Матто боби 20

Масал дар бораи коргарони токзор.

  1. «Зеро Малакути Осмон монанди соҳиби хонаест, ки бомдодон берун рафт, то ки барои токзори худ коргарон киро кунад,
  2. Ва бо коргарон рӯзе як динорӣ паймон карда, онҳоро ба токзори худ фиристод».
  3. Ва қариби соати сеюм берун рафта, дигаронро дид, ки дар бозор бекор истодаанд,
  4. Ва ба онҳо гуфт: «Шумо низ ба токзори ман равед, ва он чи ҳаққи шумо бошад, ба шумо хоҳам дод». Ва онҳо рафтанд.
  5. Боз қариби соатҳои шашум в нӯҳум берун рафта, ҳамчунин кард.
  6. Ва қариби соати ёздаҳум берун рафта, дигаронро дид, ки бекор истодаанд, ва ба онҳо гуфт: «Барои чӣ шумо тамоми рӯз дар ин ҷо бекор истодаед?»
  7. Ба вай гуфтанд: «Касе моро киро накард». Ба онҳо гуфт: «Шумо низ ба токзори ман равед, ва он чи ҳаққи шумо бошад, ба шумо хоҳам дод».
  8. Чун шом расид, соҳиби токзор ба амалдори худ гуфт: «Коргаронро ҷеғ зада, муздашонро аз аввалин то охирин бидеҳ».
  9. Онҳое ки қариби соати ёздаҳум омада буданд, ҳар яке диноре гирифтанд.
  10. Онҳое ки аввалин шуда омада буданд, хаёл карданд, ки бештар хоҳанд гирифт; лекин онҳо низ ҳар яке диноре гирифтанд;
  11. Ва чун гирифтанд, аз соҳиби хона шикоят карда,
  12. Гуфтанд: «Ин охиромадагон як соат кор карданд, ва ту онҳоро бо мо, ки сахтӣ ва гармии рӯзро аз сар гузаронидем, баробар донистӣ».
  13. Лекин вай дар ҷавоби яке аз онҳо гуфт: «Эй рафиқ! Туро озор надодаам; оё ту ба як динор бо ман паймон накардӣ?
  14. Музди худро гирифта, рав; мехоҳам ба ин охирин мисли ту диҳам;
  15. Оё ҳақ надорам, ки бо чизи худ он чи хоҳам, бикунам? Оё аз он ки ман некдил ҳастам, ту ҳасад мебарӣ?»
  16. Ба ин тариқа охиринҳо аввалин хоҳанд шуд, ва аввалинҳо –охирин; зеро ки даъватшудагон бисёранд, аммо баргузидагон – кам».

Исо боз барои марг ва эҳёи Худ эълон мекунад.

  1. Ва ҳангоме ки ба Уршалим мерафтанд, Исо дар аснои роҳ дувоздаҳ шогирдашро танҳо назди Худ хонда, ба онҳо гуфт:
  2. «Инак, мо сӯи Уршалим меравем, ва Писари Одам ба дасти саркоҳинон ва китобдонон таслим карда хоҳад шуд, ва Ӯро ба марг маҳкум хоҳанд кард;
  3. Ва Ӯро ба дасти ғайрияҳудиён таслим хоҳанд кард, то ки тамасхур намоянд, тозиёна зананд ва маслуб кунанд; ва дар рӯзи сеюм эҳё хоҳад шуд».

Хоҳиши иззатталабонаи Саломия дар бораи писаронаш.

  1. Он гоҳ модари писарони Забдой бо ду писарони худ назди Ӯ омада ва саҷда бурда, аз Ӯ чизе илтимос кард.
  2. Исо ба вай гуфт: «Чӣ хоҳиш дорӣ?» Гуфт: «Бифармо, ки ду писари ман дар Малакути Ту яке дар тарафи ростат ва дигаре дар тарафи чапат биншинанд».
  3. Исо дар ҷавоб гуфт: «Шумо намефаҳмед, ки чӣ мехоҳед; оё метавонед он косаеро, ки Ман менӯшам, бинӯшед ва он таъмидеро, ки Ман меёбам, биёбед?» Ба Ӯ гуфтанд: «Метавонем».
  4. Ба онҳо гуфт: «Косаи Маро хоҳед нӯшид, ва таъмидеро, ки Ман меёбам, хоҳед ёфт; лекин имконияти дар тарафи чапу рости Ман нишастан дар дасти Ман нест, ки бидиҳам; ҷуз онҳое ки барояшон аз ҷониби Падари Ман муҳайё шуда бошад».
  5. Ва он даҳ нафар, чун инро шуниданд, аз он ду бародар норозӣ шуданд.
  6. Аммо Исо онҳоро назди Худ хонда, гуфт: «Шумо медонед, ки мирони халқҳо бар онҳо ҳукмронӣ мекунанд, ва акобирашон бар онҳо фармонраво мешаванд;
  7. Лекин дар миёни шумо набояд ин тавр шавад: балки ҳар кӣ дар байни шумо хоҳад бузург бошад, хизматгори шумо шавад.
  8. Ва ҳар кӣ хоҳад дар байни шумо нахустин бошад, ғуломи шумо шавад;
  9. Чунки Писари Одам на барои он омад, ки ба Ӯ хизмат кунанд, балки барои он ки хизмат кунад ва ҷони Худро барои фидияи бисёр касон бидиҳад».

Шифо ёфтани ду кӯр дар наздикии Ериҳӯ.

  1. Ва ҳангоме ки онҳо аз Ериҳӯ мебаромаданд, мардуми бисёре аз ақиби Ӯ мерафтанд.
  2. Ва инак, ду кӯр, ки дар канори роҳ нишаста буданд, гузаштани Исоро шунида, фарёдкунон гуфтанд: «Эй Худованд, Писари Довуд! Ба мо марҳамат кун».
  3. Мардум онҳоро ба хомӯш шудан водор мекарданд, лекин онҳо боз ҳам бештар фарёд мезаданд: «Эй Худованд, Писари Довуд! Ба мо марҳамат кун».
  4. Исо истода, онҳоро назди Худ хонд ва гуфт: «Чӣ мехоҳед, ки барои шумо бикунам?»
  5. Ба Ӯ гуфтанд: «Худовандо! Мехоҳем чашмони мо кушода шаванд».
  6. Пас Исо ба онҳо раҳм карда, чашмҳошонро ламс намуд; ва дарҳол бино гашта, аз ақиби Ӯ равона шуданд.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s