Марқӯс боби 8

Сер  шудани  чор  ҳазор  нафар.

  1. Дар он рўзҳо, ки боз мардуми бисьёре ҷамъ омада буданд ва барои хўрдан чизе надоштанд, Исо шогирдони Худро пеш хонда, гуфт:
  2. Ба ин мардум дилам месўзад, зеро ки се рўз боз назди Ман мебошанд ва барои хўрдан чизе надоранд;
  3. Агар онҳоро гурусна ба хонаҳошон ҷавоб диҳам, дар роҳ бемадор хоҳанд шуд, зеро ки баъзе аз онҳо аз роҳи дур омадаанд.
  4. Шогирдонаш ба Ў ҷавоб доданд:“Аз куҷо касе метавонад дар ин биёбон онҳоро аз нон сер кунад?“
  5. Аз онҳо пурсид:“Чандто нон доред?“ Гуфтанд:“Ҳафтто“
  6. Пас ҷамоатро фармуд, ки бар замин бинишинанд; ҳафт нонро гирифта, бо изҳори шукргузорӣ пора кард ва ба шогирдонаш дод, то пеши ҷамоат гузоранд; ва онҳо гузоштанд.
  7. Ва чанд моҳии майда низ дошанд; онҳоро низ, баракат дода, фармуд, ки пеши ҷамоат гузоранд.
  8. Онҳо хўрда сер шуданд; ва аз пораҳои боқимонда ҳафт сабадро пур карда бардоштанд.
  9. Хўрандагон қариб чор ҳазор нафар буданд. Ва онҳоро ҷавоб дод.

Фарисиён  аломат  талаб  мекунанд.

  1. Дарҳол бо шогирдонаш ба қаиқ савор шуда, ба ҳудуди Далмонуто омад.
  2. Фарисиён берун омада, бо Ў ба мунозира даромаданд ва Ўро озмуда, аломати осмонӣ аз Ў талаб карданд.
  3. Ў, аз дил оҳе кашида, гуфт:“Чаро ин насл аломате талаб мекунад? Ба ростӣ ба шумо мегўям: аломате ба ин насл ато нахоҳад шуд“.
  4. Пас онҳоро гузошта, боз ба қаиқ савор шуд ва ба соҳили дигар гузашт.

Огоҳонидан  аз  хамиртуруши  фарисиён  ва  Ҳиродус.

  1. Онҳо нон гирифтанро фаромўш карднанд ва бо худ дар қаиқ ҷуз як нон надоштанд.
  2. Ў онҳоро огоҳ карда, гуфт:“Бохабар бошед, аз хамитуруши фарисиён ва аз хамиртуруши Ҳиродус ҳазар кунед“.
  3. Онҳо бо якдигар муҳокима ронда, мегуфтанд:“Ин аз он сабаб аст, ки нон надорен“.
  4. Исо инро дарьёфта, ба онҳо гуфт:“Чаро муҳокима мекунед, ки нон надоред? Оё ҳанўз нафаҳмидаед ва дарк накардаед? Оё то ҳол дили шумо сахт аст?“
  5. „Чашм дореду намебинед? Гўш дореду намешунавед? Ва дар хотир надоред?“
  6. „Ҳангоме ки панҷ нонро барои панҷ ҳазор нафар пора кардам, чанд сабад пур аз пораҳо бардоштед?“Ба Ў гуфтанд:“Дувоздаҳ“.
  7. „Ва ҳангоме ки ҳафт нонро барои чор ҳазор нафар пора кардам, чанд сабад пур аз пораҳо бардоштед?“ Гуфтанд:“ҳафт“.
  8. Ба онҳо гуфт:“Пас чаро намефаҳмед?“

Шифо  ёфтани  кўр  дар  наздикии  Байт-Сайдо.

  1. Чун ба Байт-Сайдо омад, кўреро назди Ў оварда, зорӣ намуданд, ки вайро ламс кунад.
  2. Ў дасти кўрро гирифта, вайро аз қасаба берун бурд ва ба чашмони вай туф карда, дастҳои Худро бар вай гузошт ва пурсид:“Оё чизе мебинӣ?“
  3. Вай назар афканда, гуфт:“Одамонро хиромон чун дарахтон мебинам“.
  4. Он гоҳ дастҳояшро бори догар бар чашмони вай гузошта, фармуд, ки назар афканад. Вай шифо ёфт ва ҳама чизро ба хубӣ бидид.
  5. Пас вайро ба хонааш фиристода, гуфт:“Дохили қасаба нашав ва дар он ҷо ба касе нақл накун“.

Эътирофи  Петрус.

  1. Ва Исо бо шогидонаш ба қасабаҳои Қайсарияи Филиппус рафт. Дар аснои роҳ аз шогирдонаш пурсид:“Мардум Маро кӣ мегўянд?“
  2. Онҳо ҷавоб доданд:“Мегўянд, ки Яҳьёи Таъмиддиҳандаӣ; баъзе мегўянд, ки Ильёсӣ; ва баъзе мегўянд, ки яке аз пайғамбаронӣ“.
  3. Ў ба онҳо гуфт:“Шумо Маро кӣ мегўед?“ Петрус ҷавоб дода, гуфт:“Ту Масеҳ ҳастӣ“.
  4. Пас ба онҳо таъин кард, ки дар бораи Ў ба ҳеҷ кас гап назананд.

Исо  бори  аввал  дар  бораи  уқубатҳои  Худ  эълон  мекунад.

  1. Он гоҳ ба таълими онҳо оғоз намуда, гуфт, ки“Писари Одам бояд бисьёр азоб кашад ва аз тарафи пирон, саркоҳинон ва китобдонон рад карда ва кушта шавад ва пас аз се рўз эҳьё шавад“.
  2. Чун ин суханро ошкоро мегуфт, Петрус Ўро ба як сў бурда, ба эътироз кардан шурўъ намуд.

Хизматгузории   ҳақиқӣ.

  1. Лекин Ў баргашта, ба шогирдонаш нигарист ва Петрусро манъ карда, гуфт:“Эй шайтон, аз Ман дур шав, зеро ту на дар бораи амру наҳйи Худо, балки аз чизҳои инсонӣ андеша мекунӣ“.
  2. Пас мардумро бо шогирдонаш назди Худ хонда, гуфт:“Ҳар кӣ хоҳад аз ақиби Ман биёяд, бояд хештанро инкор карда ва салиби худро бардошта, Маро пайравӣ намояд:
  3. „Зеро ҳар кӣ ҷони худро раҳонидан хоҳад, онро барбод медиҳад; ва ҳар кӣ ҷони худро дар роҳи Ман ва Инҷил барбод диҳад, онро мераҳонад“
  4. „Зеро ба одам чӣ фоида дорад, ки агар вай тамоми дуньёро ба даст оварад ва ба ҷони худ зиён расонад?“
  5. „Ё ки одамизод ба ивази ҷони худ чӣ фидияе медиҳад?“
  6. „Зеро, ҳар кӣ дар ин насли зинокор ва осӣ аз Ман ва аз суханони Ман шарм кунад, Писари Одам низ, ҳангоме ки бо фариштагони муқаддас дар ҷалоли Падари Худ меояд, аз вай шарм хоҳад кард“.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s