Матто боби 26

Қарори ҳукуматдорони яҳудӣ, ки Исоро бикушанд.

  1. Чун Исо ҳамаи ин суханонро ба поён расонд, ба шогирдони Худ гуфт:
  2. «Шумо медонед, ки пас аз ду рӯз иди фисҳ аст, ва Писари Одам таслим карда хоҳад шуд, то ки маслуб гардад».
  3. Он гоҳ саркоҳинон ва китобдонон ва пирони қавм дар ҳавлии саркоҳин, ки Қаёфо ном дошт, ҷамъ омаданд,
  4. Ва машварат карданд, ки Исоро бо ҳила дастгир карда, ба қатл расонанд;
  5. Лекин мегуфтанд: «На дар ид, мабодо дар байни мардум ошӯбе рӯй диҳад».

Марями сокини Байт-Ҳинӣ бар Исо равғани атрафшон мерезад.

  1. Ва ҳангоме ки Исо дар Байт-Ҳинӣ дар хонаи Шимъӯни махавӣ буд,
  2. Зане бо зарфи гаҷини равғани атрафшони гаронбаҳо назди Ӯ омад ва дар ҳолате ки Ӯдар сари дастархон нишаста буд, бар сари Ӯ рехт.
  3. Ва шогирдонаш, чун инро диданд, норозӣ шуда, гуфтанд: «Ин исрофкорӣ барои чист?
  4. Зеро ки равғани атрафшонро ба қимати гарон фурӯхта, ба мискинон додан мумкин буд».
  5. Лекин Исо инро дарёфта, ба онҳо гуфт: «Чаро занро хиҷил мекунед? Вай барои Ман кори некӯ кард;
  6. Зеро мискинон ҳар вақт дар назди шумо ҳастанд, лекин Ман ҳамеша бо шумо нестам;
  7. Вай ин равғани атрафшонро бар Бадани Ман рехта, Маро барои дафн тайёр кард;
  8. Ба ростӣ ба шумо мегӯям: дар тамоми ҷаҳон ҳар ҷо, ки Инҷил мавъиза шавад, кори вай низ барои ёдоварии вай зикр хоҳад ёфт».

Яҳудои Исқарют Худовандро таслим мекунад.

  1. Он гоҳ яке аз он дувоздаҳ, ки Яҳудои Исқарют ном дошт, пеши саркоҳинон рафт
  2. Ва гуфт: «Ба ман чӣ хоҳед дод, то ки Ӯро ба шумо таслим кунам?» Онҳо ба вай сӣ сиккаи нуқра таклиф карданд;
  3. Ва аз он дам вай фурсат меҷуст, ки Ӯро таслим кунад.

Омода кардани фисҳ.

  1. Дар рӯзи аввали иди фатир шогирдон назди Исо омада, гуфтанд: «Куҷо мехоҳӣ фисҳро барои хӯрдани Ту тайёр кунем?»
  2. Гуфт: «Ба шаҳр назди фалонӣ биравед ва бигӯед: «Устод мегӯяд: вақти Ман наздик аст, ва фисҳро бо шогирдони Худ дар хонаи ту мегузаронам»».
  3. Ва шогирдон он чи Исо фармуда буд, ба ҷо оварданд, ва фисҳро омода карданд.

Таоми шоми охирин.

  1. Бегоҳи рӯз Ӯ бо он дувоздаҳ дар сари дастархон нишаст;
  2. Ва ҳангоме ки таом мехӯрданд, гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки яке аз шумоён Маро таслим хоҳад кард».
  3. Онҳо бисёр ғамгин шуданд ва паси ҳамдигар ба Ӯ мегуфтанд: «Худовандо, оё он манам?»
  4. Ӯ дар ҷавоб гуфт: «Он ки бо Ман даст дар табақ меандозад, ҳамон кас Маро таслим хоҳад кард;
  5. Агарчи Писари Одам ончунон, ки дар бораи Ӯ навишта шудааст, меравад, лекин вой бар ҳоли он касе ки Писари Одам ба воситаи вай таслим шавад: барои вай беҳтар мебуд, ки таваллуд намеёфт».
  6. Дар ҷавоб Яҳудо, ки таслимкунандаи Ӯ буд гуфт: «Эй Устодам, оё ин манам?» Ба вай гуфт: «Ту гуфтӣ».

Муқарар кардани Таоми шоми Худованд.

  1. Ва ҳангоме ки онҳо таом мехӯрданд, Исо нонро гирифта, баракат дод ва пора карда, ба шогирдон доду гуфт: «Бигиред ва бихӯред, ки ин бадани Ман аст».
  2. Ва косаро гирифта, шукргузорӣ намуд ва ба онҳо дода, гуфт: «Ҳама аз ин бинӯшед;
  3. Зеро ин аст Хуни Ман аз паймони навин, ки барои бисёр касон аз баҳри омурзиши гуноҳҳо рехта мешавад.
  4. Аммо ба шумо мегӯям, ки минбаъд аз ин шираи ангур нахоҳам нӯшид, то ҳамон рӯзе ки дар Малакути Падари Худ онро бо шумо тоза бинӯшам».

