Марқӯс боби 3

Исо дар рўзи шанбе дасти хушкшударо шифо медиҳад.

  1. Ва боз ба куништ даромад; дар он ҷо одаме буд, ки дасти хушкшудае дошт.
  2. Ва аз паи Ў мепоиданд, ки шояд вайро дар рўзи шанбе шифо диҳад, то ки Ўро айбдор кунад.
  3. Пас ба Марди дастхушк гуфт:“Дар миёнҷо биист“
  4. Ва ба онҳо гуфт:“Дар рўзи шанбе кадом кор ҷоиз аст-некӣ кардан, ё бадӣ кардан? Ҷонеро наҷот додан, ё ҳалок кардан?“ Лекин онҳо хомўш монданд.
  5. Ва ба онҳо бо ғазаб назар афканда ва аз сахтдилиашон маҳзун гашта, ба он одам гуфт:“Дасти худро дароз кун“. Чун дароз кард, дасташ шифо ёфт.
  6. Фарисиён фавран берун рафта, бо ҳиродиён дар ҳаққи Ў машварат намуданд, ки чӣ тавр Ўро ҳалок кунанд.

Фаолияти  Исо  дар  тамоми  мамлакат  вусъат  меёбад.

  1. Лекин Исо бо шогирдонаш сўи баҳр омад, ва мардуми бисьёре аз Ҷалил ва Яҳудо аз паи Ў равона шуданд,
  2. Ва аз Ерусалим, Адўм ва он тарафи Ўрдун ва аз музофоти Сўр ва Сидўн издиҳоми бузурге, чун амалиёти Ўро шуниданд, назди Ў омаданд.
  3. Ва ба шогирдони Худ фармуд, ки ба сабаби бузургии издиҳом қаиқе барои Ў муҳайё бошад, то ки Ўро фишор надиҳанд.
  4. Зеро бисьёр касонро Ў шифо дода буд, бинобар ин ҳар киро захме буд, назди Ў мешитофтанд, то Ўро ламс кунад.
  5. Ва авроҳи палид, чун Ўро медиданд, пешаш меафтиданд ва фарьёдзанон мегуфтанд:“Ту Писари Худо ҳастӣ“.
  6. Лекин Ў онҳоро сахт таъкид мекард, ки Ўро шўҳрат надиҳанд.

Интихоб  шудани  дувоздаҳ  нафар.

  1. Пас аз он бар фарози кўҳе баромада, ҳар киро, ки хост, назди Худ даъват намуд; онҳо назди Ў омаданд.
  2. Ва дувоздаҳ нафарро таъин кард, ки ҳамроҳи Ў бошанд, то ки онҳоро барои мавъиза фиристад,
  3. Ва онҳоро қудрати он бошад, ки беморонро шифо диҳанд ва девҳоро берун кунанд.
  4. Ва таъин кард Шимъўнро, ки Петрус ном ниҳод;
  5. Ва Яъқуб ибни Забдой ва Юҳанно бародари Яъқубро, ки ба онҳо Бўнарҷис, яъне „писарони раъд“ ном ниҳод;
  6. Ва Яндриёс ва Филиппус ва Барталамо ва Матто ва Тумо ва Яъқуб ибни Ҳалфой ва Шимъўни Қанно
  7. Ва Яҳудои Исқарьют, ки Ўро таслим кард.

Хешовандони  Исо  барои  Ў  хавотир  доранд.

  1. Ва чун ба хонае даромаданд, боз мардум фароҳам омаданд, ба дараҷае ки онҳо фурсати нон хўрдан ҳам надоштанд.
  2. Ва хешовандони Ў, чун шуниданд, барои дастгир кардани Ў омаданд, зеро мегуфтанд, ки Ў бехуд шудааст.

Китобдонон  Исоро  маломат  мекунанд.

  1. Китобдононе ки аз Ерусалим омада буданд, мегуфтанд, ки Ў Баал-Забул дорад ва ба воситаи калони девҳо девҳоро берун мекунад.
  2. Пас онҳоро наздаш талабида, ба онҳо бо масалҳо сухан гуфт:“Чи гуна метавонад шайтон шайтонро берун кунад?
  3. Агар салтанате бар зидди худ аз ҳам ҷудо шавад, он салтанат устувор истода наметавонад“;
  4. Ва агар хонае бар зидди худ аз ҳам ҷудо шавад, он хона устувор истода наметавонад;
  5. Ва агар шайтон бар зидди худ ба қиём бархоста, аз ҳам ҷудо шуда бошад, вай устувор истода наметавонад, балки ҳалок мешавад.
  6. Ҳеҷ кас наметавонад ба хонаи шахси зўроваре даромада, чизҳои вайро ғорат кунад, бе он ки аввал он зўроварро бибандад, ва пас аз он хонаи вайро ғорат мекунад.
  7. Ба ростӣ ба шумо мегўям: ҳамаи гуноҳҳои фарзандони одам ва ҳар гуна куфр, ки гуфта бошад, омурзида мешавад;
  8. Лекин ҳар ки ба Рўҳулқудс куфр гўяд , то абад омурзида нашавад, баалки ба азоби абадӣ маҳкум гардад.
  9. Зеро ки гуфтанд:“Ў рўҳи палид дорад“.

Хешовандии  ҳақиқӣ  дар  Исо.

  1. Модар ва бародарони Ў омада, дар берун истоданд ва ба Ў касеро фиристода, Ўро талаб намуданд.
  2. Дар гирди Ў мардум нишаста буданд. Ва ба Ў гуфтанд:“Инак модари Ту ва бародарони Ту дар берун истода, Туро металабанд“.
  3. Ва ба онҳо ҷавоб дода, гуфт:“Кист модари Ман ва бародарони Ман?
  4. Ва ба онҳое ки гирди Ў нишаста буданд, назар афканда, гуфт:“Инак модари Ман ва бародарони Ман;
  5. Зеро ҳар кӣ хости Худоро ба ҷо оварад, ҳамон кас бародару хоҳару модари Ман аст“.

© IBT 1992

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s