Марқӯс боби 12

Масал  дар  бораи  токдорони  бадкор.

  1. Пас бо масалҳо ба онҳо оғози сухан намуда, гуфт:“Касе ток шинонд, деворе гирдаш кашид, чархуште сохт, бурҷе бино кард ва онро ба токдорон супурду ба сафар рафт.
  2. Чун мавсим расид, хизматгореро назди токдорон фиристод, то аз меваи токзор аз токдорон бигирад,
  3. Лекин онҳо вайро дошта заданд ва тиҳидаст равона карданд.
  4. Боз хизматгори дигарро назди онҳо фиристод; вайро низ сангборон карда, сарашро кафонданд ва дашном дода пеш кардан.
  5. Боз як нафари дигарро фиристод: вайро куштанд; ва бисьёр касони дигарро- баъзеро заданд ва баъзеро куштанд.
  6. Як писари азизаш буд, ва дар охир вайро низ назди онҳо фиристода, дар дили худ гуфт:’’Аз писарам шарм хоҳанд дошт’’.
  7. Лекин токдорон ба якдигар гуфтанд:’’Ин ворис аст; биёед, вайро бикушем, то мерос аз они мо гардад’’.
  8. Вайро дастгир карда, куштанд ва аз токзор берун бароварда партофтанд.
  9. Пас соҳиби токзор чӣ хоҳад кард? Омада, токдоронро ба марг маҳкум хоҳад кард ва токзорро ба дигарон хоҳад супурд.
  10. „Магар ин Навиштаро нахондаед:’’Санге ки меъморон рад карданд, санги сари гўшаи бино гардид:
  11. Ин аз ҷониби Худованд шуд ва дар назари мо ҳайратангез аст’’?“
  12. Ва хостанд Ўро дастгир кунанд, лекин аз мардум тарсиданд; зеро донистанд, ки ин масалро дар ҳаққи онҳо гуфта буд; пас Ўро вогузашта рафтанд.

Масъалаи  хироҷ.

  1. Ва чанд нафар аз фарисиён ва ҳиродиёнро назди Ў фиристоданд, то Ўро аз суханаш афтонанд.
  2. Онҳо омада, ба Ў гуфтанд:“Эй Устод! Медонем, ки Ту ҳақгўй ҳасти ва аз касе парвое надорӣ, зеро ҳеҷ рўбинӣ намекунӣ, балки роҳи Худоро ба ростӣ таълим медиҳӣ; оё ба қайсар ҷизья додан ҷоиз аст ё не? Бидиҳем ё надиҳем?“
  3. Аммо Ў риёкории онҳоро дарьёфта, гуфт:“Чаро Маро меозмоед? Диноре ба Ман биёред, то онро бубинам“
  4. Онҳо оварданд. Онгоҳ ба онҳо гуфт:“Ин сурат ва рақам аз они кист?“ Онҳо ба Ў гуфтанд:“Аз они қайсар“.
  5. Исо ба ҷавоби онҳо гуфт:“Он чи аз они қайсар аст, ба қайсар диҳед, ва он чи аз они Худост-ба Худо“. Ва аз ҷавоби Ў дар ҳайрат монданд.

Дар  бораи  эҳьёи  мурдагон.

  1. Ва саддуққиён, ки мункири қиёмат ҳастанд, назди Ў омада, пурсиданд:
  2. „Эй Устод! Мусо ба мо навиштааст:’’Агар бародари касе бимирад ва зане аз худ гузошта ва фарзанде надошта бошад, бояд бародараш зани вайро ба никоҳи худ дароварад, ва барои бародари худ насле ба вуҷуд оварад’’.
  3. Ҳафт бародар буданд: яке зан гирифта, мурд ва фарзанде нагузошт;
  4. Вайро дуюмин ба занӣ гирифта, мурд ва фарзанде нагузошт; сеюмин низ ҳамчунин.
  5. Ҳамаи он ҳафт вайро гирифтанд ва насле нагузоштанд. Баъд аз ҳама зан низ мурд.
  6. Пас, дар қиёмат, ки ҳама эҳьё хоҳанд шуд, вай зани кадоми онҳо мешавад? Зеро ки ҳар ҳафт вайро ба занӣ гирифта буданд“.
  7. Исо ба ҷавоби онҳо гуфт:“Магар гумроҳ нестед аз он рў, ки на Навиштаҳоро медонед, на қудрати Худоро?“
  8. Зеро, ҳангоме ки аз мурдагон эҳьё мешаванд, на зан мегиранд ва на ба шавҳар мераванд, балки монанди фариштагон дар осмон мебошанд.
  9. Аммо дар бораи мурдагон, ки эҳьё мешаванд, магар дар китоби Мусо нахондаед, ки чӣ сон Худо дар назди бутта ба вай гуфт:’’Манам Худои Иброҳим ва Худои Исҳоқ ва Худои Яъқуб’’?
  10. Вай на Худои мурдагон аст, балки Худои зиндагон. Пас шумо басе гумроҳ шудаед.

