Аъмол боби 14

Хизматгузорӣ  дар  Иқуния.

  1. Дар Иқуния бо ҳам ба куништи яҳудиён даромада, тавре сухан гуфтанд, ки шумораи зиёде аз яҳудиён ва юнониён имон оварданд.
  2. Аммо яҳудиёне ки имон наоварда буданд, дилҳои ғайрияҳудиёнро шўронида, ба муқобили бародарон барангехтанд.
  3. Муддати дарозе дар он ҷо монда, дар бораи Худованд далерона сухан мегуфтанд, ва Ў ба каломи файзи Худ шаҳодат дода, ба василаи онҳо аломоту мўъҷизот ато мекард.
  4. Дар ин миён мардуми шаҳр ду тақсим шуданд, ки як қисмашон тарафдори яҳудиён ва қисми дигарашон тарафдори ҳаввориён буданд.
  5. Вақте ки ғайрияҳудиён ва яҳудиён бо сардорони худ ба онҳо ҷуҳум оварданд, то ки онҳоро тамасхур ва сангсор кунанд,

Хизматгузорӣ  дар  Дарба  ва  Лустра.

  1. Онҳо огоҳӣ ёфта, ба Лустра ва Дарба, шаҳрҳои Лекония ва атрофи он фирор карданд,
  2. Ва дар он ҷо башорат медоданд.

Дар  Лустра  шифо  ёфтани  марде  ки пойҳояш беҳаракат буд.

  1. Дар Лустра марде нишаста буд, ки пойҳояш беҳаракат буд ва аз шиками модар ланг буда, ҳаргиз роҳ нарафта буд.
  2. Вай сухани Павлусро мешунид; Павлус ба вай нигарист ва чун дид, ки имон ба шифо дорад,
  3. Бо овози баланд ба вай гуфт:“Бар пойҳои худ рост биист“.Вай дарҳол ҷаста хесту ба роҳ рафтан даромад.
  4. Вақте ки мардум ин амали Павлусро диданд, овози худро баланд карда, бо забони леконӣ гуфтанд:“Худоён ба сурати инсони назди мо фуромадаанд“.
  5. Барнабборо Зевс ва Павлусро Ҳермис номиданд, зеро ки ў сарвари нотиқон буд.
  6. Коҳини маъбади Зевс, ки дар беруни шаҳр воқеъ буд, барзаговон ва тоҷҳои гул назди дарвозаи шаҳр овард ва мехост бо якҷоягии мардум қурбонӣ кунад.
  7. Ҳамин ки ҳаввориён Барнаббо ва Павлус инро фаҳмиданд, ҷомаҳои худро даронида, ба миёни мардум давида даромаданд ва фарьёд зада гуфтанд:
  8. „Эй мардон! Чаро чунин мекунед? Мо низ мисли шумо одамони ноқис ҳастем ва ба шумо башорат медиҳем, ки аз бутҳои худ гашта, ба Худои Ҳай руҷўъ намоед, ки Ў осмон ва замин ва баҳр ва он чиро, ки дар онҳост, офаридааст,
  9. Ва дар наслҳои пешина ҳамаи халқҳоро гузоштааст, ки мувофиқи тариқати худ рафтор кунанд,
  10. Гарчанде ки ҳамеша бо некиҳояш аз вуҷуди Худ шаҳодат дода, ба мо аз осмон борон меборонад, фаслҳои боровар мебахшад, ба мо ғизо медиҳад ва дилҳои моро аз шодмонӣ пур мекунад“.
  11. Бо ин суханон мардумро аз қурбонӣ кардан барояшон базўр боздоштанд.
  12. Дар ин миён аз Антиёхия ва Иқуния яҳудиён расида омаданд ва мардумро барангехта, Павлусро сангсор карданд ва, ба гумони он ки мурдааст, аз шаҳр берун кашиданд.

Павлус дар  Дарба. Рафта дидани калисоҳои барпошуда.

  1. Вақте ки шогидон дар гирди ў ҷамъ омаданд, бархоста, ба шаҳр даромад ва фардои он бо Барнаббо сўи Дарба равона шуд.
  2. Дар ин шаҳр низ башорат дода, шогирдони зиёде пайдо карданд ва боз ба Лустра, Иқуния ва Антиёхия ворид шуданд.
  3. Ва дилҳои шогирдонро тавқият дода, панд мегуфтанд, ки’’дар имон устувор бошед, зеро ки мо бояд бо мусибатҳои бисьёр дохили Малакути Худо гардем’’.

Таъин  кардани  пирон  дар  ҳар  калисо. Баргаштан  ба  Антиёхия.

  1. Дар ҳар калисо барои онҳо пирон таъин карданд ва бо дуо ва рўза онҳоро ба Худованде ки ба Ў имон оварда буданд, супурданд.
  2. Аз Писидия гузашта, ба Памфилия омаданд.
  3. Ва дар Пирҷа каломи Худовандро мавъиза намуда, ба Аттолия фуромаданд;
  4. Боз ба киштӣ савор шуда, ба Антиёхия рафтанд, ки дар ҳамон ҷо онҳо, ба хотири хизмате ки ба ҷо оварданд, ба файзи Худо супурда шуда буданд.
  5. Чун расиданд, аҳли калисоро ҷамъ оварда, аз он чи Худо ба онҳо ба амал оварда буд ва чӣ гуна Ў дарвозаи имонро ба рўи ғайрияҳудиён кушода буд, нақл карданд;
  6. Ва муддати дарозе дар он ҷо бо шогирдон монданд.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s