Марқӯс боби 6

Исо  аз  нав  дар  Носира.

  1. Аз он ҷо баромада, ба зодгоҳи Худ омад, ва шогирдонаш аз ақиби Ў омаданд.
  2. Чун рўзи шанбе расид, дар куништ ба таълим додан оғоз намуд, ва бисьёр шунавандагон дар ҳайрат монда, мегуфтанд:“Аз куҷост дар Ў ин чизҳо? Чӣ ҳикматест, ки ба Ў ато шудааст ки чунин мўъҷизот аз дасти Ў содир мегардад?“
  3. „Оё ин ҳамон наҷҷор нест, ки писари Марьям ва бародари Яъқуб, Йўсе, Яҳудо ва Шимъўн аст? Оё хоҳарони Ў ин ҷо дар байни мо намебошанд?“ Ва дар ҳаққи Ў ба васваса меафтоданд.
  4. Лекин Исо ба онҳо гуфт:“Пайғамбар беқадр набошад, ҷуз дар зодгоҳи худ ва дар байни хешовандон ва дар хонаи худ“.
  5. Ва дар он ҷо ҳеҷ мўъҷиза нишон дода натавонист, ҷуз он ки дастҳояшро бар чанд беморе ниҳода, онҳоро шифо дод.
  6. Ва аз беимонии онҳо дар ҳайрат афтод. Дар деҳоти он музофот гашта, таълим медод.

Исо  12  шогирдонро  мефиристад,  то  ки мавъиза намоянд  ва шифо  диҳанад.

  1. Пас он дувоздаҳро назди Худ хонда, ба ҷуфт-ҷуфт фиристодани онҳо оғоз намуд ва ба онҳо бар арвоҳи палид қурат дод.
  2. Ва фармуд, ки барои роҳ ҳеҷ чизе бо худ, ҷуз асое, нагиранд: на тўрбае, на ноне, на пуле, на камарбанд,
  3. Балки чоруқе дар по кашанд ва ду пероҳан дар бар накунанд.
  4. Ва ба онҳо гуфт:“Ҳар ҷо, ки ба хонае даромадед, то вақти сафар кардан дар он ҷо бимонед.
  5. Ва ҳар ҷо, ки шуморо қабул накунанд ва ба суханони шумо гўш надиҳанд, аз он ҷо берун рафта, ғубори пойҳои худро биафшонед, то шаҳодате бар онҳо гардад. Ба ростӣ ба шумо мегўям: ҳолати Садўм ва Амўро дар рўзи доварӣ аз он шаҳр саҳлтар хоҳад буд“.
  6. Онҳо равона шуда, ба мавъиза кардан оғоз намуданд, ки бояд тавба кард;
  7. Бисьёр девҳоро берун карданд ва бисьёр беморонро равған молида шифо доданд.

Қатли  Яҳьёи  Таъмиддиҳанда.

  1. Чун подшоҳ Ҳиродус шунид, — зеро номи Ў шўҳрат ёфта буд,- гуфт, ки Яҳьёи Таъмиддиҳанда аз мурдагон эҳьё шудааст, ва аз ин сабаб мўъҷизот аз вай ба зуҳур меояд.
  2. Баъзе мегуфтанд, ки ин Ильёс аст. Аммо баъзе мегуфтанд, ки ин пайғамбар аст, ё чун яке аз пайғамбарон.
  3. Лекин Ҳиродус, чун шунид, гуфт:“Ин ҳамон Яҳьёст, ки ман сарашро аз танаш ҷудо кардам; вай аз мурдагон эҳьё шудааст“.
  4. Зеро Ҳиродус одам фиристода, Яҳьёро дастгир карда ба зиндон андохта буд, ба хотири Ҳиродия зани Филиппус бародараш, ки вайро ба нокиҳи худ дароварда буд.
  5. Зеро Яҳьё ба Ҳиродус гуфта буд:“Зани бародари худро ба никоҳ даровардани ту раво нест“.
  6. Пас Ҳиродия ба Яҳьё кина баста буд ва мехост ўро ба қатл расонад, лекин наметавонист.
  7. Зеро ки Ҳиродус аз Яҳьё метарсид, вайро Марди одилу муқаддас медонист ва рўихотир мекард; ба гапаш гўш дода, бисьёр музтариб мешуд ва суханонашро ба хушӣ мешунид.
  8. Фурсате расид, ки Ҳиродус ба муносибати рўзи таваллуди худ барои мансабдорони худ, ба мириҳазорон ва калонтарони Ҷалил базме орост,
  9. Ва духтари Ҳиродия ба базм даромада рақсид, Ҳиродус ва ононеро, ки ҳамроҳаш нишаста буданд шод намуд. Подшоҳ ба духтар гуфт:“Ҳар чӣ мехоҳӣ, аз ман талаб кун, онро ба ту бидиҳам“.
  10. Ва қасам ёд кард, ки“ҳар чӣ аз ман талаб кунӣ, ҳатто нисфи қаламрави ман бошад ҳам, ба ту медиҳам“.
  11. Духтар берун рафта, аз модари худ пурсид, ки“чӣ талаб кунам?“ Модараш ҷавоб дод:“Каллаи Яҳьёи Таъмиддиҳандаро“.
  12. Вай дарҳол назди подшоҳ шитофт ва гуфт:“Мехоҳам каллаи Яҳьёи Таъмиддиҳандаро ҳамин дам дар табақе ба ман ҳадия кунӣ“.
  13. Подшоҳ басе ғамгин шуд; лекин барои поси савгандаш ва барои ононе ки ҳамроҳаш нишаста буданд, хоҳиши вайро рад кардан нахост.
  14. Дарҳол подшоҳ ҷаллодеро фиристода, фармуд, ки каллаи вайро биёрад;
  15. Ҷаллод рафта, дар зиндон каллаи вайро аз тан ҷудо кард ва бар табақе ниҳода овард ва ба духтар дод, ва духтар онро ба модари худ дод.
  16. Чун шогирдонаш шуниданд, омада, ҷасади вайро бардошта бурданду гўр карданд.

