Матто боби 22

Масал дар бораи тӯи арӯсӣ дар хонаи подшоҳ.

  1. Ва Исо суханашро бо масалҳо давом дода, ба онҳо гуфт:
  2. Малакути Осмон монанди подшоҳест, ки барои писари худ тӯи арӯсӣ барпо кард,
  3. Ва ғуломони худро фиристод, то ки даъватшудагонро ба тӯи арӯсӣ бохонанд; лекин онҳо нахостанд биёянд.
  4. Боз ғуломони дигарро фиристод ва гуфт: «Ба даъватшудагон бигӯед, ки «инак, дастурхони худро оростаам, говҳо ва бӯрдоқиҳои ман сар бурида шудаанд, ва ҳама чиз тайёр аст; ба тӯи арӯсӣ биёед»».
  5. Лекин онҳо беэътиноӣ карда, яке ба киштзори худ ва дигаре ба тиҷоратхонаи худ рафтанд;
  6. Ва баъзеи дигарон ғуломони ӯро гирифта, ҳақорат доданд ва куштанд.
  7. Подшоҳ, чун шунид, хашмгин шуд ва аскарони худро фиристода, он қотилонро маҳв намуд ва шаҳрашонро оташ дода сӯзонд.
  8. Он гоҳ ба ғуломони худ гуфт: «Тӯй тайёр аст, лекин даъватшудагон сазовори он набуданд;
  9. Пас, ба сари гузар бароед ва ҳар киро биёбед, ба тӯи арӯсӣ даъват кунед».
  10. Ва ғуломон ба сари роҳ баромада, ҳар киро ёфтанд, хоҳ нек буд хоҳ бад, ҷамъ карданд; ва тӯйхона аз меҳмонон пур шуд.
  11. Подшоҳ барои дидани аҳли маҷлис даромада, шахсеро дид, ки ҷомаи тӯёна дар бар надорад,
  12. Ва ба вай гуфт: «Эй рафиқ, чӣ тавр ба ин ҷо даромадӣ, дар ҳолате ки ҷомаи тӯёна дар бар надорӣ?» Лекин вай хомӯш монд.
  13. Подшоҳ ба ходимони худ гуфт: «Дасту пои вайро баста, ба зулмоти берун бароварда партоед: дар он ҷо гиря ва ғиҷирроси дандон хоҳад буд».
  14. Зеро ки даъватшудагон бисёранд, аммо баргузидагон – кам».

Ҷавоби Исо ба ҳиродиён.

  1. Он вақт фарисиён рафта, машварат карданд, ки чӣ тавр Ӯро аз суханаш афтонанд.
  2. Ва шогидони худро бо ҳиродиён назди Ӯ фиристода, гуфтанд: «Эй Устод! Медонем, ки Ту ҳақгӯй ҳастӣ ва роҳи Худоро ба ростӣ таълим медиҳӣ ва аз касе парвое надорӣ, зеро ҳеҷ рӯбинӣ намекунӣ;
  3. Пас ба мо бигӯ, ки фикри Ту чист? Оё ба қайсар ҷизя додан ҷоиз аст, ё не?
  4. Аммо Исо макри онҳоро дарёфта, гуфт: «Эй риёкорон, чаро Маро меозмоед?
  5. Сиккаи ҷизяро ба Ман нишон диҳед». Онҳо ба Ӯ диноре оварданд.
  6. Ба онҳо гуфт: «Ин сурат ва рақам аз они кист?»
  7. Ба Ӯ гуфтанд: «Аз они қайсар». Ба онҳо гуфт: «Пас, он чи аз они қайсар аст, ба қайсар диҳед, ва он чи аз они Худост – ба Худо».
  8. Чун инро шуниданд, дар ҳайрат монданд ва Ӯро гузошта, рафтанд.

Дар бораи эҳёи мурдагон.

  1. Ҳамон рӯз саддуқиён, ки мункири қиёмат ҳастанд, назди Ӯ омада пурсиданд:
  2. «Эй Устод! Мусо гуфтааст: «Агар касе бимирад ва фарзанде надошта бошад, бояд бародараш зани вайро ба никоҳи худ дароварад ва барои бародари худ насле ба вуҷуд оварад».
  3. Назди мо ҳафт бародар буданд: яке зан гирифта, мурд ва чун фарзанд надошт, занашро ба бародари худ гузошт;
  4. Ҳамчунин дуюм ва сеюм, то ҳафтум;
  5. Бад аз ҳама зан низ мурд.
  6. Пас, дар эҳёи мурдагон вай зани кадоме аз он ҳафт нафар хоҳад буд? Зеро ки ҳама вайро ба занӣ гирифта буданд».
  7. Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Шумо гумроҳ ҳастед, аз он рӯ ки на Навиштаҳоро медонед, ва на қудрати Худоро;
  8. Зеро ки дар эҳёи мурдагон на зан мегиранд ва на ба шавҳар мераванд, балки монанди фариштагони Худо дар осмон мебошанд.
  9. Аммо дар бораи эҳёи мурдагон оё суханеро, ки Худо ба шумо гуфтааст, нахондаед:
  10. «Ман Худои Иброҳим ва Худои Исҳоқ ва Худои Яъқуб»? Худо на Худои мурдагон аст, балки Худои зиндагон».
  11. Ва мардум шунида, аз таълими Ӯ дар ҳайрат монданд.

Ҳукми муҳимтарин.

  1. Аммо чун фарисиён шуниданд, ки Ӯ даҳони саддуқиёнро бастааст, бо ҳам ҷамъ омаданд.
  2. Ва яке аз онҳо ки шариатдон буд, Ӯро озмуданӣ шуда, чунин савол дод:
  3. «Эй Устод! Кадом ҳукм дар шариат бузургтар аст?»
  4. Исо ба вай гуфт: «»Худованд Худои худро бо тамоми дили ту ва бо тамоми ҷони ту ва бо тамоми ҳуши ту дӯст бидор».
  5. Ҳамин аст ҳукми аввалин ва бузургтарин;
  6. Ва дуюмаш монанди он аст: «Ёри худро мисли худ дӯст бидор».
  7. Ба ин ду ҳукм тамоми Таврот ва суҳафи пайғамбарон асос ёфтааст.

Исо – писар ва Худованди Довуд.

  1. Ҳангоме ки фарисиён бо ҳам ҷамъ омаданд, Исо ба онҳо саволе дода,
  2. Гуфт: «Дар бораи Масеҳ чӣ фикр доред? Ӯ писари кист?» Ба Ӯ гуфтанд: «Писари Довуд».
  3. Ба онҳо гуфт: «Пас чӣ тавр Довуд, аз рӯи илҳом, Ӯро Худованд хонда, чунин мегӯяд:
  4. «Худованд ба Худованди ман гуфт: «Ба ямини Ман бинишин, то душманони Туро зери пои Ту андозам»»?
  5. Модоме ки Довуд Ӯро Худованд мехонад, чӣ сон Ӯ писари вай будааст?
  6. Ва ҳеҷ кас дар ҷавоби Ӯ сухане гуфта натавонист; ва пас аз он рӯз касе ҷуръат накард, ки аз Ӯ чизе пурсад.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s