Аъмол боби 10

Аз  ҷиҳати  рўҳӣ  бедор  шудани  Корнилюси  мирисад.

  1. Дар Қайсария Корнилюс ном марде мирисади фавҷи ба ном Итолиявӣ буд
  2. Ва бо тамоми аҳли байташ парҳезгор ва Худотарс буда, ба қавм садақоти бисьёре медод ва ҳамеша назди Худо дуо мегуфт.
  3. Рўзе, тақрибан соати нўҳ, фариштаи Худоро ошкоро дар рўъё дид, ки назди ў омада, гуфт:“Эй Корнилиюс!“.
  4. Ў ба вай нигариста ва ба ҳарос афтода, гуфт:“Худовандо чӣ мефармоӣ?“ Ба ҷавоби ў гуфт:“Дуоҳои ту ва садақоти ту дар ҳузури Худо зикр ёфтаанд;
  5. Акнун ба Ёфо кас фиристода, Шимъўнро, ки лақабаш Петрус аст, даъват намо:
  6. Ў назди Шимўъни даббоғе ки хонааш дар соҳили баҳр аст, меҳмон аст; ў ба ту хоҳад гуфт, ки туро чӣ бояд кард“.
  7. Чун он фариштае ки бо Корнилиюс сухан гуфт, нопадид шуд, ў ду нафар аз навкарони худ ва як сарбози парҳезгорро, аз онҳое ки дар хизматаш буданд, даъват намуд
  8. Ва тамоми ҳодисаро ба онҳо нақл карда, онҳоро ба Ёфо фиристод.

Рўъёи  Петрус.

  1. Фардои он, ки онҳо роҳ паймуда, ба шаҳр наздик мешуданд, Петрус тақрибан соати шаш ба боми хона баромад, то ки дуо гўяд.
  2. Дар он ҷо гурусна монда, хост чизе бихўрад, ва ҳангоме ки барои ў муҳайё мекарданд, ҳолати бехудӣ ўро фаро гирифт,
  3. Ва осмонро кушода дид, ва инак зарфе сўи ў нозил мешуд, монанди сурфаи калоне ки аз чор гўшааш овезон ба замин мефуромада бошад;
  4. Дар дохили он ҳар гуна чорвои замин, ҳайвоноти ваҳшӣ, хазандагон ва мурғони ҳаво буданд.
  5. Хитобе ба гўшаш расид, ки мегуфт:“Эй Петрус, бархоста, забҳ кун ва бихўр!“
  6. Аммо Петрус гуфт:“Ҳошо, Худовандо, зеро ки ҳаргиз чизе ҳаром ё палид нахўрдаам“.
  7. Бори дигар хитобе ба гўшаш расид, ки мегуфт:“Он чи Худо пок кардааст, ту ҳаром нахон“.
  8. Ин ҳодиса се бор такрор ёфт, ва он зарф ба осмон баромад.

Фиристодагони  Корнилиюс  дар  назди  Петрус.

  1. Чун Петрус бисьёр мутаҳайир шуда, фикр мекард, ки ин рўъё чӣ маънӣ дошта бошад, фиристодагони Корнилиюс хонаи Шимъўнро суроғ карда, назди дарвозаи он омаданд
  2. Ва нидо карда, пурсиданд:“Оё Шимъўне ки лақабаш Петрус аст, дар ин ҷост?“
  3. Дар сурате ки Петрус ҳанўз дар бораи рўъё андеша мекард, Рўҳ ба ў гуфт:“Инак, се мард туро суроғ мекунанд;
  4. Пас, бархоста, фуруд ой ва ҳеҷ шубҳа накарда, ҳамроҳо онҳо бирав, зеро ки Ман онҳоро фиристодаам“.
  5. Петрус назди одамоне ки аз ҷониби Корнилиюс сўи ў фиристода шуда буданд, фуромада, гуфт:“Манам он касе ки суроғ мекунед; ба чӣ кор омадаед?“
  6. Гуфтанд:“Корнилиюси мирисад, ки Марди некўкор ва худотарс ва назди тамоми қавми яҳудӣ некном аст, аз фариштаи муқаддас фармон гирифтааст, ки туро ба хонаи худ даъват намояд ва суханонатро бишнавад“.

Петрус  ба  Қайсария  меравад.