Баргаштани  12  ҳаввориён.

  1. Ҳаввориён назди Исо ҷамъ омада, ҳар он чиро, ки ба ҷо оварда ва таълим дода буданд, ба Ў нақл карданд.
  2. Ў ба онҳо гуфт:“Шумо ба танҳоӣ ба ягон ҷои хилват биравед ва каме истироҳат кунед“ Зеро омаду рафт чунон бисьёр буд, ки фурсати нон хўрдан ҳам надоштанд.

Сер  шудани  панҷ  ҳазор  мард.

  1. Пас ба танҳоӣ бо қаиқ ба ҷои хилват равона шуданд.
  2. Чун мардум онҳоро диданд, бисьёре онҳоро шинохтанд, аз ҳамаи шаҳрҳо пиёда ба он сў шитофтанд ва аз онҳо пеш гузашта, назди Ў ҷамъ шуданд.
  3. Исо берун омада, анбўҳи мардумро дид ва ба онҳо раҳмаш омад, зеро онҳо мисли гўсфандоне буданд, ки чўпон надоштанд; ва онҳоро бисьёр таълим додан гирифт.
  4. Азбаски вақт хеле гузашта буд, шогирдонаш назди Ў омада гуфтанд:“Ин ҷо ҷои хилват аст, вақт ҳам дер шуд;„
  5. „Инҳоро ҷавоб деҳ, то ки ба қасабаю музофоти ин деҳот рафта, барои худ ноне бихаранд; зеро ки ҳеҷ хўроке надоранд“.
  6. Ў дар ҷавобашон гуфт:“Шумо ба онҳо хўрок диҳед“. Ба Ў гуфтанд:“Магар мо рафта, ба дусад динор нон бихарем ва барои хўрдани онҳо диҳем?“
  7. Аз онҳо пурсид:“Чандто нон доред? Рафта бинед“. Онҳо дарьёфта, гуфтанд:“Панҷ нон ва ду моҳӣ“.
  8. Он гоҳ фармуд, ки ҳамаро даста-даста бар сабза шинонанд.
  9. Пас қатор -қатор, саднафара ва панҷоҳнафара нишастанд.
  10. Ў панҷ нону ду моҳиро гирифта ва ба осмон нигариста, баракат дод ва пора карда, ба шогирдонаш дод, то пеши ҷамоат гузоранд. Ду моҳиро низ ба ҳамаи онҳо тақсим кард.
  11. Ҳама хўрданду сер шуданд;
  12. Ва аз пораҳои нон ва моҳӣ дувоздаҳ сабадро пур карда бардоштанд;
  13. Хўрандагони нон тақрибан панҷ ҳазор мард буданд.

Исо  бар  баҳр  қадам мезанад.

  1. Дарҳол Ў шогирдонашро фармуд, ки ба қаиқ савор шуда, пеш аз Ў ба он соҳил сўи Байт-Сайдо равона шаванд, то Ў мардумро ҷавоб диҳад.
  2. Ва чун онҳоро ҷавоб дод, барои дуо гуфтан ба фарози кўҳе баромад.
  3. Шомгоҳон қаиқ ба миёнаи баҳр расида буд, ва Ў танҳо бар хушкӣ буд.
  4. Ва онҳоро дар рондани қаиқ бемаҷол дид, зеро ки боди мухолиф мевазид; наздикии поси чоруми шаб бар баҳр қадам зада назди онҳо омад, ва мехост аз онҳо бигзарад.
  5. Онҳо чун Ўро диданд, ки бар баҳр қадам мезанад, гумон карданд, ки ин шабаҳ аст, ва фарьёд заданд.
  6. Зеро ки ҳама Ўро дида, ҳаросон шуданд. Дарҳол Ў ба онҳо хитоб карда, гуфт:“Ором бошед; ин Манам, ҳаросон нашавед“.
  7. Ва назди онҳо ба қаиқ даромад; бод низ сокит шуд. Ва онҳо бениҳоят дар ҳайрат афтоданд ва тааҷҷуб карданд.
  8. Зеро ки мўъҷизаи нонро дарк накарда буданд, чунки дилашон сахт буд.

Исо  назди  баҳри  Ҷинесор  шифо  медиҳад.

  1. Ва аз баҳр гузашта, ба сарзамини Ҷинесор омаданд ва лангар андохтанд.
  2. Чун аз қаиқ баромаданд, дарҳол мардум Ўро шинохтанд.
  3. Ва сар то сари он музофот шитофтанд ва беморонро бар тахтаҳо ниҳода, ба ҳар ҷо, ки мешуниданд Ў он ҷост, меоварданд.
  4. Ва ба ҳар ҷо, ки Ў ба қасабаҳо ё шаҳрҳо ё деҳкадаҳо меомад, беморонро дар сари гузар мегузоштанд ва аз Ў илтимос менамуданд, ки фақат домани ҷомаи Ўро ламс кунанд; ва ҳар кӣ ламс кард, шифо ёфт.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s