Аҳкоми   бузургтарин.

  1. Яке аз китобдонон, чун мубоҳисаи онҳоро шунида, дид, ки ба онҳо ҷавоби некў дод, пеш омада, аз Ў пурсид:“Аввалини ҳамаи аҳком кадом аст?“
  2. Исо ба вай ҷавоб дод:“Аввалини аҳком ин аст:’’Бишнав, эй Исроил! Худованд Худои мо Худованди ягона аст;
  3. Ва Худованд Худои худро бо тамоми дили ту ва бо тамоми ҷони ту ва бо тамоми ҳуши ту ва бо тамоми қуввати ту дўст бидор’’; аввалин аҳком ҳамин аст!
  4. Ва дуюмаш монанди он аст:’’Ёри худро мисли худ дўст бидор’’;ҳукми дигаре бузургтар аз инҳо нест’’.
  5. Китобдон ба Ў гуфт:“Офарин, эй Устод! Ту рост гуфтӣ, ки Худо ягона аст ва ҷуз Ў дигаре нест;
  6. Ва Ўро бо тамоми дил ва ва бо тамоми идрок ва бо тамоми қувват дўст доштан ва ёри худро мисли худ дўст доштан аз ҳамаи қубониҳои сўхтанӣ ва ҳадияҳо афзалтар аст“.
  7. Чун Исо дид, ки вай оқилона ҷавоб дод, ба вай гуфт:“Ту аз Малакути Худо дур нестӣ“.Пас аз он касе ҷуръат накард, ки аз Ў чизе пурсад.

Исо — ҳам  писари  Довуд  ва  ҳам  Худованди  Довуд.

  1. Ва ҳангоме ки Исо дар маъбад таълим медод, савол дода, гуфт:“Чи сон китобдонон мегўянд, ки Масеҳ писари Довуд аст?
  2. Ва ҳол он ки худи Довуд бар тибқи Рўҳулқудс мегўяд:’’Худованд ба Худованди ман гуфт: „Ба ямини Ман бинишин, то душманони Туро зери пои Ту андозам“‘‘.
  3. „Инак, худи Довуд Ўро Худованд меномад: пас чӣ сон Ў писари вай будааст?“ Ва мардуми бисьёр каломи Ўро бо хушнўдӣ мешуниданд.

Риёкории   китобдонон.

  1. Ва Ў ба онҳо таълим дода, мегуфт:“Аз китобдонон ҳазар кунед, ки дўст медоранд ҷомаҳои дароз пўшида гарданд, ва дар бозорҳо табрик бишнаванд,
  2. Ва дар курсиҳои аввали куништҳо ҷой бигиранд ва дар зиёфатҳо болонишин шаванд;
  3. Онҳо ки хонаҳои бевазанонро фурў мебаранд ва барои намуд дуоро тўл медиҳанд, аз ҳама сахтар маҳкум хоҳанд шуд“.

Фулуси   бевазан.

  1. Ва Исо дар муқобили ганҷина нишаста нигоҳ мекард, ки чӣ сон мардум ба ганҷина пул меандозанд. Аксари сарватдорон бисьёр меандохтанд.
  2. Ва бевазани камбағале омада, ду фулус андохт, ки ним тин мешавад.
  3. Пас шогирдонашро пеши Худ хонда, гуфт:“Ба ростӣ ба шумо мегўям, ки ин бевазани камбағал аз ҳамаи ононе ки ба ганҷина андохтанд, бештар дод;
  4. „Зеро ҳама аз зиёдатии худ доданд, лакин вай аз камбағалии худ ҳар чӣ дошт, андохт, яъне тамоми нафақаи худро дод“.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s