Матто боби 25

Масал дар бораи даҳ бокира.

  1. «Дар он замон Малакути Осмон монанди даҳ бокирае хоҳад буд, ки чароғҳои худро бардошта, ба пешвози домод берун рафтанд;
  2. Аз онҳо панҷ нафар доно ва панҷ нафар нодон буданд;
  3. Нодонон чароғҳои худро гирифтанд, вале бо худ равған нагирифтанд;
  4. Лекин доноён бо чароғҳои худ дар зарфҳо низ равған гирифтанд;
  5. Чун домод дер монд, ҳама пинак рафта, хуфтанд.
  6. Ва дар нисфи шаб овозе баланд шуд: «Инак, домод меояд, ба пешвози вай берун оед».
  7. Он гоҳ ҳамаи бокираҳо бархоста, чароғҳои худро тайёр карданд.
  8. Ва нодонон ба доноён гуфтанд: «Аз равғани худ ба мо диҳед, зеро чароғҳои мо хомӯш мешавад».
  9. Аммо доноён дар ҷавоб гуфтанд: «Не мабодо барои мо ва шумо камӣ кунад; беҳтар аст, ки шумо назди фурӯшандагон рафта, барои худ бихаред».
  10. Ва ҳангоме ки онҳо барои харидан рафтанд, домод омада, ва онҳое ки тайёр буданд, бо вай ба тӯи арӯсӣ даромаданд, ва дар баста шуд.
  11. Баъд аз он, бокираҳои дигар низ омада, гуфтанд: «Эй хоҷа! Эй хоҷа! Ба мо воз кун».
  12. Лекин вай дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям: шуморо намешиносам».
  13. Пас, бедор бошед, зеро намедонед, ки Писари Одам дар кадом рӯз ва кадом соат меояд.

Масал дар бораи талантҳои амонатӣ.

  1. Зеро монанди касест, ки ба сафари дур рафтанӣ шуда, ғуломони худро талабид ва молу мулкашро ба онҳо супурд:
  2. Ба яке панҷ талант, ба дигаре ду, ба сеюмӣ як, яъне ба ҳар кадом алоқадри ҳолаш дода, дарҳол ба сафар рафт.
  3. Он ки панҷ талант гирифта буд, ба тиҷорат машғул шуд ва панҷ таланти дигар фоида кард;
  4. Ҳамчунин он ки ду талант гирифта буд, ду таланти дигар ба даст овард;
  5. Лекин он ки як талант гирифта буд, рафта заминро канд ва пули хоҷаи худро пинҳон кард.
  6. Пас аз муддати дуру дарозе хоҷаи он ғуломон омада, аз онҳо ҳисобот талаб кард.
  7. Он ки панҷ талант гирифта буд, панҷ таланти дигарро ҳам оварда, гуфт: «Эй хоҷа! Ту ба ман панҷ талант дода будӣ; инак, бо онҳо панҷ таланти дигар ба даст овардам».
  8. Хоҷааш ба вай гуфт: «Офарин, эй ғуломи нек ва мӯътамад! Ту дар чизи андак мӯътамад будӣ, туро бар чизҳои бисёр бигуморам; ба шодии хоҷаи худ шарик шав».
  9. Ҳамчунон он ки ду талант гирифта буд, назди вай омада, гуфт: «Эй хоҷа! Ту ба ман ду талант дода будӣ, инак, бо онҳо ду таланти дигарро ба даст овардам».
  10. Хоҷааш ба вай гуфт: «Офарин, эй ғуломи нек ва мӯътамад! Ту дар чизи андак мӯътамад будӣ, туро бар чизҳои бисёре бигуморам; ба шодии хоҷаи худ шарик шав».
  11. Пас он ки як талант гирифта буд, назди вай омада, гуфт: «Эй хоҷа! Чун медонистам, ки ту Марди сахтгире ҳастӣ, аз ҷое ки накоштаӣ, медаравӣ, ва аз ҷое ки напошидаӣ, ҷамъ мекунӣ,
  12. Бинобар ин тарсидам ва рафта, таланти худро дар замин пинҳон кардам; инак, моли ту ин ҷост».
  13. Хоҷааш дар ҷавоби вай гуфт: «Эй ғуломи шарир ва танбал! Ту медонистӣ, ки ман аз ҷое ки накоштаам, медаравам, ва аз ҷое ки напошидаам ҷамъ мекунам;
  14. Аз ин рӯ ту мебоист пули маро ба сароффон медодӣ, ва ман омада, пули худро бо фоидааш мегирифтам;
  15. Пас он талантро аз вай гирифта, ба касе ки даҳ талант дорад, бидиҳед.
  16. Зеро ҳар кӣ дорад, ба вай дода ва афзун шавад; лекин ҳар кӣ надорад, аз вай он чи низ дорад, гирифта шавад;
  17. Ва он ғуломи нобакорро ба зулмоти беруна бароварда партоед: дар он ҷо гиря ва ғиҷирроси дандон хоҳад буд».

