Марқӯс боби 9

Дигаргун  шудани  Худованд.

  1. Ва ба онҳо гуфт:“Ба ростӣ ба шум мегўям: аз истодагон дар ин ҷо баъзе ҳастанд, ки то Малакути Худоро, ки бо қурат меояд, набинанд, зоиқан маргро нахоҳанд чашид“.
  2. Ва баъд аз шаш рўз Исо Петрус, Яъқуб ва Юҳанноро ҳамроҳи Худ бурд ва онҳоро танҳо ба кўҳи баланде баровард ва дар пеши назари онҳо дигаргун шуд:
  3. Либосаш дурахшон ва чун барф бағоят сафед шуд, ки дар рўи замин ҳеҷ шустагаре наметавонад чунин сафед кунад.
  4. Ва Ильёс бо Мусо ба онҳо намоён шуда, бо Исо гуфтугў мекарданд.
  5. Он гоҳ Петрус ба Исо гуфт:“Эй Устод! Дар ин ҷо будани мо некўст; пас се чодар месозем: яке барои Ту, яке барои Мусо ва яке барои Ильёс“.
  6. Зеро намедонист, чӣ гўяд: чунки ҳаросон буданд.
  7. Ва абре пайдо шуда, бар онҳо соя андохт, ва овозе аз даруни абр баромад, ки мегуфт:“Ин Писари Маҳбуби Ман аст; Ўро бишнавед“.
  8. Баногоҳ, чун ба атрофи худ нигаристанд, касеро ҷуз Исо назди худ надиданд.
  9. Чун аз кўҳ мефуромаданд, Исо таъкид намуд, ки то Писари Одам аз мурдагон эҳьё нашавад, он чи дидаанд, ба касе нагўянд.
  10. Ва онҳо ин суханонро дар ёд дошта, аз якдигар мепурсиданд, ки аз мурдагон эҳьё шудан чӣ маънӣ дорад?
  11. Ва аз Ў пурсиданд:“Чаро китобдонон мегўянд, ки Ильёс бояд аввал биёяд?“
  12. Ў ба ҷавоби онҳо гуфт:“Дуруст аст, ки Ильёс бояд аввал биёяд ва ҳама чизро соз кунад; ва Писари Одам, чунон ки дар бораи Ў навишта шудааст, ранҷи бисьёр бинад ва ҳақир шумурда шавад“,
  13. „Лекин ба шумо мегўям, ки Ильёс ҳам омад ва бо вай он чи хостанд, карданд, чунон ки дар бораи вай навишта шудааст“.

Шифо  ёфтани  девона.

  1. Чун назди шогирдонаш омад, мардуми бисьёрро гирди онҳо дид, ва китобдононро, ки бо онҳо мубоҳиса мекарданд.
  2. Дарҳол тамоми мардм, чун Ўро диданд, дар ҳайрат монданд ва давон-давон омда, ба Ў салом доданд.
  3. Ў аз китобдонон пурсид:“Бо инҳо чӣ мубоҳиса мекунед?“
  4. Яке аз байни мардум ба ҷавоб гуфт:“Эй Устод! писари худро назди Ту овардам, ки рўҳи гунге дорад:“
  5. „Ҳар ҷо, ки вайро бигирад, ба замин мезанад, вай кафк бароварда, дандонҳо бо ҳам месояд ва карахт мешавад; Ба шогирдони Ту гуфтам, ки онро берун кунанд, натавонистанд“.
  6. Ў ба ҷавоби вай гуфт:“Эй насли беимон: То кай бо шумо бошам? То кай шуморо тоқат кунам? Вайро назди Ман биёред“.
  7. Вайро назди Ў оварданд. Чун Ўро дид, рўҳ вайро ба ларза андохт; вай ба замин афтода ва ғел зада, кафк баровард.
  8. Ва аз падари вай пурсид:“Кай боз ба ин ҳолат гирифтор аст?“ Гуфт:“Аз кўдакӣ“
  9. „Борҳо вайро дар оташ ва дар об афканд, то вайро ҳалок кунад; лекин, агар метавонӣ, ба мо раҳм кун ва ёрӣ расон“.
  10. Исо ба вай гуфт:“Агар имон оварда тавонӣ, барои имондор ҳама чиз имконпазир аст“.
  11. Дарҳол падари кўдак фарьёд зада, гирьякунон гуфт:“Имон меоварам, эй Худованд! Ба беомонии ман мадад кун“.
  12. Чун Исо дид, ки мардум сўяш шитоб мекунанд, рўҳи палидро мазаммат намуда, гуфт:“Эй рўҳи гунг ва кар! Ба ту амр мефармоям, ки аз вай берун рав ва дигар дохили вай нашав“.
  13. Пас бонг зада, вайро сахт ба ларза андохта, берун рафт; вай монанди мурда гашт, ба тавре ки бисьёр касон гуфтанд, ки вай мурдааст.
  14. Лекин Исо дасташро гирифта бархезонд; вай ба по истод.
  15. Ва чун ба хона даромад, шогирдонаш аз Ў ба танҳои пурсиданд:“Чаро мо онро берун карда натавонистем?“
  16. Ба онҳо гуфт:“Ин ҷинс ба ҳеҷ ваҷҳ берун намеравад, ҷуз ба дуо ва рўза“.

