Марқӯс боби 11

Ба  Ерусалим  бо  тантана  ворид  шудани  Исо.

  1. Чун наздики Ерусалим, ба Байт-Фоҷӣ ва Байт-Ҳинӣ, бар кўҳи Зайтун расиданд, Ў ду шогирди Худро фиристода,
  2. Ба онҳо гуфт:“Ба ин деҳа, ки рў ба рўи шумост, биравед; чун даромадед, харкурраеро баста меёбед, ки ҳанўз касе бар он савор нашудааст; онро воз карда, ин ҷо биёред;
  3. Ва агар касе ба шумо гўяд:’’Чаро чунин мекунед?’’, ба ҷавобаш бигўед, ки Худованд ба он эҳтиёҷ дорад; ва дарҳол онро ба ин ҷо мефиристад“
  4. Онҳо рафта, курарро ёфтанд, ки дар кўча назди дарвоза бастагӣ буд; ва онро воз карданд.
  5. Баъзе касоне ки дар он ҷо истода буданд, ба онҳо гуфтанд:“Чӣ кор доред, ки курраро воз мекунед?“
  6. Ба ҷавоби онҳо он чиро гуфтанд, ки Исо ба фармуда буд; Ва онҳоро ба ҳоли худашон гузоштанд.
  7. Ва курраро назди Исо оварда, ҷомаҳои худро бар он афканданд, то бар он савор шуд.
  8. Бисьёр касон касон ҷомаҳои худро бар роҳ густурданд, ва дигарон шохаҳои дарахтонро бурида, бар роҳ густурданд.
  9. Ва онҳое ки аз пеш ва аз пас равона буданд, хитоб мекарданд;“Ҳўшаъно! Муборак аст Он ки ба исми Худованд меояд!“
  10. „Муборак аст малакути падари мо Довуд, ки ба исми Худованд меояд! Ҳўшаъно дар арши аъло!“
  11. Ва Исо вориди Ерусалим шуда, ба маъбад даромад; ва ҳама чизро аз назар гузаронд, ва чун рўз бевақт шуда буд, бо он дувоздаҳ ба Байт-Ҳинӣ рафт.

Дарахти  анҷири  бемева.

  1. Рўзи дигар чун аз Байт-Ҳинӣ берун омаданд, гурусна монд;
  2. Ва аз дур дарахти анҷирро, ки барг дошт, дида, омад, то шояд чизе бар он биёбад; чун наздик шуд, ҷуз баргҳо чизе наёфт, зеро кли мавсими анҷир ҳанўз нарасида буд.
  3. Ва Исо ба он гуфт:“Пас аз ин то абад касе аз ту мева нахўрад“. Ва шогирдонаш инро шуниданд.

Пок  кардани  маъбад.

  1. Ба Ерусалим омаданд. Исо ба маъбад даромада, ба пеш кардани онҳе ки дар маъбад харидуфурўш мекарданд, оғоз намуд; мизҳои саррофон ва курсиҳои кафтарфурўшонр чаппа кард;
  2. Ва нагузошт, ки касе чизеро аз миёни маъбад бардошта гузарад.
  3. Ва онҳоро таълим дода, мегуфт:“Оё навишта нашудааст, ки ‘‘Хонаи Ман хонаи ибодати ҳамаи халқҳо номида хоҳад шуд’’? Аммо шумо онро ба дуздхона мубаддал кардаед“.
  4. Чун китобдонон ва саркоҳинон шуниданд, дар тараддуди ин шуданд, ки чӣ тавр Ўро ба ҳалок расонанд; зеро аз Ў метарсиданд, чунки тамоми мардум аз таълимоти Ў дар ҳайрат буданд.
  5. Чун рўз бевақт шуд, Ў аз шаҳр берун рафт.
  6. Бомдодон, вақте ки мегузаштанд, дарахти анҷирро диданд, ки то реша хушк шудааст.
  7. Ва Петрус ба ёд оварда, гуфт:“Эй Устод! Инак дарахти анҷире ки нафрин кардаӣ, хушк шудааст“.

Дуои  имон.

  1. Исо ба ҷавоби онҳо гуфт:
  2. „Ба Худо имон оваред. Зеро ба ростӣ ба шумо мегўям: ҳар кӣ ба ин кўҳ гўяд:’’Бархоста, худро дар баҳр афкан’’, ва дар дили худ шак надошта бошад, балки яқин донад, ки он чи гўяд мешавад,-ҳар чи гўяд ба вай ато хоҳад шуд“.
  3. „Бинобар ин ба шумо мегўям: ҳар чӣ дар дуо хоҳиш мекунед, яқин бидонед, ки пайдо хоҳед кард, -ва ба шумо ато хоҳад шуд“.
  4. „Ва ҳангоме ки дар дуо меистед, агар аз касе ранҷу озоре кашида бошед, гуноҳи вайро авф намоед, то ки Падари шумо низ, ки дар осмон аст, гуноҳҳои шуморо биомурзад“;
  5. „Аммо агар афв накунед, Падари шумо низ, ки дар осмон аст, гуноҳҳои шуморо наомурзад“

Масъалаи  қудрати  Исо.

  1. Боз ба Ерусалим омаданд. Ва ҳангоми ки Ў дар маъбад мегашт, саркоҳинон, китобдонон ва пирон назди Ў омада,
  2. Гуфтанд:“Бо кадом қудрат ин корҳоро мекунӣ?“Ва кист, ки ин қудратро ба Ту додааст, то ин корҳоро кунӣ?“
  3. Исо ба ҷавоби онҳо гуфт:“Ман ҳам аз шумо чизе мепурсам, ба Ман ҷавоб диҳед; он гоҳ Ман ҳам ба шумо хоҳам гуфт, ки бо кадом қудрат ин корҳоро мекунам;
  4. Таъмиди Яҳьё аз осмон буд, ё аз инсон? Ба Ман ҷавоб диҳед“.
  5. Аммо онҳо дар дили худ андеша мекарданд:“Агар гўем, ки’’аз осмон буд’’, Ў бигўяд:’’Пас чаро ба вай имон наовардед?“
  6. Ва агар гўем, ки ‘‘аз инсон буд’’, аз мардум метарсиданд; зеро ки ҳама Яҳьёро набии барҳақ медонистанд.
  7. Ба Исо ҷавоб дода гуфтанд:“Намедонем“. Исо ҳам ба ҷавоби онҳо гуфт:“Ман ҳам ба шумо намегўям, ки бо кадом қудрат ин корҳоро мекунам“.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s