Доварии Исои Худованд бар халқҳо.

  1. Лекин вақте ки Писари Одам дар ҷалоли Худ бо ҳамаи фариштагони муқаддас меояд, он гоҳ бар тахти ҷалоли Худ хоҳад нишаст,
  2. Ва ҳамаи халқҳо дар назди Ӯ ҷамъ хоҳанд шуд; ва онҳоро аз якдигар ҷудо хоҳад кард, мисли чӯпоне ки гӯсфандонро аз бузҳо ҷудо мекунад;
  3. Ва гӯсфандонро дар тарафи рост ва бузҳоро дар тарафи чапи Худ ҷой хоҳад дод.
  4. Он гоҳ Подшоҳ ба онҳое ки ба тарафи рости Ӯ ҳастанд, хоҳад гуфт: «Биёед, эй баракатёфтагон аз Падари Ман, Малакутеро, ки аз ибтидои офариниши олам барои шумо муҳайё шудааст, мерос гиред:
  5. Зеро ки гурусна будам, ба Ман хӯрок додед, ташна будам, ба Ман об додед; ғариб будам, Маро пазируфтед;
  6. Бараҳна будам, Маро пӯшондед; бемор будам, Маро иёдат кардед; дар зиндон будам, ба дидани Ман омадед».
  7. Он гоҳ одилон дар ҷавоб хоҳанд гуфт: «Худовандо! Кай Туро гурусна дидему хӯрок додем? Ё ташна дидему об додем?
  8. Кай Туро ғариб дидему пазируфтем? Ё бараҳна дидему пӯшондем?
  9. Кай Туро бемор ё маҳбус дидему ба дидани Ту омадем?»
  10. Ва Подшоҳ дар ҷавоби онҳо хоҳад гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям: он чи ба яке аз ин бародарони хурдтарини Ман кардед, ба Ман кардед».
  11. Он гоҳ ба онҳое ки ба тарафи чапи Ӯ ҳастанд, хоҳад гуфт: «Эй малъунон, аз Ман дур шавед ва ба оташи ҷовидонае ки барои иблис ва фариштагони вай муҳайё шудааст, биравед:
  12. Зеро ки гурусна будам, ба Ман хӯрок надодед; ташна будам, ба Ман об надодед;
  13. Ғариб будам, Маро напазируфтед; бараҳна будам, Маро напӯшондед; бемор ва маҳбус будам, ба иёдати Ман наомадед».
  14. Онҳо низ дар ҷавоби Ӯ хоҳанд гуфт: «Худовандо! Кай Туро гурусна, ё ташна, ё ғариб, ё бараҳна, ё бемор, ё маҳбус дидему ба Ту хизмат накардем?»
  15. Он гоҳ дар ҷавоби онҳо хоҳад гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям: он чи шумо ба яке аз ин хурдтаринҳо накардед, ба Ман накардед».
  16. Ва онҳо ба азоби ҷовидонӣ хоҳанд рафт, вале одилон – ба ҳаёти ҷовидонӣ».

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s