Аъмол боби 12

Таъқиботи  панҷум  дар  подшоҳии  Ҳиродуси  Ағрипоси  1. Ҳабс  шудани  Петрус.

  1. Дар он замон подшоҳ Ҳиродус дасти тааддӣ бар баъзе аз аҳли калисо дароз кард, то ки онҳоро азоб диҳад.
  2. Ва Яъқуб, бародари Юҳанноро ба шамшер кушт;
  3. Чун дид, ки ин ба яҳудиён писанд афтод, Петрусро низ дастгир кард, ки ин дар айёми иди фатир буд,
  4. Ва ўро гирифта, ба зиндон андохт ва ба чор дастаи чоргонаи сарбозон супурд, ки ўро посбонӣ кунанд, зеро ният дошт, ки баъд аз иди фисҳ ўро назди қавм берун оварад.

Дуои  калисо  дар  бораи  Петрус. Фариштаи  Худо.

  1. Пас, Петрусро дар зиндон нигоҳ медоштанд, аммо аҳли калисо барои ў назди Худо пайваста дуо мегуфтанд.
  2. Дар ҳамон шабе ки Ҳиродус қасди берун овардани ўро дошт, Петрус, бастаи ду занҷир, дар миёни ду сарбоз хобида буд, ва дарбонон зиндонро посбонӣ мекарданд.
  3. Ва инак, фариштаи Худованд назди ў ҳозир шуд, ва рўшноӣ дар он хона дурахшид; ба паҳлуи Петрус зада, ўро бедор кард ва гуфт:“Зуд бархез“. Дарҳол занҷирҳо аз дастҳояш афтод.
  4. Фаришта ба ў гуфт:“Камари худро бибанд ва кафш бар пой кун“. Ва чунин кард. Сонӣ ба ў гуфт:“Ҷомаи худро бипўш ва аз қафои ман биё“.
  5. Берун омада, аз қафои вай равона шуд, ва надонист, ки он чи аз фаришта содир шуд, воқеист, балки гумон мекард, ки ин рўъёест.
  6. Аз пеши посбонони аввал ва дуюм гузашта, ба дарвозаи оҳанине ки сўи шаҳр мебурд, расиданд, ва он худ аз худ пеши рўи онҳо кушода шуд; онҳо берун рафта, аз як кўча гузаштанд, ки ногаҳон фаришта аз пеши ў нопадид шуд.
  7. Петрус ба худ омада, гуфт:“Акнун яқин донистам, ки Худованд фариштаи Худро фиристода, маро аз дасти Ҳиродус ва аз он чи қавми яҳудӣ чашм доштанд, раҳо кард“.
  8. Инро аз фикри худ гузаронда, ба хонаи Марьям, мадари Юҳанно, ки лақабаш Марқўс буд, омад, ки дар он ҷо касони бисьёре ҷамъ шуда, дуо мегуфтанд.
  9. Вақте ки дарвозаро кўфт, Рудо ном канизе баромад, то ки воз кунад,
  10. Ва овози Петрусро шинохта, ба ҷои он ки дарвозаро кушояд, аз шодӣ ба хона давида даромад ва хабар дод, ки Петрус назди дарвоза истодааст.
  11. Ба вай гуфтанд:“Магар девона шудаӣ?“ Аммо вай ба гапаш исрор кард. Гуфтанд:“Ин фариштаи ўст“.
  12. Аммо Перус пайваста тақ-тақ мекард; вақте ки кушоданд, ўро дида, дар ҳайрат афтоданд.
  13. Ў бо дасташ ишора кард, ки хомўш бошанд, ва ба онҳо нақл кард, ки чӣ гуна Худованд ўро аз зиндон берун овард; ва гуфт:“Инро ба Яъқуб ва ба бародарон хабар диҳед“. Сонӣ берун баромада, ба ҷои дигар рафт.
  14. Чун субҳ дамид, изтироби бузурге дар байни сарбозон афтод, ки Петрусро чӣ шуд,
  15. Ва Ҳиродус, чун ўро талабид наёфт, посбононро истинтоқ карда, фармуд, ки онҳоро ба қатл расонанд, ва худаш аз Яҳудо ба Қайсария рафта, дар он ҷо иқомат кард.

Заволи  Ҳиродус.

  1. Ҳиродус ба мардуми Сўр ва Сидўн бисьёр хашмгин буд, ва онҳо, маслиҳатро ба як ҷо монда, назди ў омаданд ва Блостусро, ки нозири хобгоҳи подшоҳ буд, ба тарафи худ кашида, талаби сулҳ карданд, чунки диёрашон аз кишвари подшоҳ асбоби маишат меёфт.
  2. Дар рўзи таъиншуда Ҳиродус либоси шоҳона дар бар кард ва бар маснади ҳукумат нишаста, ба онҳо нутқ кард,
  3. Ва мардум нидо карда гуфтанд, ки ин овози худост, на овози инсон.
  4. Лекин баногоҳ фариштаи Худованд ўро зад, зеро ки ў Худоро ҷалол надод, ва кирмҳо ўро хўрданд, ва ў мурд.
  5. Аммо каломи Худо торафт бештар интишор меёфт.
  6. Барнаббо ва Шоул, баъд аз иҷрои хизматашон, аз Ерусалим баргаштанд, ва Юҳанно, ки лақабаш Марқўс буд, ҳамроҳи худ оварданд.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s