Марқӯс боби 10

Қонуни  Исо  дар  бораи  талоқ.

  1. Аз он ҷо баромада, ба он сўи Ўрдун, ба ҳудуди Яҳудо омад. Боз мардум назди Ў шитофтанд; ва Ў, аз рўи одаташ, боз онҳоро таълим медод.
  2. Фарисиён наздик омада ва Ўро озмуданӣ шуда, пурсиданд:“Оё ҷоиз аст, ки мард зани худро талоқ диҳад?“
  3. Ба ҷавоби онҳо гуфт:“Мусо ба шумо чӣ фармудааст?“
  4. Гуфтанд:“Мусо иҷоззат додааст, ки талоқномае навишта ҷудо шаванд“.
  5. Исо ба ҷавоби онҳо гуфт:“Ба сабаби дилсахтии шумо ин ҳукмро барои шумо навиштааст“;
  6. Лекин дар ибтидои офариниш Худо онҳро марду зан офарид.
  7. Аз ин сабаб мард падару модари худро тарк карда, бо зани худ мепайвандад.
  8. Ва ҳар ду як тан мешаванд, ба тавре ки онҳо акнун ду тан не, балки як тан мебошанд.
  9. Пас он чиро, ки Худо ба ҳам пайваст, одам набояд ҷудо кунад.
  10. Дар хона шогирдонаш боз дар ин бора аз Ў пурсиданд.
  11. Ў ба онҳо гуфт:“Ҳар кӣ зани худро талоқ дода, дигареро никоҳ кунад, дар ҳаққи вай зино карда бошад;
  12. Ва агар зане аз шавҳари худ ҷудо шуда, ба никоҳи дигаре дарояд, низ зино карда бошад.

Исо  кўдаконро  дуои  хайр  мекунад.

  1. Кўдаконро назди Ў меоварданд, то ки онҳоро ламс кунад; лекин шогирдон ба оварандагон монеъ мешуданд.
  2. Чун Исо дид, дарғазаб шуда, гуфт:“Кўдаконро бигзоред, ки назди Ман оянд, ва ба онҳо монеъ нашавед, зеро Малакути Худо ба чунин касон тааллуқ дорад“.
  3. Ба ростӣ ба шумо мегўям: ҳар кӣ Малакути Худоро монанади кўдак қабул накунад, ба он дохил намешвад.
  4. Ва онҳоро ба оғўш кашид ва даст бар онҳо ниҳода дуои хайр кард.

Исо  ва  ҷавони  сарватдор.

  1. Вақте ки ба роҳ мебаромад, касе назди Ў шитофта, зону бар замин зад ва пурсид:“Эй Устоди некў, чи кунам, то вориси ҳаёти ҷовидонӣ шавам?“
  2. Исо ба вай гуфт:“Чаро Маро некў мегўӣ? Ҳеҷ кас некў нест, ҷуз Худои ягона“.
  3. Аҳкомро медонӣ:’’Зино накун; қатл накун; дуздӣ накун; шаҳодати бардурўғ надеҳ; озор надеҳ падару модаратро ҳурмат кун’’„.
  4. Вай ба ҷавоби Ў гуфт:“Эй Устод! Ҳамаи инро ман аз кўдаки нигоҳ доштаам“.
  5. Исо ба вай нигариста, дўст дошт ва гуфт:“Туро як чиз намерасад: бирав, ҳар он чи дорӣ, бифурўш ва ба мискинон бидеҳ, ва дар осмон ганҷе хоҳӣ ёфт; ва омада, салиб бардор ва Маро пайравӣ кун“.
  6. Лекин вай аз ин сухан ошуфта ва ғамгин шуда, рафт, чунки молу мулки бисьёр дошт.

Ба  Малакути  Худо  даромадани  сарватдор  душвор  аст.

  1. Исо ба гирду пеш нигариста, ба шогирдонаш гуфт:“Ба Малакути Худо даромадани сарватдор чӣ гуна душвор аст!“
  2. Шогирдон аз суханони Ў дар ҳайрат шуданд. Исо боз ба ҷавоби онҳо гуфт:“Эй фарзандон! Ба онҳое ки умеди сарват доранд, даромадан ба Малакути Худо чӣ гуна душвор аст!“
  3. Аз сўрохии сўзан гузаштани шутур осонтар аст аз он ки сарватдор ба Малакути Худо дохил шавад.
  4. Онҳо бағоят дар ҳайрат шуда, ба якдигар мегуфтанд:“Пас кӣ метавонад наҷот ёбад?“.
  5. Исо ба онҳо нигоҳ карда гуфт:“Ба одамизод ин ғайриимкон аст, лекин на ба Худо; зеро ки ба Худо ҳама чиз имконпазир аст“.

Мукофоти  шогирдон.

