Матто боби 23

Риёкории китобдонон ва фарисиён.

  1. Он гоҳ Исо ба мардум ва ба шогирдони Худ хитоб кард
  2. Ва гуфт: «Китобдонон ва фарисиён бар курсии Мусо нишастаанд;
  3. Пас, он чи ба шумо гӯянд, ба ҷо оваред ва риоя кунед; лекин аз рӯи корҳои онҳо рафтор накунед, зеро ки мегӯянд ва намекунанд;
  4. Борҳои гарон ва душворро баста, бар дӯши мардум мегузоранд, лекин худашон намехоҳанд онҳоро ҳатто бо як ангушт ҳаракат диҳанд;
  5. Ҳамаи корҳои худро барои он мекунанд, ки ба мардум нишон диҳанд: дуо-қуттичаҳои худро васеътар мекунанд ва пӯпакҳои ридоҳои худро калонтар месозанд;
  6. Ва дӯст медоранд, ки дар зиёфатҳо болонишин бошанд ва дар курсиҳои аввали куништҳо ҷойгир шаванд,
  7. Ва дар кӯчаю бозорҳо мардум ба онҳо таъзим кунанд ва онҳоро «Устод! Устод!» гӯянд.
  8. Лекин шумо набояд устод хонда шавед, зеро ки устоди шумо якест, яъне Масеҳ аст, ва ҳамаи шумо бародаронед;
  9. Ва ҳеҷ касро дар замин падари худ нахонед, зеро ки Падари шумо якест, ки дар осмон аст;
  10. Ва набояд роҳнамо хонда шавед, зеро ки Роҳнамои шумо якест, яъне Масеҳ аст.
  11. Бузургтарини шумо хизматгори шумо бошад:
  12. Зеро ҳар кӣ худро баланд кунад, паст гардад; ва ҳар кӣ худро фурӯтан созад, сарафроз гардад.

Исо ба китобдонон ва фарисиён «вой бар ҳоли шумо» мегӯяд.

  1. Вой бар ҳоли шумо, эй китобдонон ва фарисиёни риёкор, ки Малакути Осмонро ба рӯи мардум мебандед; зеро ки худатон намедароед ва ба онҳое ки даромадан мехоҳанд монеъ мешавед.
  2. Вой бар ҳоли шумо, эй китобдонон ва фарисиёни риёкор, ки хонаҳои бевазенонро фурӯ мебаред ва дуоро риёкорона тӯл медиҳед: ба ин сабаб сахттар маҳкум хоҳед шуд.
  3. Вой бар ҳоли шумо, эй китобдонон ва фарисиёни риёкор, ки баҳр ва хушкиро давр мезанед, то якеро ба дини худ гардонед; ва ҳангоме ки ин ба шумо муяссар шавад, вайро ду баробар аз худатон зиёдтар писари дӯзах мегардонед.
  4. Вой бар ҳоли шумо, эй пешвоёни кӯр, ки мегӯед: «Ҳар кӣ ба маъбад қасам хӯрад, ҳеҷ гап не; лекин ҳар кӣ ба тиллои маъбад қасам хӯрад, ӯҳдадор хоҳад буд».
  5. Эй аблаҳон ва кӯрон! Кадомаш афзал аст: тилло ё маъбад, ки тиллоро тақдис мекунад?
  6. Ҳамчунин мегӯед: «Ҳар кӣ ба қурбонгоҳ қасам хӯрад, ҳеҷ гап не; лекин ҳар кӣ ба қурбоние ки бар он аст, қасам хӯрад, ӯҳдадор хоҳад буд».
  7. Эй аблаҳон ва кӯрон! Кадомаш афзал аст: қубонӣ ё қурбонгоҳ, ки қурбониро тақдис мекунад?
  8. Пас, ҳар кӣ ба қурбонгоҳ қасам хӯрад, ба он ва ба ҳар чи бар он аст, қасам хӯрда бошад.
  9. Ва ҳар кӣ ба маъбад қасам хӯрад, ба он ва ба Ӯ, ки сокини он аст, қасам хӯрда бошад.
  10. Ва ҳар кӣ ба осмон қасам хӯрад, ба тахти Худо ва ба Ӯ, ки бар он нишастааст, қасам хӯрда бошад.
  11. Вой бар ҳоли шумо, эй китобдонон ва фарисиёни риёкор, ки аз наъно, бодиён ва зира урш медиҳед, лекин бузургтарин аҳкоми шариат, яъне доварӣ, марҳамат ва имонро тарк кардаед; мебоист онҳоро ба ҷо оварда, инҳоро низ тарк намекардед.
  12. Эй пешвоёни кӯр, ки пашшаро софӣ карда шутурро фурӯ мебаред!
  13. Вой бар ҳоли шумо, эй китобдонон ва фарисиёни риёкор, ки беруни пиёла ва табақро тоза мекунед, дар сурате ки даруни онҳо аз дуздӣ ва ифроткорӣ пур аст.
  14. Эй фарисии кӯр! Аввал даруни пиёла ва табақро тоза кун, то ки беруни он низ тоза бошад.
  15. Вой бар ҳоли шумо, эй китобдонон ва фарисиён, ки ба қабрҳои сафед карда шуда монанд мебошед, ки аз берун зебо менамоянд, лекин дарунашон аз устухонҳои мурдагон ва ҳар хел наҷосат пур аст;
  16. Ҳамчунин шумо низ ба зоҳир ба назари мардум одил менамоед, лекин дар ботин аз риёкорӣ ва шарорат пур ҳастед.
  17. Вой бар ҳоли шумо, эй китобдонон ва фарисиёни риёкор, ки мақбараҳои пайғамбаронро бино мекунед ва биноҳои ёдгории одилонро зинат медиҳед,
  18. Ва мегӯед: «Агар дар замони падарони худ мебудем, дар рехтани хуни пайғамбарон бо онҳо шарик намешудем».
  19. Ба ҳамин тариқ худатон бар зидди худ шаҳодат медиҳед, ки фарзандони қотилони пайғамбарон ҳастед;
  20. Пас, шумо ҳам зарфи падарони худро лабрез кунед.
  21. Эй морон ва афъизадагон! Аз маҳкумияти дӯзах чӣ тавр гурехта метавонед?
  22. Бинобар ин, инак, Ман назди шумо пайғамбарон ва ҳукамо ва китобдононро мефиристам; ва шумо баъзеро хоҳед кушт ва баъзеро маслуб хоҳед кард, ва баъзеро дар куништҳои худ тозиёна зада, аз шаҳр ба шаҳре хоҳед ронд;
  23. То тамоми хуни одилон, ки бар замин рехта шуд, бар сари шумо фурӯд ояд, аз хуни Ҳобили одил то хуни Закарё ибни Бакарё, ки вайро шумо дар миёни маъбад ва қурбонгоҳ куштед.
  24. Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки ин ҳама бар сари ин насл хоҳад омад.

Маҳзунии Исо дар бораи Уршалим.

  1. Эй Уршалим, Уршалим, ки пайғамбаронро мекушӣ ва онҳоеро, ки назди ту фиристода шудаанд, сангсор мекунӣ! Чанд бор хостам фарзандони туро ҷамъ кунам, монанди мокиёне ки чӯҷаҳои худро зери болаш ҷамъ мекунад, ва шумо нахостед!
  2. Инак, хонаи шумо ба шумо вайрон гузошта мешавад.
  3. Зеро ба шумо мегӯям: аз ин пас Маро нахоҳед дид, то даме ки бигӯед: «Муборак аст Он ки ба номи Худованд меояд!»»

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s