Матто боби 27

Пирони яҳудӣ Исоро назди Пилотус мебаранд.

  1. Чун бомдод расид, ҳамаи саркоҳинон ва пирони қавм дар бораи Исо машварат карданд, ки Ӯро ба қатл расонанд;
  2. Ва Ӯро баста бурданду ба ҳоким Понтиюс Пилотус таслим карданд.

Пушаймонии бесамари Яҳудо.

  1. Таслимкунандаи Ӯ, Яҳудо, чун дид, ки Ӯро маҳкум карданд, пушаймон шуд ва сӣ сиккаи нуқраро ба саркоҳинон ва пирон гардонда дод,
  2. Ва гуфт: «Ман гуноҳ кардам, ки Хуни бегуноҳро таслим кардам». Онҳо ба вай гуфтанд: «Ба мо чӣ? Худат медонӣ».
  3. Ва сиккаҳои нуқраро вай дар маъбад партофта, баромада рафт ва худро буғӣ карда кушт.
  4. Лекин саркоҳинон сиккаҳои нуқраро гирифта, гуфтанд: «Инро ба ганҷинаи маъбад андохтан ҷоиз нест, чунки ин хунбаҳост».
  5. Ва машварат карда, ба ин пул киштзори кулолгарро барои қабристони ғарибон харида гирифтанд;
  6. Ба ин сабаб он киштзор то имрӯз «Мазрааи хун» номида мешавад.
  7. Он гоҳ сухане ки бо забони Ирмиёи пайғамбар гуфта шудааст, ба амал омад: «Онҳо сӣ сиккаи нуқраро гирифтанд, яъне баҳои Он Баҳомондашудае ки банӣ-Исроил ба Ӯ таъин карда буданд.
  8. Ва онро барои киштзори кулолгар доданд, чунон ки Худованд ба ман гуфт».

Пилотус Исоро тергав мекунад.

  1. Аммо Исо дар назди ҳоким истода буд. Ва ҳоким аз Ӯ пурсид: «Оё Ту Подшоҳи Яҳудиён ҳастӣ? Исо ба вай гуфт: «Ту мегӯӣ».
  2. Вақте ки саркоҳинон ва пирон Ӯро айбдор мекарданд, Ӯ ҳеҷ ҷавоб намедод.
  3. Он гоҳ Пилотус ба Ӯ гуфт: «Оё намешунавӣ, чӣ қадар бар зидди Ту шаҳодат медиҳанд?»
  4. Лекин дар ҷавоби вай як сухан ҳам нагуфт, ба тавре ки ҳоким бисёр дар ҳайрат монд.

Исо ё Бараббос?

  1. Ҳоким одат дошт, ки дар ҳар ид як бандиро, ки мехостанд, барои мардум озод мекард.
  2. Дар он вақт дар он ҷо бандии шӯҳратноке буд ки Бараббос ном дошт.
  3. Пас, вақте ки онҳо ҷамъ шуданд, Пилотус ба онҳо гуфт: «Киро мехоҳед, ки барои шумо озод кунам: Бараббосро, ё Исоро, ки Масеҳ меноманд?»
  4. Зеро медонист, ки Ӯро аз рӯи ҳасад таслим карда буданд.
  5. Вақе ки вай бар курсии доварӣ нишаста буд, занаш кас фиристода, гуфт: «Бо Он Одил туро коре набошад, чунки имрӯз дар хоб аз боиси Ӯ заҳмати бисёре кашидам».
  6. Лекин саркоҳинон ва пирон мардумро барангехта буданд, ки озодии Бараббос ва қатли Исоро талаб кунанд.
  7. Пас ҳоким ба онҳо рӯоварда, гуфт: «Аз ин ду кадомашро мехоҳед, ки барои шумо озод кунам?» Онҳо гуфтанд: «Барабосро».
  8. Пилотус ба онҳо гуфт: «Пас Исоро, ки Масеҳ меноманд, чӣ кунам?» Ҳама гуфтанд: «Ӯро маслуб кун!»
  9. Ҳоким гуфт: «Ӯ чӣ бадӣ кардааст?» Лекин онҳо боз ҳам зиёдтаар фарёд заданд: «Ӯро маслуб кун!»
  10. Пилотус чун дид, ки ҳеҷ гап фоида надорад, балки ошӯб бештар мегардад, об талабида, дасти худро дар назди мардум шуст ва гуфт: «Ман аз хуни Ин Одил барӣ ҳастам; шумо бидонед».
  11. Тамоми қавм дар ҷавоб гуфтанд: «Хуни Ӯ бар гардани мо ва фарзандони мо бошад».
  12. Пас Бараббосро барои онҳо озод кард, ва Исоро тозиёна зада, барои маслуб кардан таслим кард.

