Аъмол боби 11

Петрус  ба  халқҳо  хизматгузорӣ  намуданашро  сафед  мекунад.

  1. Ҳаввориён ва бародароне ки дар Яҳудо буданд, шуниданд, ки ғайрияҳудиён низ каломи Худоро қабул карданд.
  2. Вақте ки Петрус ба Ерусалим омад, махтунон бар вай таъна зада,
  3. Гуфтанд:“Назди мардуми номахтун рафта, бо онҳо хўрок хўрдаӣ“.
  4. Вале Петрус ба ҳикояти муфассали ҳар он чи рўй дода буд, шурўъ намуда, гуфт:
  5. „Ман дар шаҳри Ёфо дуо мегуфтам ва дар ҳолати бехудӣ рўъёе дидам: зарфе нозил мешуд, мисли суфраи калоне ки аз чор гўшааш овезон аз осмон мефуромада бошад, ва инак он назди ман фуромад;
  6. Чун ба он нигариста, дурустакак аз назар гузарондам, чорвои замин, ҳайвоноти ваҳшӣ, хазандагон ва мурғони ҳаворо дидам,
  7. Ва овозе ба гўшам расид, ки мегуфт:’’Эй Петрус, бархоста, забҳ кун, ва бихўр’’
  8. Гуфтам:’’Ҳошо, Худовандо, зеро ки ҳаргиз чизе ҳаром ё палид ба даҳон набурдаам’’.
  9. Бори дигар хитобе аз осмон ба ҷавобам даррасид, ки мегуфт:’’Он чи Худо пок кардааст, ту ҳаром нахон’’.
  10. Ин ҳодиса се бор такрор ёфт, ва ҳама чиз боз ба осмон баромад.
  11. Ва инак, ҳамон лаҳза се марде аз Қайсария назди ман фиристода шуда буданд, ба хонае ки иқомат доштам, расиданд,
  12. Ва Рўҳ ба ман гуфт, ки ҳеҷ шубҳа накарда, бо онҳо биравам; ин шаш бародар низ ҳамроҳи ман рафтанд, ва мо ба хонаи он шахс даромадем.
  13. Вай ба мо нақл кард, ки чӣ гуна дар хонаи худ фариштаро дидааст, ки истода ба вай гуфтааст:’’Ба Ёфо фиристода, Шимъўнро, ки лақабаш Петрус аст, даъват намо,
  14. Ва ў ба ту суханоне бигўяд, ки боиси наҷоти ту ва тамоми хонадони ту хоҳад шуд’’.
  15. Вақте ки ба сухан оғоз кардам, Рўҳулқудс ба онҳо нозил шуд, мисли он ки дар ибтидо ба мо нозил шуда буд.
  16. Он гоҳ ба ёд овардам, ки Худованд гуфта буд:’’Яҳьё бо об таъмид медод, лекин шумо бо Рўҳулқудс таъмид хоҳед ёфт’’.
  17. Пас, модоме ки Худо ба онҳо ҳамон бахшоишро ато кардааст, ки ба мо ато кард, вақте ки ба Исои Масеҳи Худованд имон овардем, ман кистам, ки тавонам ба Худо монеъ шавам?“.
  18. Вақте ки инро шуниданд, ором шуданд ва Худоро ҳамду сано хонда, гуфтанд:“Дар ҳақиқат Худо ба ғайрияҳудиён низ тавбаи ҳаётбахшро ато кардааст“.

Калисо  дар  Антиёхия.

  1. Дар ин миён ба сабаби таъқиботе ки баъд аз Истефанус ба амал омад, бисьёр касон пароканда шуда, то Финиқия ва Қаприс ва Антиёхия расиданд, ва онҳо каломро ба ҳеҷ кас, ғайр аз яҳудиён, мавъиза намекарданд.
  2. Лекин баъзе аз онҳо ки аз аҳли Қаприс ва Қурин буданд, ба Антиёхия расида, бо юнониён гуфтугўй карданд ва аз Исо Худованд башорат доданд,
  3. Ва дасти Худованд бар онҳо буд, ва шумораи бузурге имон оварда, ба Худованд руҷўъ карданд.
  4. Вақте ки овозаи ин ба гўши аҳли калисои Ерусалим расид, Барнабборо ба Антиёхия фиристоданд.
  5. Чун расид, файзи Худоро дида, шод шуд, ва ҳамаро насиҳат кард, ки аз самими қалб ба Худованд бичаспанд;
  6. Зеро ки ў Марди накўкор ва пур аз Рўҳулқудс ва имон буд; ва мардуми бисьёре ба Худованд имон оварданд.
  7. Сонӣ Барнаббо ба ҷустуҷўИ Шоул ба Тарсус рафт ва ўро ёфта, ба Антиёхия овард.
  8. Тамоми сол онҳо дар калисо ҷамъ мешуданд ва мардуми бисьёрро таълим медоданд, ва шогирдон аввалин бор дар Антиёхия масеҳӣ номида шуданд.

Калисои  Антиёхия  ба  бародароне  ки  дар  Ерусалим  буданд,  мадад  мерасонанд.

  1. Ва воқеъ шуд дар он айём, ки акчанд анбиё аз Ерусалим ба Антиёхия омаданд.
  2. Яке аз онҳо, ки Оғобус ном дошт, бархоста аз Рўҳ илҳом ёфта, пешгўӣ кард, ки дар тамоми ҷаҳон қаҳтии сахте рўй хоҳад дод; он дар замони қайсар Клавдиюс рўй дод;
  3. Он гоҳ шогирдон қарор доданд ки ҳар яке алоқадри дороии худ ионате барои бародарони Яҳудо равона кунад;
  4. Ҳамин тавр ҳам карданд, ва онро ба василаи Барнаббо ва Шоул ба пирон фиристоданд.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s