Марқӯс боби 14

Суиқасд  ба  муқобили  Исо.

  1. То иди фисҳ ва фатир ду рўз монда буд; саркоҳинон ва китобдонон дар тараддуди он буданд, ки чӣ сон бо ҳила Ўро дастгир карда, ба қатл расонанд;
  2. Лекин мегуфтанд: “На дар ид, мабодо дар байни мардум ошўбе рўй диҳад“.

Марьями  сокини  Байт — Ҳинӣ  бар  Исо  равғани  атрафшон  мерезад.

  1. Ва ҳангоме ки Ў дар Байт-Ҳинӣ, дар хонаи Шимъўни махавӣ назди суфра нишаста буд, — зане бо зарфи гаҷини равғани атрафшони сунбули холиси гаронбаҳо омад ва зарфро шикаста, бар сари Ў рехт.
  2. Баъзе касон норозӣ шуда, дар байни худ гуфтанд:“Чаро ин равғани атрафшон талаф шуд?“
  3. Зеро онро ба зиёда аз сесад динор фурўхта, ба мискинон тақсим карда додан мумкин буд“. Ва он занро сарзаниш карданд.
  4. Лекин Исо гуфт:“Вайро ором гузоред; чаро вайро хиҷил мекунед? Вай барои Ман кори некў кард.
  5. Зеро мискинон ҳар вақт дар назди шумо ҳастанд ва ҳар гоҳ, ки бихоҳед, ба онҳо эҳсон карда метавонед; лекин Ман ҳамеша бо шумо нестам.
  6. Вай он чи метавонист, ба ҷо овард: Бадани Маро барои дафн пешакӣ тадҳин кард.
  7. Ба ростӣ ба шумо мегўям: дар тамоми ҷаҳон ҳар ҷо, ки Инҷил мавъиза шавад, кори вай низ барои ёдоварии вай зикр хоҳад ёфт“.

Паймони  таслимкунанда  бо  саркоҳинон.

  1. Ва Яҳудои Исқарьют, ки яке аз он дувоздаҳ буд, пеши саркоҳинон рафт, то ки Ўро ба онҳо таслим.
  2. Онҳо чун сухани вайро шуниданд, шод гаштанд, ва ба вай пул доданӣ шуданд. Вай дар ҷустуҷўи фурсати мувофиқ буд, ки Ўро таслим кунад.

Фисҳи   охирин.

  1. Дар рўзи аввали иди фатир, ки барои фисҳ қурбонӣ мекарданд, шогирдонаш ба Ў гуфтанд:“Куҷо мехоҳӣ, ки фисҳро бихўрӣ, то рафта тайёр кунем?“
  2. Пас ду нафарро аз шогирдонаш фиристода, ба онҳо гуфт:“Ба шаҳр биравед; марде ба шумо рост хоҳад омад, ки кўзаи обро бардошта мебарад; аз ақиби вай равона шавед,
  3. Ба куҷое ки дарояд, ба соҳиби хона гўед:“Устод мегўяд: меҳмонхона куҷост, ки он ҷо фисҳро бо шогирдони Худ бихўрам?“
  4. Вай ба шумо болохонаи калони мафрушу тайёрро нишон медиҳад; дар он ҷо барои мо тайёри бинед“.
  5. Шогирдонаш равона шуда, ба шаҳр омаданд, ва чунон ки Ў гуфта буд, ёфтанд; ва фисҳро омода карданд.

Фисҳ.

  1. Бегоҳи рўз Ў бо он дувоздаҳ омад.
  2. Ва ҳангоме ки нишаста таом мехўрданд, Исо гуфт:“Ба ростӣ ба шумо мегўям, ки яке аз шумоён, ки бо Ман таом мехўрад, Маро таслим хоҳад кард“.
  3. Онҳо ғамгин шуда, паси ҳамдигар ба Ў гуфтанд:“Оё ин манам?“ Ва дигаре:“Оё ин манам?“
  4. Лекин Ў ба ҷавоби онҳо гуфт:“Яке аз дувоздаҳ, ки бо Ман даст дар табақ меандозад“.
  5. Агарчи Писари Одам ончунон, ки дар бораи Ў навишта шудааст, меравад, лекин вой бар ҳоли он касе ки Писари Одам ба воситаи вай таслим карда шавад: барои вай беҳтар мебуд, ки таваллуд намеёфт.

Таоми  шоми  муқаддас.