Таҳқир ва тамасхур кардани Исо.

  1. Он гоҳ сарбозони ҳоким Исоро ба сарбозхона бурда, тамоми фавҷро гирди Ӯ ҷамъ оварданд,
  2. Ва либоси Ӯро кашида, ҷомаи арғувон ба Ӯ пӯшонданд;
  3. Ва тоҷе аз хор бофта, бар сараш ниҳоданд ва қамише ба дасти рости Ӯ доданд; ва назди Ӯ зону зада, масхаракунон гуфтанд: «Салом, эй Подшоҳи Яҳудиён!»
  4. Ва бар Ӯ туф карданд ва қамишро гирифта, бар сараш заданд.
  5. Пас аз он ки Ӯро басе истеҳзо карданд, ҷомаи арғувонро аз танаш кашида, либоси Худашро пӯшонданд ва Ӯро берун бурданд, то ки маслуб кунанд.
  6. Чун берун рафтанд, касеро, ки Шимъӯн ном дошт ва аз Қурин буд, дида, маҷбур карданд, ки салиби Ӯро бардорад.

Маслуб кардани Исо.

  1. Ва чун ба ҷое ки Ҷолҷолто, яъне «Ҷои косахонаи сар» ном дошт, расиданд,
  2. Сиркои бо заҳр омехтае барои нӯшонданаш доданд, лекин чун чашид, нахост, ки бинӯшад.

Таврот дар Исо ба амал омад.

  1. Ононе ки Ӯро маслуб карданд, либоси Ӯро қуръа партофта тақсим карданд, то ба амал ояд сухане ки бо забони пайғамбар гуфта шудааст: «Сару либоси Маро дар миёни худ тақсим карданд ва бар пероҳани Ман қуръа партофтанд».
  2. Ва дар он ҷо нишаста, Ӯро посбонӣ карданд.
  3. Ва айбномае навишта, болои сари Ӯ овехтанд, ки чунин буд: «Ин аст Исо, Подшоҳи Яҳудиён».
  4. Бо Ӯ ду роҳзанро: яке аз дасти росташ ва дигаре аз дасти чапаш, маслуб карданд.
  5. Ва роҳгузарон Ӯро дашном дода ва сар ҷунбонда,
  6. Мегуфтанд: «Эй! Ту ки маъбадро вайрон карда, дар се рӯз аз нав бино мекунӣ! Худатро наҷот деҳ; агар Ту Писари Худо бошӣ, аз салиб фуруд ой».
  7. Ҳамчунин саркоҳинон бо китибдонон ва пирон Ӯро истеҳзо карда, мегуфтанд:
  8. «Дигаронро наҷот медод, лекин Худашро наҷот дода наметавонад! Агар Ӯ Подшоҳи Исроил бошад, акнун аз салиб фурӯд ояд, то ба Ӯ имон оварем;
  9. Ба Худо таваккал карда буд: акнун Ӯро раҳо кунад, агар дилхоҳаш бошад. Зеро Ӯ гуфта буд: «Ман Писари Худо ҳастам»».
  10. Ҳамчунин роҳзаноне ки бо Ӯ маслуб шуда буданд, Ӯро дашном медоданд.

