Марқӯс боби 2

Шифо  ёфтани  мафлуҷ.

  1. Пас аз чанд рўз Ў боз ба Кафарнаҳум омад; овоза шуд, ки Ў дар хона аст.
  2. Дарҳол мардуми бисьёр ҷамъ омаданд, ба андозае ки назди дари хона низ дигар ҷой набуд; ва Ў ба онҳо сухан мегуфт.
  3. Ва назди Ў бо мафлуҷе омаданд, ки вайро чор кас бардошта буданд;
  4. Ва чун ба сабаби бисьёрии мардум ба Ў наздик омада натавонистанд, боми он ҷоеро, ки Ў буд, кушода шикоф карданд ва бистареро, ки мафлуҷ дар болояш хобида буд, поён фуроварданд.
  5. Чун Исо имони онҳоро дид, ба мафлуҷ гуфт:“Эй фарзанд, гуноҳҳои ту омурзида шуд“.
  6. Баъзе китобдонон, ки дар он ҷо нишаста буданд, дар дили худ андеша доштанд,
  7. Ки“чаро Ў ин тавр куфр мекунад? Ҷуз Худои ягона кист, ки гуноҳҳоро омурзида тавонад?“
  8. Исо дарҳол бар тибқи рўҳи Худ дарьёфт, ки онҳо чунин андеша доранд, ва ба онҳо гуфт:“Барои чи дар дили худ ин тавр андеша доред?“
  9. „Кадомаш осонтар аст: ба мафлуҷ гуфтани он ки ‘‘гуноҳҳои ту омурзида шуд’’, ё гуфтани он ки’’бархез, бистари худро бардор ва равона шав’’?“
  10. „Лекин то бидонед, ки Писари Одам дар рўи замин қудрати омурзидани гуноҳҳоро дорад“-ба мафлуҷ гуфт:
  11. „Ба ту мегўям: бархез, бистари худро бардор ва ба хонаи худ равона шав“.
  12. Вай дарҳол бархост ва бистари худро бардошта, дар пеши назари ҳама равона шуд, ба тавре ки ҳама ҳайрон шуданд ва Худоро сипоскунон гуфтанд:“Мисли инро ҳаргиз надидаем“.

Даъват  кардани  Левӣ(Матто). Исо  бо  боҷгирон  ва гуноҳкорон  хўрок  мехўрад.

  1. Ва боз ба канори баҳр рафт; мардум ба назди Ў омаданд, ва Ў онҳоро таълим медод.
  2. Ҳангоми рафтанаш Левӣ ибни Ҳалфойро дид, ки дар боҷгоҳ нишастааст, ба вай гуфт:“Аз паи Ман биё“ Вай бархоста, аз паи Ў равона шуд.
  3. Ва ҳангоме ки Ў дар хонаи вай нишаста буд, бисьёре аз боҷгирон ва гуноҳкорон низ бо Исо ва шогирдонаш менишастанд; зеро ки бисьёр буданд, ва Ўро пайравӣ менамуданд.
  4. Чун китобдонон ва фарисиён диданд, ки Ў бо боҷгирон ва гуноҳкорон хўрок мехўрад, ба шогирдонаш гуфтанд:“Чаро Ў бо боҷгирон ва гуноҳкорон мехўраду менўшад?“
  5. Исо ин гапро шунида, ба онҳо гуфт:“На тандурустон, балки беморон ба табиб ҳоҷат дорад. Ман омадаам, ки на одилонро, балки гуноҳкоронро ба тавба даъват кунам“.

Масъалаи  рўзадорӣ.

  1. Шогирдони Яҳьё ва фарисиён рўза медоштанд. Ва назди Ў омада гуфтанд:“Чаро шогирдони Яҳьё ва фарисиён рўза медоранду шогирдони Ту рўза намедоранд?“
  2. Исо ба онҳо гуфт:“Оё аҳли кўшки никоҳ, модоме ки домод бо онҳост, рўза дошта метавонанд? То даме ки домод бо онҳост, наметавонанд рўза доранд“;
  3. „Лекин айёме хоҳад расид, ки домод аз онҳо гирифта шавад, ва дар он айём рўза хоҳанд дошт.

Масалҳо дар бораи ҷома ва машк.

  1. „Ҳеҷ кас ба ҷомаи кўҳна аз матои нав ямоқ намемонад: зеро ямоқи нав аз чизи кўҳна ҷудо шуда, ҷои даридаи он боз ҳам бадтар мешавад“.
  2. „Ва ҳеҷ кас шароби навро ба машки кўҳна намеандозад: зеро шароби нав машкро медарад, шароб ҳам мерезад, машк ҳам талаф мешавад; балки шароби навро дар машки нав андохтан лозим аст“.

Исо-Оғои  рўзи  шанбе.

  1. Ва чунин воқеъ шуд, ки Ў рўзи шанбе аз киштзор мегузашт, ва шогирдонаш дар аснои роҳ ба хўшачинӣ сар карданд.
  2. Фарисиён ба Ў гуфтанд:“Бубин, онҳо дар рўзи шанбе кореро чаро мекунанд, ки раво нест?“
  3. Ў ба онҳо гуфт:“Магар ҳаргиз нахондаед, ки Довуд дар эҳтиёҷмандӣ чӣ кард, ҳангоме ки вай ва ёронаш гурусна буданд?“
  4. Чӣ гуна вай дар айёми Абьёти саркоҳин ба хонаи Худо даромада, нони тақдимро хўрд, ки хўрдани он, ҷуз коҳинон, ба касе раво набуд, ва ба ёрони худ низ дод?“
  5. Ба онҳо гуфт:“Шанбе барои инсон муқарар шудааст, на инсон барои шанбе“;
  6. „Бинобар ин Писари Одам оғои рўзи шанбе низ мебошад“.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s