Матто боби 9

Исо ба Кафарнаҳум бармегардад ва мафлуҷонро шифо медиҳад.

  1. Пас ба қаиқ савор шуда, убур кард ва ба шаҳри Худ омад.
  2. Ва инак, мафлуҷеро, ки бар бистар хобида буд, назди Ӯ оварданд. Чун Исо имони онҳоро дид, ба мафлуҷ гуфт: «Далер бош, эй фарзанд! Гуноҳҳои ту омурзида шуд».
  3. Дар айни ҳол баъзе аз китобдонон дар дили худ гуфтанд: «Ӯ куфр мегӯяд».
  4. Лекин Исо андешаҳои онҳоро пай бурда, гуфт: «Барои чӣ дар дили худ андешаҳои бад доред?
  5. Зеро кадомаш осонтар аст: гуфтани ин ки «гуноҳҳои ту омурзида шуд», ё гуфтани он ки «бархез ва равона шав»?
  6. Лекин то бидонед, ки Писари Одаам дар рӯи замин қудрати омурзидани гуноҳҳоро дорад», – он гоҳ ба мафлуҷ гуфт: «Бархез, бистари худро бардор ва ба хонаи худ равона шав».
  7. Дарҳол бархоста, ба хонаи худ равона шуд.
  8. Чун мардум инро даданд, ҳайрон шуданд ва Худоро, ки ба одамизод чунин қудрате бахшидааст, ҳамду сано хонданд.

Даъват кардани Матто.

  1. Ва Исо аз он ҷо гузашта, Матто ном шахсеро дид, ки дар боҷгоҳ нишаста буд, ва ба вай гуфт: «Аз пайи Ман биё».Вай бархоста аз пайи Ӯ равона шуд.

Исо бо боҷгирон ва гуноҳкорон хӯрок мехӯрад.

  1. Ва ҳангоме ки Исо дар хона дар сари дастархон нишаста буд, бисёре аз боҷгирон ва гуноҳкорон омада, бо Ӯ ва шогирдонаш дар сари дастархон нишастанд.
  2. Чун фарисиён инро диданд, ба шогирдони Ӯ гуфтанд: «Чаро Устоди шумо бо боҷгирон ва гуноҳкорон хӯрок мехӯрад?»
  3. Исо чун шунид, ба онҳо гуфт: «На тандурустон, балки беморон ба табиб ҳоҷат доранд;
  4. Ва шумо биравед ва маънои ин суханонро биомӯзед: «Марҳамат мехоҳам, на қурбонӣ»; зеро Ман омадаам, ки на одилонро, балки гуноҳкоронро ба тавба даъват кунам».

Масъалаи рӯзадорӣ.

  1. Шогирдони Яҳё назди Ӯ омада, гуфтанд: «Чаро мо ва фарисиён бисёр рӯза медорем, лекин шогирдони Ту рӯза намедоранд?»
  2. Исо ба онҳо гуфт: «Оё аҳли кӯшки никоҳ, модоме ки домод бо онҳост, мотам дошта метавонанд? Лакин айёме хоҳад расид, ки домод аз онҳо гирифта шавад, ва он гоҳ рӯза хоҳад дошт.

Масалҳо дар бораи ҷома ва машк.

  1. Ва ҳеҷ кас бар ҷомаи кӯҳна аз матои нав ямоқ намемонад; зеро ямоқи нав аз ҷома ҷудо шуда, ҷои даридаи он боз ҳам бадтар мешавад.
  2. Ва шароби навро дар машки кӯҳна намеандозанд; вагарна машк дарида, шароб ҳам мерезад, машк ҳам талаф мешавад; балки шароби навро дар машки нав меандозанд, ва ҳар ду маҳфуз мемонанд».

Исо зани беморро шифо медиҳад ва духтари Ёирро зинда мекунад.

  1. Ҳанӯз ин суханонро Ӯ ба онҳо мегуфт, ки сардоре омада, пеши Ӯ зону зад ва гуфт: «Духтари ман ҳозир мурд; лекин биё ва дасти Худро ба вай бигузор, ва зинда хоҳад шуд».
  2. Исо бархоста, бо шогидонаш аз пайи вай равона шуд.
  3. Ба инак, зане ки дувоздаҳ сол боз гирифтори хунравӣ буд, аз қафо наздик шуда, домани Ӯро ламс намуд.
  4. Зеро ки ба дили худ гуфт: «Агар маҳз либоси Ӯро ламс кунам, шифо меёбам».
  5. Исо ба қафо нигоҳ карда, занро дид ва гуфт: «Далер бош, эй духтар! Имонат туро шифо бахшид». Ҳамон соат зан шифо ёфт.
  6. Ва ҳангоме ки Исо ба хонаи сардор омада, найнавозон ва мардуми навҳакунандаро дид,
  7. Ба онҳо гуфт: «Аз ин ҷо бароед; зеро ки духтар намурдааст, балки хуфтааст». Онҳо бар Ӯ хандиданд.
  8. Чун мардум берун рафтанд, Ӯ даромада, дасти вайро гирифт, ва духтар бархост.
  9. Ва овозаи ин дар тамоми он сарзамин паҳн шуд.

Шифо ёфтани ду кӯр ва девонаи гунг.

  1. Вақте ки Исо аз он ҷо мерафт, ду кӯр аз пайи Ӯ рафта, фарёд мезаданд: «Эй Писари Довуд! Ба мо марҳамат кун».
  2. Ва чун ба хона расид, кӯрон назди Ӯ даромаданд. Исо ба онҳо гуфт: «Оё имон доред, ки Ман ин корро карда метавонам?» Онҳо ба Ӯ гуфтанд: «Оре, Худовандо!»
  3. Он гоҳ чашмони онҳоро ласм карда, гуфт: «Мувофиқи имонатон ба шумо бишавад».
  4. Ва чашмони онҳо кушода шуд. Ва Исо онҳоро таъкид карда, гуфт: «Зинҳор, касе аз ин огоҳӣ наёбад».
  5. Лекин онҳо берун рафта, овозаи Ӯро дар тамоми он сарзамин паҳн карданд.
  6. Ва ҳангоме ки онҳо берун мерафтанд, касеро назди Ӯ оварданд, ки девонаи гунг буд.
  7. Ва чун дев берун карда шуд, гунг ба гап даромад. Ва мардум дар ҳайрат монда, гуфтанд: «Чунин ҳодиса дар Исроил ҳаргиз дида нашудааст».
  8. Лекин фарисиён гуфтанд: «Ӯ девҳоро ба воситаи калони девҳо берун мекунад».

Илтимос дар бораи коргарон дар Малакути Худо.

  1. Ва Исо дар ҳамаи шаҳрҳо ва деҳот гашта, дар куништҳои онҳо таълим медод, ва Инҷили Малакутро мавъиза мекард ва ҳар беморӣ ва заъфи мардумро шифо медод.
  2. Ва анбӯҳи мардумро дида, ба онҳо раҳмаш омадм зеро онҳо мисли гӯсфандони бе чӯпон бе мадор ва пароканда буданд.
  3. Он гоҳ ба шогирдони Худ гуфт: «Дарав бисёр аст, лекин коргарон кам;
  4. Пас, шумо аз Соҳиби дарав илтимос кунед, ки ба дарави Худ коргаронро фиристонад».

© IBT 1992

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s