Марқӯс боби 7

Аҳкоми  Худо  аз  қоидаҳои  инсонӣ болотар  аст.

  1. Фарисиён ва баъзе китобдонон, ки аз Ерусалим омада буданд, назди Ў ҷамъ шуданд;
  2. Ва чун диданд, ки баъзе шогардони Ў бо дастҳои нопок , яъне ношуста, нон мехўранд, сарзаниш карданд.
  3. Зеро ки фарисиён ва ҳамаи яҳудиён ба ривоятҳои муршидон пайравӣ намуда, то дастҳои худро бодиққат нашўянд, хўрок намехўрданд;
  4. Ва чун аз бозорҳо оянд, то нашўянд чизе намехўранд.Ва бисьёр расмҳои дигар ҳаст, ки нигоҳ медоранд; монанди шустани пиёлаҳо, кўзаҳо ва курсиҳо.
  5. Пас фарисиён ва китобдонон аз Ў пурсиданд:“Чаро шогирдони Ту ба ривоятҳои муршидон пайрави намекунанд, балки бо дастҳои ношушста нон мехўранд?“
  6. Ў ба онҳо ҷавоб дода гуфт:“Ишаъё дар бораи шумо, эй риёкорон, некў пайғом додааст, чунон ки навишта шудааст:’’Ин мардум бо лабони худ Маро парастори мекунанд, лекин дилашон аз Ман дур аст;
  7. Пас Маро бар абас парастиш мекунанд, зеро ки таълиму аҳкоми инсониро таълим медиҳанд’’.
  8. Зеро шумо ҳукми Худоро як сў гузошта, ривоятҳои инсониро, монанди шустани кўзаҳо ва пиёлаҳо, нигоҳ медоред ва бисьёр расмҳои дигарро ба ҷо меоваред“.
  9. Ва ба онҳо гуфт:“Оё хуб аст, ки шумо ҳукми Худоро ботил мекунед, то ки ривояти худро риоя менамоед?“
  10. Зеро Мусо гуфтааст’’Падару модари худро иззат намо’’ Ва:’’Ҳар ки падар ё модари худро дашном диҳад, албатта ҳалок гардад’.
  11. Лекин шумо мегўед:’’Ҳар гоҳ касе ба падар ё модари худ гўяд:“Он чи аз ман нафъ ёбӣ, қурбон, яъне ҳадия барои Худост“‘‘
  12. Ва баъд аз ин намегузоред, ки вай барои падар ё модари худ ягон чиз кунад,
  13. Дар айни ҳол каломи Худоро бо ривояти худ, ки ҷори сохтаед, бартараф менамоед; ва бисьёр расмҳои монанди инро ба ҷо меоваред“.

Одамро  ба  ҳузури  Худо  чӣ  палид  мекунад.

  1. Ва он ҷамоатро назди Худ даъват намуда, гуфт:“Ҳама ба Ман гўш диҳед ва бифаҳмед“.
  2. „Чизе нест, ки аз берун ба даруни одам даромада, вайро палид карда тавонад; балки чизе ки аз дарунаш баромада бошад, одамро палид мекунад“.
  3. Ҳар кӣ гўши шунаво дорад, бишнавад!
  4. Ва чун аз назди ҷамоат ба хона даромад, шогирдонаш маънии ин масалро аз Ў пурсиданд.
  5. Ў ба онҳо гуфт:“Оё шумо низ бефаҳм ҳастед? Оё намедонед, ки ҳар чизе аз берун ба даруни одам дарояд, наметавонад вайро нопок кунад?
  6. „Зеро ба даруни дилаш намедарояд, балки ба шикамаш меравад ва аз он хориҷ мешавад, ва ба ин сурат ҳар хўрок пок мегардад“.
  7. Баъд гуфт:“Он чи аз одам берун ояд, одамро нопок месозад;
  8. Зеро ки аз даруни дили одам хаёлоти бад, зино, фисқ, қатл,
  9. Дуздӣ, тамаъ, кина, макр, ҳирс, чашми бад, куфр, ғурур ва ҷаҳолат пайдо мешавад.
  10. Тамоми ин чизҳои бад аз дарун пайдо шуда, одамро палид мекунанд.

Исо  ва  зане  ки  аз  Финиқияи  Сурия  буд.

  1. Ва аз он ҷо равона шуда, ба ҳудуди Сўр ва Сидўн расид; ва ба хонае даромада, нахост, ки касе Ўро шиносад; лекин натавонист пинҳон монад.
  2. Зеро зане ки духтараш рўҳи палид дошт, хабари Ўро шунид ва ҳамон дам омада, пеши пои Ў афтод;
  3. Ва он зан юнонӣ, аз аҳли Финиқияи Сурия буд; ва аз Ў илтимос кард ки девро аз духтараш берун кунад.
  4. Лекин Исо ба вай гуфт““Бигзор аввал бачагон сер шаванд, зеро нони бачагонро гирифта, пеши сагон партофтан хуб нест“.
  5. Зан ҷавоб дода гуфт:“Оре, Худовандо; лекин сагон низ пасмондаҳои бачагонро зери сурфа мехўранд“.
  6. Ба вай гуфт:“Аз барои ин суханат бирав, ки дев аз духтарат берун шуд“.
  7. Чун зан ба хонаи худ омад, девро беруншуда ва духтарро бар бистар хуфта ёфт.

Касе  ки  гўши кар  ва  лакнати  забон  дошт  шифо  ёфт.

  1. Боз аз ҳудуди Сўр ва Сидўн баромада, Ў ба воситаи ҳудуди Декаполис сўи баҳри Ҷалил равона шуд.
  2. Назди Ў якеро оварданд, ки гўши кар ва лакнати забон дошт, ва илтимос карданд, ки даст бар вай гузорад.
  3. Вайро аз миёни ҷамоат ба хилват бурда, ангушти Худро дар гўшҳои вай ниҳод ва туф карда, забонашро ламс кард;
  4. Ва ва ба осмон нигариста, оҳе кашид ва ба вай гуфт:“Ифатаҳ“, яъне „Воз шав“.
  5. Дарҳол гўшҳояш кушода ва гиреҳи забонаш яла шуда, ба дурустӣ сухан гуфт.
  6. Ва ба онҳо таъин кард, ки ба касе хабар надиҳанд. Лекин ҳарчанд ба онҳо таъин мекард, онҳо бештар овоза мекарданд.
  7. Ва бағоят ҳайрон монда, мегуфтанд:“Ҳар корро нағз мекунад: карҳоро шунаво ва гунгҳоро гўё мегардонад“.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s