Марқӯс боби 4

Масалҳо дар бораи Малакути Худо. Дар бораи коранда.

  1. Ва боз дар канори баҳр ба таълим додан шурўъ намуд; ва мардуми бисьёр назди Ў ҷамъ омаданд, ба тавре ки Ў ба қаиқ даромада, дар баҳр қарор гирифт, ва тамоми мардум дар канори баҳр мистоданд.
  2. Ва бо масалҳо онҳоро чизҳои бисьёр меомўхт ва дар таълими Худ ба онҳо мегуфт:
  3. „Гўш диҳед, инак корандае барои пошидани тухм берун рафт;
  4. Ва чун тухм мепошид, қадаре дар канори роҳ афтод, ва парандагон омада, онро барчиданд;
  5. Қадаре бар санглох афтод, дар ҷое ки хок бисьёр набуд, ва бо тези сабзид, зеро ки хок умқ надошт;
  6. Чун офтоб баромад, пажмурда шуд ва ,аз баски реша надошт, хушк шуд;
  7. Қадаре дар миёни хорҳо афтод, ва хорҳо қад кашида онро пахш карданд, ва самаре надод;
  8. Қадаре дар хоки нағз афтод ва самара дод, ки он сабзид ва нашъунамо ёфт, ва бор овард, баъзе сӣ баробар, баъзе шаст ва баъзе сад.“.
  9. Ва ба онҳо гуфт:“Ҳар ки гўши шунаво дорад, бишнавад“.
  10. Вақте ки танҳо монд, ҳозирон бо якҷоягии он дувоздаҳ нафар шарҳи ин масалро аз Ў пурсиданд.
  11. Ва ба онҳо гуфт:“Ба шумо донистани асрори Малакути Худо ато шудааст, лекин ба онҳое ки дар берунанд, ҳама чиз бо масалҳо мешавад,
  12. Ба тавре ки онҳо бо чашмҳои худ нигоҳ мекунанд, вале намебинанд,бо гўшҳои худ мешунаванд, вале намефаҳманд, мабодо руҷўъ кунанд, ва гуноҳҳои онҳо омурзида шавад“.

Шарҳи  масали  коранда.

  1. Ва ба онҳо гуфт:“Оё ин масалро намаҳмидед? Пас чӣ тавр дигар масалҳоро хоҳед фаҳмид?“
  2. Коранда каломро мекорад.
  3. Кошташудагон дар канори роҳ касоне мебошанд, ки дар онҳо калом кошта мешавад, ва чун шуниданд, дарҳол шайтон омада, каломи кошташударо аз дили онҳо мерабояд.
  4. Ҳамчунин кошташудагон дар санглох касоне мебошанд, ки чун каломро бишнаванд, дарҳол онро қабул мекунанд,
  5. Лекин дар худ реша надоранд ва ноустуворанд, ва чун аз боиси калом азияте ё таъқиботе рўй диҳад, дарҳол ба васваса меафтанд.
  6. Кошташудагон дар миёни хорҳо касоне мебошанд, ки чун каломро бишнаванд,
  7. Андешаҳои дуньёӣ, ҳирси сарват ва ҳаваси чизҳои дигар дохил шуда, каломро пахш мекунанд, ва он бесамар мегардад.
  8. Ва кошташудагон дар хоки нағз касоне мебошанд, ки каломро шунида, қабул мекунанд, ва бор меоваранд, баъзе сӣ баробар, баъзе шаст ва баъзе сад“.

Масал  дар  бораи  шамъ.

  1. Ва ба онҳо гуфт:“Оё шамъро меоваранд, то зери зарфе ё кате гузоранд? Оё на аз барои он ки ба шамъдон гузоранд?“
  2. „Зеро чизи ниҳоне нест, ки ошкор нагардад; ва ҳеҷ чизи махфие набошад, ки зуҳур наояд“.
  3. Ҳар кӣ гўши шунаво дорад, бишнавад!“
  4. Ва ба онҳо гуфт:“Пайхас кунед, ки чӣ мешунавед: бо кадом андоза, ки чен кунед, ба шумо чен карда шавад ва ба шумо, ки мешунавед, боз ҳам биафзояд“.
  5. „Зеро, ҳар кӣ дорад, ба вай дода шавад; ва ҳар кӣ надорад, аз вай он чи низ дорад, гирифта шавад“.

Сабзиши   нонамоён.

  1. Ва гуфт:“Малакути Худо монанди касест, ки тухм бар замин пошад,“
  2. „Ва шабу рўз бихобаду бархезад, ва тухм чӣ гуна сабзаду нашъунамо ёбад, вай надонад;„
  3. „Зеро замин худ аз худ бор меоварад, аввал майса, баъд хўша, пас аз он донаи пурра дар хўша;„
  4. „Ва чун ҳосил расид, фавран досро ба кор меандозад, зеро ки вақти дарав расидааст“.

Масал дар бораи донаи хардал.

  1. Ва гуфт:“Малакути Худоро ба чӣ монанд кунем ва бо кадом масал онро тасвир намоем?“
  2. Мисли донаи хардалест: вақте ки ба замин кошта мешавад, хурдтарини тухмҳои рўи замин аст.
  3. Лекин чун кошта шуд, месабзад ва аз ҳамаи наботот бузургтар мегардад ва шохаҳои калон мерасонад, ба тавре ки мурғони ҳаво зери сояи он метавонанд паноҳ баранд.
  4. Ва бо ин гуна масалҳои бисьёр, ба қадре ки тавонои шунидан доштан, каломро ба онҳо баён мекард;
  5. Бе масал ба онҳо сухан намегуфт, лекин дар хилват ҳамаи маъноро ба шогирдони Худ мефаҳмонд.

Исо  тундбодро  ором  мекунад.

  1. Бегоҳии ҳамон рўз ба онҳо гуфт:“Ба канори дигар бигзарем“.
  2. Онҳо мардумро ҷавоб дода, Ўро ҳамон тавре ки дар қаиқ буд, гирифтанд, ва чанд қаиқи дигар низ ҳамроҳи Ў буд.
  3. Ва тундбоди шадиде бархост, ва мавҷҳо ба қаиқ бармехўрд, ба тавре ки он пур аз об мешуд,
  4. Ва Ў дар ақиби қаиқ бар болине хуфта буд. Ўро бедор карда, гуфтанд:“Эй Устод, оё Туро парвое нест, ки мо ҳалок мешавем?
  5. Ў бархоста, бодро манъ кард ва ба баҳр гуфт:“Хомўш шав ва ором бош“ Бод хомўш шуд, ва оромии том барқарор гардид.
  6. Ва ба онҳо гуфт:“Барои чӣ шумо чунин ҳаросонед? Чаро имон надоред?
  7. Ва онҳо хеле ба ҳарос афтода, ба якдигар гуфтанд:“Ин кист, ки боду баҳр ҳам ба Ў итоат мекунанд?“.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s