  1. Онҳоро ба хона таклиф карда, зиёфат дод, ва рўзи дигар бархоста, ҳамроҳашон равона шуд, ва чанд нафар аз бародарон, ки аҳли Ёфо буданд, бо ў рафтанд.
  2. Фардои он ба Қайсария расиданд. Конилиюс, ки хешу табор ва дўстони наздикашро даъват карда буд, ба онҳо интизорӣ дошт.
  3. Вақте ки Петрус дохили хона мешуд, Корнилиюс ўро пешвоз гирифта ва бар пойҳояш афтода, таъзим кард.
  4. Аммо Петрус ўро ба по хезонда, гуфт:“Бархез, зеро ки ман низ инсон ҳастам“.
  5. Бо ў сўҳбаткунон ба хона даромада, дид, ки мардуми бисьёре ҷамъ омадаанд;
  6. Ба онҳо гуфт:“Шумо хуб медонед, ки ба яҳудӣ бо шахси бегона муошират доштан ё наздик шудан мамнўъ аст, вале Худо ба ман дастур дод, ки ҳеҷ касро палид ё наҷис надонам;
  7. Бинобар ин, вақте ки даъват шудам, бечуну чаро омадам, ва акнун мепурсам: аз барои чӣ маро даъват намудаед?“
  8. Корнилиюс гуфт:“Чор рўз пеш аз ин ман то ҳамин соат рўза доштам ва дар соати нўҳум дар хонаи худ дуо мегуфтам, ки ногоҳ шахсе бо либоси нуронӣ пеши ман пайдо шуд
  9. Ва гуфт:’’Эй Корнолиюс! Дуоҳои ту мустаҷоб шуд ва садақоти ту дар ҳузури Худо зикр ёфт;
  10. Акнун ба Ёфо фиристода, Шимўънро, ки лақабаш Петрус аст, даъват намо: ў дар хонаи Шимъўн ном даббоғе дар соҳили баҳр меҳмон аст; ў чун биёяд, бо ту сухан хоҳад ронд’’.
  11. Дарҳол назди ту фиристодам, ва ту хуб кардӣ, ки омадӣ; алҳол ҳамаамон дар ҳузури Худо ҳозирем, то ҳар он чиро, ки Худо ба ту фармудааст, бишнавем“.

Петрус  дар  хонаи  Корнилиюс  ба  халқҳо  мавъиза  менамояд.

  1. Петрус ба сухан оғоз карда, гуфт:“Акнун яқин донистам, ки Худо рўйбинӣ надорад.
  2. Ва аз ҳар қавм ҳар кӣ аз Ў тарсад ва аз рўи адолат рафтор кунад, дар ҳузури Ў мақбул аст.
  3. Ў каломи Худро ба бани-Исроил фиристода, ба василаи Исои Масеҳ, ки Худованди ҳама аст, башорати сулҳу осоиштагӣ дод.
  4. Шумо аз воқеъ ки дар сар то дари Яҳудо рўй дод хабардор ҳастед, ки он баъд аз таъмиде ки Яҳьё мавъиза намуд, аз Ҷалил оғоз шуда буд:
  5. Исои Носириро Худо бо Рўҳулқудс ва қуввати Худ татҳин кард, ва Ў ба ҳама ҷо рафта, корҳои нек мекард ва ба ҳамаи онҳое ки дар қайди иблис буданд, шифо мебахшид, зеро ки Худо бо Ў буд;
  6. Мо шоҳидони ҳамаи он корҳое ҳастем, ки Ў дар кишвари яҳудиён ва дар Ерусалим ба ҷо овард, ва онҳо Ўро ба салиб овехта, куштанд.
  7. Худо Ўро дар рўзи сеюм, эҳьё кард, ва Ўро зоҳир сохт.
  8. Аммо на бар тамоми қавм, балки ба шоҳидоне ки Худо пешакӣ баргузида буд, яъне ба моён, баъд аз эҳьё шудандаш аз мурдагон, бо Ў хўрдаем ва нўшидаем,
  9. Ва Ў ба мо фармуд, ки ба мардум мавъиза намоем ва шаҳодат диҳем, ки Худо Ўро Довари зиндагон ва мурдагон таъин кардааст.
  10. Тамоми анбиё бар Ў шаҳодат медиҳанд, ки ҳар кӣ ба Ў имон оварад, ба василаи исмин Ў гуноҳҳояш омурзида хоҳад шуд“.
  11. Ин суханон ҳанўз бар забони Петрус буд, ки Рўҳулқудс бар ҳамаи шунавандагони калом нозил шуд,
  12. Ва имондорони махтун, ки ҳамроҳи Петрус омада буданд, дар ҳайрат афтоданд, ки атои Рўҳулқудс ба ғайрияҳудиён низ ҷорӣ шудааст,
  13. Зеро шуниданд, ки онҳо ба забонҳо сухан ронда, Худоваднро ҳамду сано мехонданд. Он гоҳ Петрус гуфт:
  14. „Оё касе метавонад ба онҳое ки Рўҳулқудсро мисли мо низ ёфтаанд, бо об таъмид гирифтанро манъ кунад?“
  15. Ва фармуд, ки онҳоро ба исми Исои Масеҳ таъмид диҳанд. Ва аз ў хоҳиш карданд, ки якчанд рўз назди онҳо бимонад.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s