  1. Ва ҳангоме ки таом мехўрданд, Исо нонро гирифта, баракат дод ва пора карда, ба онҳо доду гуфт:“Бигиред ва бихўред, ки ин Бадани Ман аст“.
  2. Ва косаро гирифта, шукргузорӣ намуд ва ба онҳо дод; ва ҳама аз он нўшиданд.
  3. Ва ба онҳо гуфт:“Ин аст Хуни Ман аз аҳди ҷадид, ки барои бисьёр касон рехта мешавад.
  4. Ба ростӣ ба шумо мегўям: Ман дигар аз шираи ангур нахоҳам нўшид, то ҳамон рўзе ки дар Малакути Худо маи тоза бинўшам“.

Имтиҳони  имони  шогирдон.

  1. Ва ҳамду сано хонда, ба сўи кўҳи Зайтун равона шуданд.
  2. Ва Исо ба онҳо гуфт:“Ҳамаи шумо имшаб дар ҳаққи Ман ба васваса хоҳед афтод; зеро навишта шудааст:“Чўпонро мезанам, ва гўсфандон пароканда хоҳанд шуд“.
  3. Аммо пас аз эҳьё шуданам, пеш аз шумо ба Ҷалил хоҳам рафт.
  4. Петрус ба Ў гуфт:“Агар ҳама ба васваса афтанд ҳам, ман намеафтам“.
  5. Исо ба вай гуфт:“Ба рости ба ту мегўям, ки ту ҳоло, дар ҳамин шаб, пеш аз он ки хурўс ду бор бонг занад, Маро се бор инкор хоҳӣ кард“.
  6. Лекин вай бо ҷидду ҷаҳди зиёдтар мегуфт:“Ҳатто агар бо Ту мурданам лозим ояд, ҳам Туро ҳаргиз инкор накунам“. Дигарон низ ҳамчунон гуфтанд.

Исо  дар  Ҷатсамонӣ  маҳзун  мешавад  ва  дуо мегўяд.

  1. Ба мавзее омаданд, ки Ҷатсамонӣ ном дошт; ва Ў ба шогидонаш гуфт:“Дар ин ҷо бинишинед, то Ман дуо гўям“.
  2. Ва Петрус, Яъқуб ва Юҳанноро бо Худ бурд; ва дар изтироб афтод ва дилтанг шуд.
  3. Ва ба онҳо гуфт:“Ҷони Ман то ба дараҷаи марговар маҳзун шудааст; дар ин ҷо бимонед ва бедор бошед“.

Дуои   якум.

  1. Ва, каме пештар рафта, рў ба замин афтод ва дуо гуфт, ки агар мумкин бошад, он соатро аз Ў бигзарад;
  2. Ва гуфт:“Аббо, Падарам! Ҳама чиз назди Ту мумкин аст; ин косаро аз Ман бигзарон, лекин на бо хоҳиши Ман, балки бо иродаи Ту“.
  3. Ва омада, онҳоро хуфта ёфт, ва ба Петрус гуфт:“Эй Шимъўн! Ту хуфтаӣ? Оё натавонисти соате бедор бошӣ?
  4. Бедор бошед ва дуо гўед, то ба озмоиш дучор нашавед; рўҳ бардам аст, лакин ҷисм нотавон“.

Дуои  дуюм.

  1. Ва боз рафта бо ҳамон суханон дуо гуфт.
  2. Ва баргашта, боз онҳоро хуфта ёфт, зеро чашмонашон хоболуд буд; ва онҳо намедонистанд, ки ба Ў чӣ ҷавоб диҳанд.

Дуои  сеюм.

  1. Ва бори сеюм омада, ба онҳо гуфт:“Шумо ҳанўз мехобед ва истироҳат мекунед? Вассалом, соат расидааст, инак Писари Одам ба дасти гуноҳкорон таслим карда мешавад;
  2. Бархезед, биравем: инак, он ки Маро таслим мекунад, наздик омад“.

Таслим  кардани  Яҳудо  ва  ҳабс  шудани  Исо.

  1. Ва дарҳол, ҳанўз ки Ў сухан мегуфт, Яҳудо, ки яке аз он дувоздаҳ буд, ва бо вай медуми бисьёре аз ҷониби саркоҳинон, китобдоднон ва пирон бо шамшеру таёқҳо омаданд.
  2. Таслимкунандаи Ў ишорате ба онҳо дода, гуфт буд:“Ҳар киро бибўсам, Ў ҳамон аст; Ўро дастгир кунеду бо эҳтиёт баред“.
  3. Ва чун омад, дарҳол ба Ў наздик шуда, гуфт:“Эй Устод! Эй Устод!“ Ва Ўро бўсид.
  4. Ва онҳо дастҳои худро бар Ў андохта, Ўро гирифтанд.

Исоро  ҳама тарк  карданд.