Исо инкори Петрусро пешгӯӣ мекунад.

  1. Ва ҳамду сано хонда, ба сӯи кӯҳи Зайтун равона шуданд.
  2. Он гоҳ Исо ба онҳо гуфт: «Ҳамаи шумо имшаб дар ҳаққи Ман ба васваса хоҳед афтод, зеро навишта шудааст: «Чӯпонро мезанам, ва гӯсфандони рама пароканда хоҳанд шуд».
  3. Аммо пас ас эҳё шуданам, пеш аз шумо ба Ҷалил хоҳам рафт».
  4. Петрус дар ҷавоби Ӯ гуфт: «Агар ҳама дар ҳаққи Ту ба васваса афтанд ҳам, ман ҳаргиз намеафтам».
  5. Исо ба вай гуфт: «Ба ростӣ ба ту мегӯям, ки дар ҳамин шаб, пеш аз он ки хурӯс бонг занад, Маро се бор инкор хоҳӣ кард».
  6. Петрус ба Ӯ гуфт: «Ҳатто агар бо Ту мурданам лозим ояд, Туро инкор намекунам». Ҳамаи шогирдон низ ҳамчунин гуфтанд.

Маҳзунии Исо дар Ҷатсамонӣ.

  1. Баъд аз ин Исо бо онҳо ба мавзее ки Ҷатсамонӣ номдошт, омад, ва ба шогирдонаш гуфт: «Дар ин ҷо бинишинед, то дар он ҷо дуо гӯям».
  2. Ва Петрус ва ҳарду писари Забдойро бо Худ бурд; ва хеле маҳзун ва дилтанг шуд.
  3. Ва ба онҳо гуфт: «Ҷони Ман то ба дараҷаи марговар маҳзун шудааст; дар ин ҷо бимонед ва бо Ман бедор бошед».

Дуои якум.

  1. Ва каме пештар рафта, рӯ ба замин афтод ва дуо карда, гуфт: «Эй Падари Ман! Агар мумкин бошад, ин коса аз Ман бигзарад; лекин на бо хоҳиши Ман, балки бо иродаи Ту».
  2. Ва назди шогирдонаш омада, онҳоро хуфта ёфт, ва ба Петрус гуфт: «Оё натавонистед соате бо Ман бедор бошед?
  3. Бедор бошед ва дуо гӯд, то ба озмоиш дучор нашавед: рӯҳ бардам аст, лекин ҷисм нотавон».

Дуои дуюм.

  1. Бори дигар рафта, боз дуо кард ва гуфт: «Эй Падари ман! Агар мумкин набошад, ки ин коса, бе он ки онро бинӯшам, аз ман бигзарад, пас он чи иродаи Туст, бишавад».
  2. Ва омада, боз онҳоро хуфта ёфт, зеро чашмонашон хоболуд буд.

Дуои сеюм.

  1. Ва онҳоро гузошта, боз рафт ва бори сеюм бо ҳамон суханон дуо гуфт.
  2. Он гоҳ назди шогирдонаш омада, ба онҳо гуфт: «Шумо ҳанӯз мехобед ва истироҳат мекунед? Инак, соат расидааст, ва Писари Одам ба дасти гуноҳкорон таслим карда мешавад;
  3. Бархезед, биравем: инак, он ки Маро таслим мекунад, наздик омад».

Таслим кардани Яҳудо ва ҳабс шудани Исо.

  1. Ва ҳанӯз ки Ӯ сухан мегуфт, инак, Яҳудо, ки яке аз он дувоздаҳ буд, ва бо вай мардуми бисёре аз ҷониби саркоҳинон ва пирони қавм бо шамшеру таёқҳо омаданд.
  2. Таслимкунандаи Ӯ ишорате ба онҳо дода, гуфта буд: «Ҳар киро бибӯсам, Ӯ Ҳамон аст, Ӯро дастгир кунед».
  3. Ва дарҳол назди Исо омада, гуфт: «Ассалом, эй Устод!» Ва Ӯро бӯсид.
  4. Лекин Исо ба вай гуфт: «Эй рафиқ, барои чӣ омадӣ?» Ва онҳо наздик омада, дастҳои худро бар Исо андохтанд, ва Ӯро гирифтанд.
  5. Ва ногоҳ яке аз ҳамроҳони Исо даст оварда, шамшери худро аз ғилоф кашид ва ба ғуломи саркоҳин зада, гӯши вайро бурида партофт.
  6. Исо ба вай гуфт: «Шамшери худро ғилоф кун, зеро ҳар кӣ шамшер кашад, ба шамшер кушта шавад.
  7. Ё гумон мекунӣ, ки алҳол наметавонам аз Падари Худ хоҳиш намоям, ки барои Ман зиёда аз дувоздаҳ фавҷ фриштагонро равона кунад?
  8. Лекин дар он сурат Навиштаҳо чӣ гуна ба амал меояд, ки ҳамин тавр бояд бишавад?
  9. Лекин ҳамон соат Исо ба мардум гуфт: «Гӯё бар зидди роҳзане шумо бо шамшеру таёқҳо берун омадаед, то Маро дастгир кунед, ҳар рӯз Ман назди шумо дар маъбад нишаста, таълим медодам, ва шумо Маро дастгир накардед.
  10. Лекин ин ҳама шуд, то ки навиштаҳои пайғамбарон ба амал ояд». Он гоҳ ҳамаи шогирдон Ӯро вогузошта, гурехтанд.

