Аъмол боби 15

Ҷамъомад  дар  Ерусалим. Масъалаи  хатна.

  1. Баъзе касон аз яҳудо омада ва бародаронро таълим дода, мегуфтанд:“Агар мувофиқи оини Мусо махтун нашавед, наҷот ёфта наметавонед“.
  2. Пас аз он ки Павлус ва Барнаббо бо онҳо мунозира ва мубоҳисаи бисьёре карданд, қарор дода шуд, ки Павлус ва Барнаббо ва чанд нафари дигар аз онҳо барои ҳалли ин масъала назди ҳаввориён ва пирон ба Ерусалим бираванд.
  3. Аҳли калисо онҳоро гуселонданд, ва ҳангоме ки онҳо аз Финиқия ва Сомария мегузаштанд, имон овардани ғайрияҳудиёнро ҳикоят карданд, ва ин хабар ҳамаи бародаронро бағоят шод гардонд.
  4. Чун ба Ерусалим расиданд, аҳли калисо, ҳаввориён ва пирон онҳоро пазироӣ карданд, ва онҳо аз он чи Худо бо онҳо ба амал оварда буд, нақл карданд.
  5. Баъзе аз фарисиён, ки имон оварда буданд, бархоста, гуфтанд, ки онҳоро бояд хатна карда, амр фармоянд, ки шариати Мусоро риоя кунанд.
  6. Ҳаввориён ва пирон ҷамъ шуданд, то ки ин масъаларо муҳокима намоянд.
  7. Баъд аз муҳокимаи бисьёр Петрус бархоста, ба онҳо гуфт:“Эй бародарон! Шумо медонед, ки аз рўзҳои аввал Худо аз миёни ҳамаи мо маро багузид, то ки ғайрияҳудиён каломи Инҷилро аз забони ман бишнаванд ва имон оваранд;
  8. Худои Орифулқалб ба онҳо ба чунин васила шаҳодат дод, ки Рўҳулқудсро ба онҳо низ бахшид, чунон ки ба мо бахшидааст,
  9. Ва дар байни мо ва онҳо ҳеҷ фарқе нагузошта, дилҳои онҳоро бо имон пок сохт.
  10. Пас чаро акнун Худоро озмуда, бар гардани шогирдон юғе меандозед, ки онро ҳам падарони мо ва ҳам мо бардошта натавониста будем?
  11. Лекин мо ба файзи Исои Масеҳи Худованд эътиқот дорем ва наҷот меёбем, ҳамчунон ки онҳо низ“.
  12. Он гоҳ тамоми аҳли маҷлис сокит шуда, ба ҳикояти Барнаббо ва Павлус дар бораи аломоту мўъҷизоте ки Худо дар миёни ғайрияҳудиён ба василаи онҳо ба амал оварда буд, гўш доданд.
  13. Ҳамин ки нутқи онҳо баохир расид, Яъқуб ба сухан оғоз карда, гуфт:“Эй бародарон! Ба ман гўш диҳед:
  14. ‘‘Шимъўн фаҳмонда дод, ки чӣ гуна Худо аввал ба ғайрияҳудиён назар андохт, то ки аз миёни онҳо қавме ба исми Худ бигирад;
  15. Гуфтаҳои анбиё низ ба ин мутобиқ аст, чунон ки навишта шудааст:’’
  16. ‘‘Баъд аз ин руҷўъ намуда, хаймаи Довудро, ки фурў ғалтдааст, аз нав барқарор мекунам ва харобаҳои онро обод мегардонам ва барпо менамоям,
  17. То ки бақияи мардум ва ҳамаи халқҳое ки исми Ман дар байни онҳо хонда мешавад, толиби Худованд гарданд, мегўяд Худованде ки ҳамаи инро ба амал меоварад’’.
  18. Ба Худо ҳамаи корҳояш абадан маълум аст.

Халқҳо  ба  Таврот  тобеъ  настанд.