  1. Аммо яке аз ҳозирон шамшери худро кашида, ба ғуломи саркоҳин заду як гўши вайро бурида партофт.
  2. Исо ба онҳо рў оварда гуфт:“Гўё бар зидди роҳзане шумо бо шамшеру таёқҳо берун омадаед, то Маро дастгир кунед;
  3. Ҳар рўз Ман назди шумо дар маъбад будам ва таълим медодам, ва шумо Маро дастгир накардед; лекин бигзор Навиштаҳо ба амал ояд.
  4. Он гоҳ ҳама Ўро вогузошта, гурехтанд.
  5. Ҷавоне ҷисми бараҳнаи худро бо чодире печонда, аз ақиби Ў мерафт; ва сарбозон вайро дастгир карданд.
  6. Лекин вай чодирро партофта, тани бараҳна аз дасти онҳо гурехт.

Исо  ба  ҳузури  пирон.

  1. Ва Исоро назди саркоҳин оварданд; ва тамоми саркоҳинон ва пирон ва китобдонон назди вай гирд омаданд.
  2. Перус аз дур, то даруни ҳавлии саркоҳин аз паи Ў равона шуда, бо хизматгорон нишаст ва назди оташ худро гарм мекард.
  3. Саркоҳинон ва тамоми шўрои пирон дар ҷустуҷўи шаҳодате бар зидди Исо буданд, то Ўро ба қатл расонанд, лекин наёфтанд.
  4. Зеро бисьёр касон бар зидди Ў шаҳодати бардурўғ доданд, лекин ин шаҳодатҳо ба якдига мувофиқ набуд.
  5. Ва баъзе касон бархоста, бар зидди Ў шаҳодати бардурўғ дода, гуфтанд:
  6. „Мо шунидем, ки Ў мегуфт’’Ман ин маъбади бо дасти одам сохташударо вайрон мекунам ва дар се рўз дигареро бино мекунам, ки бо дасти одам сохта нашуда бошад’’„.
  7. Лекин чунин шаҳодати онҳо низ мувофиқ набуд.
  8. Пас саркоҳин бархост ва дар миёна истода, аз Исо пурсид:“Чаро Ту ҳеҷ ҷавоб намедиҳӣ? Ин чист, ки инҳо бар зидди Ту шаҳодат медиҳанд?“.
  9. Аммо Ў хомўш монд ва ҳеҷ ҷавоб надод. Боз саркоҳин аз Ў пурсида, гуфт:“Оё Ту Масеҳ Писари Худои Муборак ҳастӣ?“.
  10. Исо гуфт:“Ман ҳастам; ва шумо Писари Одамро хоҳед дид, ки ба ямини Қудрат нишаста, бар абрҳои осмон меояд“.
  11. Он гоҳ саркоҳин ҷомаи худро дарронда, гуфт:“Дигар ба шоҳидон чӣ ҳоҷат дорем?“
  12. „Шумо куфрро шунидед; чӣ мулоҳиза доред?“ Пас ҳама Ўро айбдор карда, сазовори марг донистанд.
  13. Ва баъзе касон ба сару рўи Ў туф кардан гирифтанд ва рўяшро пўшида, Ўро мезаданд ва мегуфтанд, ки:“Нубавват кун“. Ва хизматгорон Ўро торсакӣ мезаданд.

Петрус  Худованди  худро  инкор  мекунад.

  1. Ҳангоме ки Петрус дар поён, дар рўи ҳавли буд, яке аз канизони саркоҳин омад
  2. Ва чун дид, ки Петрус худро гарм мекунад, ба вай нигоҳ карда, гуфт:“Ту низ бо Исои Носирӣ будӣ“.
  3. Лекин вай инкор карда, гуфт:“Намедонам ва намефаҳмам, ки ту чӣ мегўӣ“.Ва ба ҳавлии берун рафта буд, ки хурўс бонг зад.
  4. Каниз бори дигар вайро дида, ба ҳозирон гуфт:“Ин яке аз онҳост“.
  5. Вай бори дигар инкор кард. Пас аз муддате ҳозирон ба Петрус гуфтанд:“Дар ҳақиқат ту яке аз онҳо мебоши; зеро ки ту аз Ҷалил ҳастӣ ва лаҳҷаи ту ҳамон хел аст“.
  6. Лекин вай ба савганду қасам хўрдан оғоз намуда, гуфт:“Он Одамро, ки мегўед, намешиносам“.
  7. Ҳамон дам хурўс бори дуюм бонг зад. Он гоҳ Петрус суханони Исоро ба ёд овард, ки Вай гуфта буд:“Пеш аз он ки хурўс ду бор бонг занад, Маро се бор инкор хоҳӣ кард“ Ва оғоз ба гиристан намуд.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s