Исо  бори  дуюм  мамот  ва  эҳьёи Худро  пешгўӣ  мекунад.

  1. Ва аз он ҷо равона шуда, аз Ҷалил мегузаштанд; ва Ў намехост, ки касе Ўро бишносад.
  2. Зеро шогирдони Худро таълим дода мегуфт, ки Писари Одам ба дасти одамон таслим карда хоҳад шуд, ва Ўро хоҳанд кушт; чун кушта шуд, пас аз се рўз эҳьё хоҳад шуд.
  3. Лекин онҳо ин суханро нафаҳмиданд ва тарсиданд, ки аз Ў пурсанд.

Иззатталабии   шогирдон.

  1. Ба Кафарнаҳум омад; чун дар хона буд, аз онҳо пурсид:“Дар роҳ бо якдигар дар чӣ хусус муҳокима мекардед?“
  2. Онҳо хомўш монданд, чунки дар роҳ бо якдигар муҳокима мекарданд, ки кист бузургтар.
  3. Ў нишаста, он дувоздаҳро наздаш хонд ва ба онҳо гуфт:“Ҳар кӣ мехоҳад нахустин бошад, вопасин ва хизматгори ҳама шавад“.
  4. Пас кўдакеро гирифта, дар миёни онҳо ба по гузошт ва, дар оғўш кашида, ба онҳо гуфт:
  5. „Ҳар кӣ яке аз ин гуна кўдаконро ба исми Ман қабул кунад, вай Маро қабул кунад; ва ҳар кӣ Маро қабул кунад, вай на Маро, балки Фиристодаи Маро қабул мекунад“.

Рашки  сохтаи  шогирдон.

  1. Он гоҳ Юҳанно гуфт:“Эй Устод! Мо касеро дидем, ки ба исми ТУ девҳоро берун мекард, лакин моро пайравӣ намекард, ва мо вайро манъ кардем, чунки моро пайравӣ намекард“.
  2. Исо гуфт:“Вайро манъ накунед; зеро ҳеҷ касе нест, ки ба исми Ман мўъҷиза бинамояду ба зудӣ дар ҳаққи Ман бад гуфта тавонад“.
  3. „Зеро ҳар кӣ зидди мо нест, бо мост“.
  4. „Ва ҳар кӣ ба исми Ман шуморо, аз он рў ки пайрави Масеҳ ҳастед, косаи обе бинўшонад, ба ростӣ ба шумо мегўям, ки мукофоти худро зоеъ нахоҳад кард“.

Огоҳонидан  аз  васваса.

  1. Ва ҳар кӣ яке аз ин тифлонро, ки ба Ман имон меоваранд, ба васваса андозад, барои вай беҳтар аст, ки санги осиёе бар гарданаш овехта, вайро дар баҳр афкананд.
  2. Ва агар дастат туро ба васваса андозад, онро бибур: барои ту беҳтар аст, ки маъюб шуда ба ҳаёт дароӣ, аз ин ки бо ду даст ба дўзах равона шавӣ, дар оташе ки хомўш нашаванда аст,
  3. Ки дар он ҷо кирми онҳо намемирад, ва оташ хомўш намешавад.
  4. Ва агар поят туро ба васваса андозад, онро бибур: барои ту беҳтар аст, ки ланг шуда ба ҳаёт дароӣ, аз ин ки бо ду по дар дўзах андохта шавӣ, дар оташе ки хомўшнашаванда аст.
  5. Ки дар он ҷо кирми онҳо намемирад, ва оташ хомўш намешавад.
  6. Ва агар чашмат туро ба васваса андозад, онро бикан: барои ту беҳтар аст, ки якчашма шуда ба Малакути Худо дароӣ, аз ин ки бо ду чашм дар оташи дўзах андохта шавӣ,
  7. Ки дар он ҷо кирми онҳо намемирад, ва оташ хомўш намешавад.
  8. Зеро ҳар кас бо оташ намакин хоҳад шуд, ва ҳар қурбон бо намак намакин хоҳад шуд.
  9. Намак хуб аст; Лекин агар намак шўр набошад, бо чӣ шумо онро ислоҳ мекунед? Пас дар худ намак бидоред, ва бо якдигар муросо кунед.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s