Марқӯс боби 5

Шифо  ёфтани  девона  дар  Ҷадар.

  1. Пас ба он канори баҳр ба сарзамни ҷадариён расиданд.
  2. Чун аз қаиқ берун омад, дарҳол касе ки рўҳи палид дошт, аз миёни гўрҳо баромада, бо Ў рў ба рў шуд,
  3. Ки бошишгоҳи вай мағоки гўр буд, ва ҳеҷ кас наметавонист бо занҷир ҳам вайро бибандад;
  4. Зеро ки борҳо вайро бо завлона ва занҷирҳо баста буданд, лекин занҷирҳоро канда ва завлонаҳоро шикаста буд, ва ҳеҷ кас наметавонист вайро ром кунад;
  5. Ва ҳамеша, рўзу шаб, дар кўҳҳо ва дар миёни гўрҳо фарьёд мекашид ва худро бо сангҳо мезад.
  6. Чун Исоро аз дур дид, давон-давон омада, ба Ў саҷда кард.
  7. Ва бо овози баланд фарьёд зада, гуфт:“Туро бо ман чӣ кор аст, эй Исо, Писари Худои Таоло? Туро ба Худо қасам медиҳам, ки маро азоб надиҳӣ!
  8. Зеро ки ба вай гуфта буд:“Эй рўҳи палид, аз ин шахс берун шав“.
  9. Ва аз вай пурсид:“Номи ту чист?“ Вай ҷавоб дод:“Номи ман легион аст, чунки мо бисьёрем“.
  10. Ва аз Ў бисьёр илтимос мекарданд, ки онҳоро аз он сарзамин берун накунад.
  11. Ва дар чарогоҳи он кўҳҳо галаи бузуги хукҳо мечарид.
  12. Ва ҳамаи девҳо аз Ў илтимос карда, гуфтанд:“Моро ба хукҳо равона кун, то дар онҳо дохил шавем“.
  13. Исо дарҳол ба онҳо иҷозат дод. Ва арвоҳи палид берун шуда, ба хукҳо даромаданд ва он гала аз баландӣ якбора ба баҳр ҷаст, ва онҳо қариб ду ҳазор буданд ва дар баҳр ғарқ шуданд.
  14. Ва хукбонҳо давида рафтанду дар шаҳр ва дар деҳот онро нақл карданд. Ва мардуми барои дидани он моҷаро берун шитофтан.
  15. Ва назди Исо омада, он девонаро нишаста диданд, ки дар вай легион буд, ва либос пўшидааст ва ақлаш солим гаштааст; Ва ҳаросон шуданд.
  16. Касоне ки дида буданд, саргузашти девонаро, ва он чиро, ки ба хукон рўй дод, ба онҳо нақл карданд.
  17. Ва аз Ў илтимос карданд, ки аз ҳудуди онҳо берун равад.
  18. Ва чун ба қаиқ савор шуд, он ки девона буд, аз Ў иҷозат пурсид, ки бо Ў бошад.
  19. Аммо Исо иҷозат надод, балки ба вай гуфт:“Ба хона назди хешу табори худ бирав ва хабар деҳ аз он чи, ки Худованд бо ту кардааст, ва чӣ гуна ба ту раҳм намудааст“.
  20. Пас вай равона шуда, он чиро, ки Исо бо вай карда буд, дар Декаполис мавъиза кардан гирифт. Ва ҳама дар тааҷҷуб мемонданд.

Исо  зани  беморро  шифо  медиҳа.

  1. Чун Исо боз бо қаиқ ба он сўи баҳр гузашт, мардуми бисьёре назди Ў ҷамъ омаданд, ва Ў дар канори баҳр буд.
  2. Ва инак яке аз сардорони куништ омад, ки Ёир ном дошт, ва чун Ўро дид, пеши пояш афтод,
  3. Ва аз Ў хеле илтимос карда, гуфт:“Духтари ман дар ҳолати назъ аст; биё ва даст бар вай гузор, то шифо ёбад ва зиндагӣ кунад“.
  4. Пас бо вай равона шуд, ва мардуми бисьёре аз паи Ў рафта, Ўро фишор медоданд.
  5. Як зан ки дувоздаҳ сол боз гирифтори хунравӣ буд,
  6. Ва азоби бисьёре аз табибони зиёд кашида ва ҳамаи дороии худро сарф карда, ҳеҷ фоидае надида буд, балки аҳволаш торафт бадтар мешуд,
  7. Чун овозаи Исоро шунид, дар миёни он гурўҳ аз қафо омада, либоси Ўро ламс намуд;
  8. Зеро гуфт:“Агар лоақал либоси Ўро ламс кунам, шифо меёбам“
  9. Ва дарҳол чашмаи хуни вай хушк шуд, ва дар ҷисми худ ҳис кард, ки аз касалӣ шифо ёфтааст.
  10. Дар айни замон Исо дар Худ ҳис кард, ки қуввае аз Ў берун рафт, ва ба мардум муроҷиат карда гуфт:“Кист, ки либоси Маро ламс кард?“
  11. Шогирдонаш ба Ў гуфтанд:“Мебинӣ, ки мардум Туро фишор медиҳанд, ва мегўӣ’’Кист, ки Маро ламс кард?’’„
  12. Аммо Ў ба гирду пеш менигарист, то он занро, ки ин тавр амал кардааст, бубинад.
  13. Он зан, чун донист, ки ба вай чӣ ҳодиса рўй дод, тарсону ларзон омада, пеши Ў афтод ва тамоми ҳақиқатро ба Ў гуфт.
  14. Ў ба вай гуфт:“Духтарам! Имонат туро шифо бахшид; ба саломатӣ бирав ва аз касалии худ дар амон бош“

Ва  духтари  Ёирро  зинда  мекунад.

  1. Ў ҳанўз сухан мегуфт, ки аз хонаи сардори куништ омада гуфтанд:“Духтарат мурд; боз барои чӣ Устодро заҳмат медиҳӣ?“
  2. Аммо Исо ин суханонро шунида, ба сардори куништ гуфт:“Натарс, фақат имон овару бас“.
  3. Ва, ҷуз Петрус, Яъқуб ва Юҳанно бародари Яъқуб, касеро иҷозат надод, ки аз паяш равад.
  4. Чун ба хонаи сардори куништ расид, азодоронро дар ҳолати изтироб дид, ки гирья ва навҳаи бисьёр мекарданд.
  5. Ва даромадан замон ба онҳо гуфт:“Чаро дар изтироб афтодаед ва гирья мекунед? Духтар намурдааст, балки хуфтааст“.
  6. Ва онҳо бар Ў хандиданд, лекин Ў ҳамаро берун карда, бо падару модари духтар ва бо рафиқонаш ба ҳуҷрае ки духтар хобида буд, даромад.
  7. Ва дасти духтарро гирифта, гуфт:“Талито-қуми“, ки маънояш ин аст:“Эй духтар, туро мегўям, бархез“.
  8. Дарҳол духтар бархоста, равон шуд, зеро ки дувоздаҳсола буд. Онҳо дар ҳайрат монданд.
  9. Ва Ў онҳоро сахт таъкид карда, фармуд, ки касе аз он огоҳ нашавад, ва гуфт, то хўроке ба вай диҳанд.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s