Марги Исо.

  1. Ва аз соати шашум тамоми рӯи заминро то соати нӯҳум торикӣ фаро гирифт.
  2. Ва наздик ба соати нӯҳум Исо бо овози баланд фарёд зада гуфт: «Элӣ, Элӣ! Ламма сабақтанӣ?» Яъне: «Худои Ман, Худои Ман! Чаро Маро тарк кардаӣ?»
  3. Баъзе аз ҳозирон, чун шуниданд, гуфтанд: «Ӯ Илёсро мехонад».
  4. Дарҳол яке аз онҳо исфанҷеро гирифта, аз сирко пур кард ва бар сари най ниҳода, наздики даҳони Ӯ бурд, то бинӯшад.
  5. Лекин дигарон гуфтанд: «Биистед, бубинем, ки оё Илёс меояд, то ки Ӯро наҷот диҳад».
  6. Исо боз бо овози баланде фарёд зада, ҷон дод.

Замони Таврот тамом мешавад.

  1. Ва инак, пардаи маъбад аз боло то поён дарида, ду пора шуд: ва замин ҷунбид; ва сангҳо шикофта шуд;
  2. Ва қабрҳо кушода шуд; ва бисёр ҷасадҳои муқаддасон, ки оромида буданд, эҳё шуданд,
  3. Ва баъд аз эҳёи Ӯ аз қабрҳо баромада, ба шаҳри муқаддас рафтанд ва ба бисёр касон зоҳир шуданд.
  4. Аммо мирисад ва онҳое ки бо вай Исоро посбонӣ мекарданд, ҷунбиши замин ва рӯйдодҳои дигарро дида, бағоят тарсиданд ва гуфтанд: «Ба ростӣ Ӯ Писари Худо буд».
  5. Ҳамчунин занони бисёре ки аз Ҷалил аз ақиби Исо омада буданд, ва ба Ӯ хизмат мекарданд, дар он ҷо истода, аз дур менигаристанд;
  6. Дар миёни онҳо Марями Маҷдалия ва Маряме ки модари Яъқуб ва Йӯсе буд, ва модари писарони Забдой низ буданд.

Дафни Исо.

  1. Ва чун шом шуд, Юсуф ном давлатманде ки аз аҳли Ҳарофот ва ӯ низ аз шогирдони Исо буд, омад;
  2. Ва назди Пилотус рафта, ҷасади Исоро талаб кард. Пилотус фармон дод, ки дода шавад.
  3. Юсуф ҷасадро гирифта, ба катони тозае печонд.
  4. Ва онро дар қабри наве ки аз санг барои худ тарошида буд, ниҳод ва санги калонеро бар дари қабр ғелонида, рафт.
  5. Марями Маҷдалия ва он Марями дигар дар он ҷо, дар рӯ ба рӯи қабр нишаста буданд.

Посбонӣ кардани қабр.

  1. Фардои он, ки пас аз рӯзи ҷумъа буд, саркоҳинон ва фарисиён назди Пилотус ҷамъ омаданд,
  2. Ва гуфтанд: «Эй хоҷа! Дар хотир дорем, ки он фиребгар, вақте ки зинда буд, гуфта буд, ки «пас аз се рӯз эҳё хоҳам шуд»;
  3. Пас, бифармо, ки қабрро то рӯзи сеюм посбонӣ кунанд, то шогирдонаш шабона Ӯро дуздида, ба қавм нагӯянд, ки аз мурдагон эҳё шуд; ва фиреби охирин аз аввалин бадтар шавад».
  4. Пилотус ба онҳо гуфт: «Шумо посбонҳо доред; биравед ва, чунон ки медонед, пиосбонӣ кунед».
  5. Онҳо рафта, дар назди қабр посбононро гузоштанд ва санги онро мӯҳр карданд.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s