шумо яқин дониста бошед, ки ман ба Худованд имон овардаам, ба хонаи ман омада, иқомат кунед“. Ў он қадар исрор кард, ки мо розӣ шудем.

Берун  кардани  рўҳи  ғайбгўй. Задани  Павлус  ва  Сило.

  1. Як рўз, ки мо ба ибодатгоҳ мерафтем, ба мо канизе вохўрд, ки рўҳи ғайбгўй дошт ва аз ғайбгўӣ ба оғоёни худ даромади калоне меовард.
  2. Вай аз қафои мо ва Павлус омада, фарьёд зад, ки ин одамон бандагони Худои Таолоянд ва роҳи наҷотро ба мо хабар медиҳанд.
  3. Азбаски чандин рўз вай ҳамин тавр рафтор кард, павлус дарғазаб шуд ва ба вай рў гардонда, ба он рўҳ гуфт:“Ба исми Исои Масеҳ туро амр мефармоям, ки аз вай берун баро“. Ва дарҳол аз вай берун омад.
  4. Чун оғоёни вай диданд, ки умеди даромадашон аз даст рафт, Павлус ва Силоро дастгир карда, ба майдони шаҳр назди сардорон кашида бурданд;
  5. Вақте ки онҳоро назди волиён оварданд, гуфтанд:“Ин одамон, ки яҳудӣ ҳастанд, шаҳри моро ба шўр овардаанд
  6. Ва расму таомулеро мавъиза мекунанд, ки қабул кардан ва ба ҷо овардан ба мо румиён, ҷоиз нест“.
  7. Мардум низ ба онҳо қиём карданд, ва волиён ҷомаҳои онҳоро канда партофта, фармуданд, ки онҳоро калтаккорӣ кунанд;
  8. Пас аз задани шаттаи бисьёр, онҳоро дар зиндон андохтанд ва ба зиндонбон амр фармуданд, ки онҳоро дурустакак нигоҳбонӣ кунад;
  9. Чун вай ин тавр амре гирифт, онҳоро дар зиндон дохилӣ маҳбус кард ва ба пойҳошон кунда зад.

Имон  оварадани  зиндонбон  дар  Филиппӣ.

  1. Дар қарибии нисфи шаб Павлус ва Сило дуо гуфта, Худоро ҳамду сано мехонданд, ва бандиён онҳоро мешуниданд.
  2. Ногаҳон заминҷунбии азиме рўй дод, то ба ҳадде ки таҳкурсии зиндон ба ларза даромад; дарҳол ҳамаи дарҳо кушода шуд, ва ҳама завлонаҳо ба замин афтод.
  3. Зиндонбон бедор шуда, дарҳои зиндонро кушода дид ва шамшери худро кашида, мехост худро бикушад, ба гумони он ки бандиён гурехта рафтаанд.
  4. Аммо Павлус бо овози баланд гуфт:“Ба худ осебе нарасон, зеро ки ҳамаи мо дар ин ҷо ҳастем“.
  5. Зиндонбон чароғе талаб карда, ба дарун давида даромад ва ларзон шуда, пеши пои Павлус ва Сило афтод;
  6. Сонӣ онҳоро берун оварда, гуфт:“Эй оғоён! Чӣ бояд бикунам, то ки наҷот ёбам?“.
  7. Гуфтанд:“Ба Исои Масеҳи Худованд имон овар, ва ту бо аҳли байти худ наҷот хоҳӣ ёфт“.
  8. Он гоҳ каломи Худовандро ба вай ва тамоми аҳли байташ мавъиза карданд.
  9. Дар ҳамон соати шаб зиндонбон онҳоро берун оварда, захмҳошонро шуст, ва фавран худаш ва тамоми аҳли байташ таъмид гирифтанд,
  10. Ва онҳоро ба хонаи худ оварда, дар пешашон хўрок монд, ва бо тамоми аҳли байти худ шод шуд, ки ба Худо имон овард.

Павлус  намехоҳад  пинҳонӣ  биравад.

  1. Вақте ки субҳ дамид, волиён мулозимонро фиристоданд, ки бигўянд:“Он шахсонро ҷавоб деҳ“.
  2. Зиндонбон инро ба Павлус хабар дода, гуфт:“Волиён кас фиристоданд, ки шуморо ҷавоб диҳам; пас, берун омада, ба саломатӣ биравед“.
  3. Вале павлус ба онҳо гуфт:“Моро, ки румӣ ҳастем, бе муҳокима дар пеши назари тамоми мардум калтаккорӣ карда, дар зиндон андохтанд, ва акнун мехоҳанд пинҳонӣ ҷавоб диҳанд? Не, бигзор худашон омада, моро берун оваранд“.
  4. Мулозимон ин суханонро ба волиён расонданд, ва чун шуниданд, ки румӣ ҳастанд, ба ҳарос афтоданд.
  5. Ва омада, аз онҳо узр пурсиданд ва берун оварда, хоҳиш карданд, ки аз шаҳр бираванд.
  6. Онҳо аз зиндон берун омада, ба хонаи Лидия шитофтанд ва бо бародарон вохўрда ва онҳоро насиҳат карда, равона шуданд.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s