Исо ба ҳузури Қаёфо ва пирон.

  1. Ва онҳое ки Исоро дастгир карданд, Ӯро назди саркоҳин Қаёфо оварданд, ки дар он ҷо китобдонон ва пирон ҷамъ омада буданд.
  2. Лекин Петрус аз дур, то ҳавлии саркоҳин, аз пайи Ӯ равона шуд; ва ба даруни он даромада, бо хизматгорон нишаст, то ки анҷоми корро бубинад.
  3. Саркоҳинон ва тамоми шӯрои пирон дар ҷустуҷӯи шаҳодати бардурӯғе бар зидди Исо буданд, то Ӯро ба қатл расонанд,
  4. Лекин наёфтанд; бо вуҷуди он ки бисёр шоҳидони козиб омада буданд, ҳеҷ наёфтанд. Ниҳоят, ду шоҳиди козиб омада,
  5. Гуфтанд: «Ӯ мегуфт: «Метавонам маъбади Худоро вайрон кунам ва дар зарфи се рӯз онро аз нав бино кунам»».
  6. Ва саркоҳин бархоста, ба Ӯ гуфт: «Ҳеҷ ҷавоб намедиҳӣ? Ин чист ки инҳо бар зидди Ту шаҳодат медиҳанд?»
  7. Аммо Исо хомӯш монд. Ва саркоҳин ба Ӯ гуфт: «Туро ба Худои Ҳай қасам медиҳам, ба мо бигӯ, ки оё Ту Масеҳ, Писари Худо ҳастӣ?»
  8. Исо ба вай гуфт: «Ту гуфтӣ; аммо Ман ба шумо мегӯям: пас аз ин Писари Одамро хоҳед дид, ки ба ямини қудрат нишаста, бар абрҳои осмон меояд».
  9. Он гоҳ саркоҳин ҷомаи худро даронда гуфт: «Ӯ куфр гуфт! Дигар ба шоҳидон чи ҳоҷат дорем? Инак, акнун шумо куфри Ӯро шунидед!
  10. Чӣ мулоҳиза доред?» Дар ҷавоб гуфтанд: «Сазовори марг аст».
  11. Он гоҳ ба сару рӯи Ӯ туф кардан гирифтанд, ва Ӯро мезаданд; баъзеҳо Ӯро торсакӣ мезаданд
  12. Ва мегуфтанд: «Эй Масеҳ, ба мо пайғамбарӣ кун, ки Туро кӣ задааст?»

Инкор кардани Петрус.

  1. Аммо Петрус дар берун, дар рӯи ҳавлӣ нишаста буд. Ва канизе назди вай омада, гуфт: «Ту низ бо Исои Ҷалилӣ будӣ».
  2. Лекин вай дар назди ҳама инкор карда, гуфт: «Намедонам, ки ту чӣ мегӯӣ».
  3. Вақте ки аз дарвоза берун мерафт, канизи дигаре вайро дида, ба онҳое ки дар он ҷо буданд, гуфт: «Ин ҳам бо Исои Носирӣ буд».
  4. Вай бори дигар инкор карда, қасам хӯрд, ки Он Одамро намешиносад.
  5. Пас аз муддате ҳозирон наздик омада, ба Петрус гуфтанд: «Дар ҳақиқат ту низ яке онҳо мебошӣ, зеро ки лаҳҷаи ту ба ин шаҳодат медиҳад».
  6. Он гоҳ вай ба савганду қасам хӯдан оғоз намуда, гуфт: «Он Одамро намешиносам». Ва дарҳол хурӯс бонг зад.
  7. Ва Петрус суханони Исоро ба ёд овард, ки ба вай гуфта буд: «Пеш аз он ки хурӯс бонг занад, Маро се бор инкор хоҳӣ кард». Ва берун рафта, зор-зор гирист.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s