  1. Пас, фикри ман ин аст, ки аз миёни халқҳо ба Худо руҷўъ менамоянд, ба душворӣ наандозем,
  2. Балки ба онҳо фақат дастуре бинависем, ки аз наҷосати бутҳо, аз зино, аз гўшти ҳайвоноти буғшуда ва аз хун парҳез кунанд;
  3. Зеро ки Мусо аз наслҳои қадим дар ҳамаи шаҳрҳо воизони Худро дорад, ва дар куништҳо ҳар рўзи шанбе қироат мешавад“.
  4. Он гоҳ ҳаввориён ва пирон ва тамоми аҳли калисо ба қароре омаданд, ки чанд касро аз миёни худ интихоб карда, ҳамроҳи Павлус ва Барнаббо ба Антиёхия фиристонанд; онҳо Яҳудоро, ки лақабаш Барсаббо буд, ва Силоро интихоб карданд, ки ин ду нафар аз пешвоёни бародарон буданд;
  5. Ва номае ба ин мазмун навишта, ба дасти онҳо супурданд:“Ҳаввориён ва пирон ва бародарон ба бародароне ки аз ғайрояҳудиён дар Антиёхия, Сурия ва Қилиқия ҳастанд, салом мерасонанд.
  6. Чун шунидем, ки аз миёни мо баъзе касон шуморо бо суханони худ мушавваш сохтаанд ва дилҳои шуморо ба шакку шубҳа андохтаанд ва гуфтаанд, ки’’бояд хатна кунед ва шариатро риоят намоед’’, ва ҳол он ки мо ба онҳо чунин дастуре надодаем,
  7. Бинобар ин мо якдилона ба қароре омадем, ки чанд нафарро интихоб намуда, назди шумо равона кунем, ҳамроҳи азизони худ Барнаббо ва Павлус,
  8. Ки ҷонҳои худро аз барои исми Худованди мо Исои Масеҳ нисор кардаанд.
  9. Пас, Яҳудо ва Силоро фиристодаем, ки онҳо низ ҳамин чизҳоро ба шумо даҳанакӣ баён хоҳанд кард.
  10. Зеро ки Рўҳулқудс ва мо савоб дидем, ки ба зиммаи шумо боре нагузорем, ҷуз воҷиботи зерин:
  11. ‘‘Аз қурбониҳои бутҳо, аз хун, аз гўшти ҳайвоноти буғишуда ва аз зино парҳез кунед; ҳар гоҳ аз ин чизҳо худро нигоҳ доред, кори хубе мекунед. Саломат бошед’’„.
  12. Вақте ки фиристодагон ба Антиёхия омаданд, мардумро ҷамъ карда, номаро супурданд.
  13. Онро хонда, аз мазмуни тасалибахшаш шодмон шуданд.
  14. Яҳудо ва Сило, ки низ набӣ буданд, бародаронро бо суханони бисьёре насиҳат ва тавқият доданд.
  15. Баъд аз он ки муддате дар он ҷо монданд, бардарон онҳоро ба саломатӣ назди ҳаввориён равона карданд;
  16. Вале Сило дар он ҷо монданӣ шуд.
  17. Павлус ва Барнаббо дар Антиёхия иқомат намуда, бо ҳамроҳии бисьёр касони дигар каломи Худовандро таълим ва башорат медоданд.

Сафари  дуюми  Павлус. Ҷудоӣ  аз  Барнаббо.

  1. Чун якчанд рўз гузашт, Павлус ба Барнаббо гуфт:“Акнун гашта равем ва дар ҳар шаҳре ки каломи Худовандро мавъиза карда будем, бародарони худро бубинем, ки аҳволашон чӣ гуна аст“.
  2. Барнаббо мехост Юҳанноро, ки лақабаш Марқўс буд, ҳамроҳашон бибаранд,
  3. Аммо Павлус салоҳ надонист, ки шахсеро, ки дар Памфилия аз онҳо ҷудо шуда, дар корашон то ба охир ҳамроҳӣ накарда буд, бо худ бибаранд,
  4. Ба ин сабаб низое ба миён омада, то ба ҳадде расид, ки онҳо аз якдигар ҷудо шуданд, ва Барнаббо Марқўсро ҳамроҳи худ гирифта, бо киштӣ ба Қаприс рафт,
  5. Ва Павлус барои Худ Силоро интихоб кард, ва ҳамин ки бародарон ўро ба файзи Худо супурданд, рў ба сафар ниҳод,
  6. Ва ба Сурия ва Қилиқия гузашта, калисоҳоро тақвият мекард.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s