Марқӯс боби 13

Дар  бораи  омадани  Исо. Заволи  маъбад.

  1. Чун Исо аз маъбад мебаромад, яке аз шогирдонаш ба Ў гуфт:“Эй Устод! Бингар, чӣ навъ сангҳо ва чӣ навъ иморатҳост!“
  2. Исо ба ҷавоби вай гуфт:“Ин иморатҳои бузургро мебинӣ? Ҳамаи ин хароб хоҳад шуд, ба дараҷае ки санге бар санге нахоҳад монд“.
  3. Ва чун Ў бар кўҳи Зайтун дар муқобили маъбад нишаста буд, Петрус, Яъқуб Юҳанно ва Андриёс ба танҳоӣ аз Ў пурсиданд:
  4. „Моро огоҳ кун, ки ин кай воқеъ мешавад, ва аломати рўй додани ҳамаи ин чӣ гуна аст?“
  5. Он гоҳ дар ҷавоби онҳо ба гуфтан оғоз намуд:“Ҳушьёр бошед, зеро бисьёр касон шуморо гумроҳ накунанд;
  6. Зеро бисьёр касон бо номи Ман омада, гўянд, ки ин Ман ҳастам, ва мардуми бисьёре гумроҳ кунанд.
  7. Аммо чун ҷангҳо ва овозаи ҷангҳоро бишнавед, натарсед: зеро ин бояд воқеъ шавад; лекин ин ҳанўз интиҳо нест.
  8. Зеро қавме бар зидди қавме ва салтанате бар зидди салтанате қиём хоҳад кард; ва дар ҳар ҷо зилзилаҳо руй хоҳад дод, ва қаҳтиҳо ва ошўбҳо падид хоҳад омад. Инҳо ибтидои дардҳост.
  9. Лекин шумо худро эҳтиёт кунед; зеро шуморо ба маҳкумаҳо хоҳанд кашид, ва дар куништҳо тозиёна хоҳанд зад, ва шуморо назди ҳокимону подшоҳон ба хотири Ман ҳозир хоҳанд кард, то барои онҳо шаҳодате гардад.
  10. Ва лозим аст, ки Инҷил аввал дар байни тамоми халқҳо мавъиза карда шавад.
  11. Чун шуморо барои таслим кардан гирифта баранд, пешакӣ ғамхорӣ ва андеша накунед, ки чӣ бояд бигўед; балки он чи дар соат ба шумо ато шавад, онро бигўед: зеро гўянда шумо нестед, балки Рўҳулқудс аст.
  12. Он гоҳ бародар бародарро ва падар фарзандро ба марг таслим хоҳанд кард; ва фарзандон бар зидди падарону модарон қиём карда, онҳоро ба ҳалокат хоҳанд расонд.
  13. Ва ҳама аз барои исми Ман ба шумо адоват хоҳанд дошт; лекин ҳар кӣ то охир сабр кунад, наҷот хоҳад ёфт“.

Мусибати  бузург.

  1. Чун кароҳати харобиро, ки Дониёли набӣ ба забон овардааст, дар ҷое ки намебояд, бар по бубинед, — ҳар кӣ хонад, дарк кунад, — он гоҳ онҳое ки дар Яҳудо мебошанд, ба кўҳистон гурезанд.
  2. Ва ҳар кӣ бар бом бошад, поён нафурояд ва барои гирифтани чизе ба хонаи худ надарояд;
  3. Ва он ки дар киштзор аст, барои гирифтани ҷомаи худ барнагардад.
  4. Вой бар ҳоли ҳомиладорон ва ширдорон дар он айём!
  5. Дуо кунед, ки гурехтани шумо дар зимистон рўй надиҳад.
  6. Зеро дар он айём чунон мусибате хоҳад шуд, ки аз ибтидои офариниш, ки Худо офарид, то ҳол нашудааст ва бори дигар нахоҳад шуд.
  7. Ва агар Худованд он айёмро кўтоҳ намекард, касе наҷот намеёфт; лекин аз барои баргузидагоне ки Ў интихоб намудааст, он айёмро кўтоҳ кардааст.
  8. Дар он ҳангом агар касе ба шумо гўяд:’’Инак Масеҳ дар ин ҷост ё дар он ҷост,- бовар накунед.
  9. Зеро масеҳони козиб ва анбиёи козиб ба майдон омада, аломот ва мўъҷизот нишон хоҳанд дод, то ки, агар мумкин бошад, баргузидагонро низ гумроҳ кунанд.
  10. Лекин шумо ҳушьёр бошед; инак, Ман ҳамаашро ба шумо пешакӣ гуфтам.

Омадани  Писари  Одам.

  1. Лекин дар он айём, пас аз он мусибат, офтоб хира шавад ва моҳ рўшноии худро надиҳад.
  2. Ва ситорагон аз осмон фурў резанд, ва қувваҳои афлок мутазалзил шаванд.
  3. Он гоҳ Писари Одамро бинанд, ки бо қудрат ва ҷалоли азим бар абрҳо меояд.
  4. Ва он гоҳ Ў фариштагони Худро фиристода, баргузидагони Худро аз чор ҷониб, аз канори замин то канори осмон фароҳам хоҳад овард.

Масал  дар  бораи  дарахти  анҷир.

  1. Акнун аз дархти анҷир мисол гиред; чун шохааш нарм шуда, барг оварад, медонед, ки тобистон наздик аст;
  2. Ҳамчунин шумо чун дидед, ки ин чизҳо воқеъ шудааст, бидонед, ки наздик аст, назди дар аст.
  3. Ба ростӣ ба шумо мегўям: ин насл ҳанўз аз олам нагузашта, ҳамаи ин чизҳо воқеъ хоҳад шуд.
  4. Осмон ва замин гузарон аст, лекин каломи Ман гузарон нест.
  5. Аммо он рўз ва соатро, ғайр аз Падар, касе намедонад, на фариштагони осмон, на Писар.
  6. Пас, барҳазар ва бедор бошед ва дуо гўед; зеро намедонед, ки он вақт кай фаро мерасад.

Дар  интизори  омадани  Худованд бедор бошед.

  1. Монанди касе ки ба сафар рафта ва хонаи худро тарк карда, ба хизматгорони худ ихтиёр дод ва барои ҳар яке шуғли хосе муқарар намуд ва дарбонро фармуд, ки бедор бошад.
  2. Пас, бедор бошед; зеро намедонед, ки соҳиби хона кай меояд, дар шом, ё ними шаб, ё ҳангоми бонги хурўс, ё бомдодон;
  3. Мабодо ногаҳон омада, шуморо хуфта ёбад.
  4. Аммо он чи ба шумо мегўям, ба ҳама мегўям:“Бедор бошед“.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s