Матто боби 28

Эҳёи Исои Масеҳ ва воқеаҳои ин рӯз.

  1. Баъд аз гузаштани шанбе, субҳидами рӯзи якшанбе, Марями Маҷдалия ва он Марями дигар барои дидани қабр омаданд.
  2. Ногоҳ зилзилаи сахт рӯй дод; зеро фариштаи Худованд аз осмон фуромада, сангро аз дари қабр ғелонид ва бар он бинишаст;
  3. Намуди вай монанди барқ ва либосаш чун барф сафед буд.
  4. Посбонон аз вай тарсида, ба ларза афтоданд ва мисли мурда шуданд.
  5. Аммо фаришта ба занон рӯ оварда, гуфт: «Натарсед, зеро медонам, ки Исои маслубро ҷустуҷӯ мекунед»;
  6. «Ӯ дар ин ҷо нест, зеро, чунон ки гуфта буд, эҳё шуд; биёед ва, ҷоеро, ки Ӯ хуфта буд, бубинед»,
  7. «Ва ба зудӣ рафта, ба шогирдонаш гӯед, ки Ӯ аз мурдагон эҳё шуд ва пеш аз шумо ба Ҷалил меравад; дар он ҷо Ӯро хоҳед дид; инак ба шумо гуфтам».
  8. Ва онҳо шитобон аз қабр баромада, бо тарс ва шодии азим давида рафтанд, то ки ба шогирдони Ӯ хабар диҳанд.
  9. Вақте ки барои огоҳ кардани шогирдони Ӯ мерафтанд, инак Исо ба онҳо вохӯрда, гуфт: «Салом бар шумо!»Онҳо наздик омада, ба пойҳояш часпиданд ва ба Ӯ саҷда карданд.
  10. Он гоҳ Исо ба онҳо гуфт: «Натарсед; рафта, ба бародаронам хабар диҳед, ки ба Ҷалил раванд; ва дар он ҷо Маро хоҳанд дид».

Ба ришва харидани посбонони сари қабр.

  1. Чун онҳо мерафтанд, баъзе аз посбонон ба шаҳр омада, ба саркоҳинон тамоми воқеаро хабар доданд.
  2. Ва онҳо бо пирон ҷамъ омада ва машварат карда, ба сарбозон пули бисёре доданд.
  3. Ва гуфтанд: «Бигӯед, ки шогирдони Ӯ шабона омада, вақте ки мо дар хоб будем, Ӯро дуздиданд;
  4. Ва агар ин сухан ба гӯши ҳоким расад, мо вайро бовар мекунонем ва шуморо аз хатар фориғ мегардонем».
  5. Онҳо пулро гирифта, мувофиқи он дастур амал карданд. Ва ин овоза то имрӯз дар миёни яҳудиён паҳн шудааст.

Исо дар Ҷалил. Вазифаи бузург.

  1. Аммо ёздаҳ шогирд ба Ҷалил, ба кӯҳе ки Исо таъин карда буд, рафтанд,
  2. Ва Ӯро дида, ба Ӯ саҷда карданд; лекин баъзе аз онҳо ба шубҳа афтоданд.
  3. Ва Исо наздик омада, ба онҳо гуфт: «Ба Ман тамоми қудрат дар осмон ва бар замин дода шудааст»
  4. «Пас, биравед ва ҳамаи халқҳоро шогирд созед ва онҳоро ба номи Падар ва Писар ва Рӯҳулқудс таъмид диҳед,
  5. Ва онҳоро таълим диҳед, то ҳар он чиро, ки ба шумо фармудам, ба ҷо оваранд; ва инак, Ман ҳаррӯза то охири замон бо шумо ҳастам». Омин.

© IBT 1992

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s