  1. Он гоҳ Петрус ба Ў гуфт:“Инак, мо ҳама чизро тарк карда, Туро пайравӣ намудаем“.
  2. Исо ба ҷавоб гуфт:“Ба ростӣ ба шумо мегўям: касе нест, ки хона, ё бародарон, ё хоҳарон, ё падар, ё модар, ё зан, ё фрзандон, ё амлокро аз баҳри Ман ва Инҷил тарк кунаду
  3. Алҳол, дар ин замон, дар миёни таъқибот, сад чандон хонаҳо ва бародарон ва хоҳарон ва падарон ва модарон ва фарзандон ва амлок ва дар олами оянда ҳаёти ҷовидонӣ наёбад;
  4. Лекин басо аввалин, охирин хоҳад шуд, ва охирин аввалин.

Исо  бори  сеюм  мамот  ва  эҳьё  Худро  пешгўӣ  мекунад.

  1. Чун дар роҳи сўи Ерусалим буданд, Исо пешопеши Онҳо мерафт, ва онҳо дар ҳайрат буданд, ва чун аз ақиби Ў мерафтанд, ҳаросон мешуданд. Ва Ў он дувоздаҳро назди Худ хонда, боз ба гуфтани он чи ба сараш меояд, оғоз намуд:
  2. „Инак, мо сўи Ерусалим меравем, ва Писари Одам ба дасти саркоҳинон ва китобдонон таслим карда хоҳад шуд, ва Ўро ба марг маҳкум кунанду ба дасти ғайрияҳудиён таслим кунанд;„
  3. Ва Ўро тамасхур кунанд, тозиёна зананд, туфборон кунанд, бикушанд; ва дар рўзи сеюм эҳьё шавад.

Хоҳиши  иззатталабонаи  писарони  Забдой.

  1. Он гоҳ Яъқуб ва Юҳнно, ду писари Забдой, назди Ў омда, гуфтанд:“Эй Устод! Мехоҳем, он чи аз Ту хоҳиш кунем, барои мо бикунӣ“.
  2. Ба онҳо гуфт:“Чӣ мехоҳед, ки барои шумо бикунам?“
  3. Онҳо ба Ў гуфтанд:“Ба мо лутф намо, ки яке дар тарафи ростат ва дигаре дар тарафи чапат дар ҷалоли Ту бишинем“
  4. Исо ба онҳо гуфт:“Шумо намефаҳмед, ки чӣ мехоҳед; оё метавонед он косаеро, ки Ман менўшам, бинўшед ва он таъмидеро ки Ман меёбам биёбед?“
  5. Онҳо ба ҷавоб гуфтанд:“Метавонем“ Аммо Исо ба онҳо гуфт:“Косаеро, ки Ман менўшам, хоҳед нўшид ва таъмидеро, ки Ман меёбам хоҳед ёфт;
  6. Лекин имконияти дар тарафи росту чапи Ман нишастанатон дар дасти Ман нест, ки бидиҳам, ҷуз онҳое ки барояшон муҳайё шуда бошад.
  7. Ва он даҳ нафар, чун инро шуниданд, аз Яъқуб ва Юҳнно норозӣ шуданд.
  8. Аммо Исо онҳоро назди Худ хонда гуфт:“Шумо медонед, ононе ки мири халқҳо ба шумор мераванд, бар онҳо ҳукмрони мекунанд, ва акобирашон бар онҳо фармонраво мешавад.
  9. Лекин дар миёни шумо набояд ин тавр шавад: балки ҳар кӣ дар байни шумо хоҳад бузург бошад, хизматгори шумо шавад;
  10. Ва ҳар кӣ хоҳад дар байни шумо нахустин бошад, ғуломи шумо шавад;
  11. Зеро Писари Одам низ на барои он омад, ки ба Ў хизмат кунанд, балки барои он ки хизмат кунад ва ҷони Худро барои фидияи бисьёр касон бидиҳад“.

Бартимаи  кўр  бино  шуд.

  1. Ба Ериҳў омаданд. Вақте ки Ў бо шогирдонаш ва мардуми бисьёр аз Ериҳў мебаромад, Бартимай ибни Тимай ном кўре дар канори роҳ нишаста, садақа мепурсид.
  2. Чун шунид, ки ин Исои Носирист, фарьёдкунон гуфт:“Эй Исо, Писари Довуд! Ба ман раҳм кун“.
  3. Бисьёр касон вайро ба хомўш шудан водор мекарданд; лекин вай боз ҳам бештар фарьёд мезад:“Эй Писари Довуд! Ба ман раҳм кун“.
  4. Исо истода, фармуд, ки вайро бихонанд. Онҳо кўрро хонда, гуфтанд:“Осуда бош, бархез, ки туро мехонад“.
  5. Вай ҷомаи худро кашида, бархосту назди Исо омад.
  6. Исо ба вай ҷавоб гардонда, гуфт:“Чӣ мехоҳӣ, ки барои ту бикунам?“ Кўр ба Ў гуфт:“Эй Устод! Мехоҳам бино шавам“.
  7. Исо ба вай гуфт:“Бирав, ки имонат туро шифо бахшид“. Вай дарҳол бино гашта, аз ақиби Исо дар роҳ равона шуд.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s