Матто боби 18

Исо иззатталабии шогирдонро маззамат мекунад.

  1. Дар он соат шогирдон назди Исо омада, гуфтанд: «Дар Малакути Осмон кист бузургтар?»
  2. Исо кӯдакеро ҷеғ зада, дар миёни онҳо ба по гузошт,
  3. Ва гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям: агар руҷӯъ накунед ва монанди кӯдакон нашавед, ба Малакути Осмон нахоҳед даромад.
  4. Пас, ҳар кӣ худро мисли ин кӯдак фурӯтан созад, дар Малакути Осмон бузургтар аст;
  5. Ва ҳар кӣ яке аз ин гуна кӯдаконро ба номи Ман қабул кунад, вай Маро қабул мекунад;
  6. Ва ҳар кӣ яке аз ин тифлонро, ки ба Ман имон меоваранд, ба васваса андозад, барои вай беҳтар аст, ки санги осиёе бар гарданаш овехта, вайро дар қаъри баҳр ғарқ кунанд.

Мубориза ба муқобили васвасаҳо.

  1. Вой бар ҳоли ҷаҳон ба сабаби васвасаҳо, зеро ки вуқӯи васвасаҳо ногузир аст; лекин вой бар ҳоли касе ки сабаби васвасаҳо гардад.
  2. Пас, агар дастат ё поят туро ба васваса андозад, онро бурида, аз худ дур андоз; барои ту беҳтар аст, ки ланг ва ё шал шуда ба ҳаёт дароӣ, аз ин ки бо ду даст ва бо ду по дар оташи ҷовидонӣ андохта шавӣ;
  3. Ва агар чашмат туро ба васваса андозад, онро канда, аз худ дур андоз; барои ту беҳтар аст, ки якчашма шуда ба ҳаёт дароӣ, аз ин ки бо ду чашм дар оташи дӯзах андохта шавӣ.

Гӯсфанди гумшуда. Худованд ҷустуҷӯ менамояд.

  1. Зинҳор, ҳеҷ яке аз ин тифлонро хор нашуморед; зеро ба шумо мегӯям ки фариштаҳои онҳо дар осмон ҳамеша рӯи Падари Маро, ки дар осмон аст, мебинанд.
  2. Зеро ки Писари Одам омадааст, то ки гумшударо наҷот диҳад.
  3. Фикри шумо чист? Агар касе сад гӯсфанд дошта бошад, ва яке аз онҳо гум шавад, оё вай наваду нӯҳро дар кӯҳсор гузошта, ба ҷустуҷӯи он як гумшуда намеравад?
  4. Ва агар иттифоқан онро ёбад, ба ростӣ ба шумо мегӯям, барои он бештар шодӣ мекунад аз он наваду нӯҳ, ки гум нашудаанд.
  5. Ба ҳамин тариқ, иродаи Падари шумо, ки дар осмон аст, ин нест, ки яке аз ин тифлон нобуд шавад.

Тартиб дар калисои оянда. Дуои умумӣ.

  1. Агар бародарат ба ту гуноҳ кунад, рафта байни худат ва ӯ ба танҳоӣ гуноҳашро фаҳмон: агар ба сухани ту гӯш диҳад, бародари худро дарёфтӣ;
  2. Ва агар гӯш надиҳад, як ё ду каси дигарро ҳамроҳи худ бигир, то ки аз забони ду ё се шоҳид ҳар сухан тасдиқ шавад.
  3. Ва агар ба онҳо гӯш надиҳад, ба калисо бигӯ; ва агар ба калисо низ гӯш надиҳад, бигзор ӯ барои ту чун халқҳо ва ё чун боҷгир бошад.
  4. Ба ростӣ ба шумо мегӯям: он чи шумо бар замин бандед, дар осмон баста хоҳад шуд; ва он чи бар замин кушоед, дар осмон кушода хоҳад шуд.
  5. Ҳамчунин ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки агар ду нафар аз шумо бар замин дар бораи талабидани ҳар чиз муттафиқ шаванд, аз тарафи Падари Ман, ки дар осмон аст, ба онҳо бахшида хоҳад шуд.
  6. Зеро дар ҷое ки ду ё се кас ба номи Ман ҷамъ шаванд, Ман дар миёни онҳо ҳастам».

Муҳаббат афв менамояд. Масал дар бораи хоҷаи раҳмдил ва хизматгори бераҳм.

  1. Он гоҳ Петрус назди Ӯ омада, гуфт: «Худовандо! Чанд бор ба бародари худ, ки нисбат ба ман гуноҳ карда бошад, авф намоям? Оё то ҳафт бор?»
  2. Исо ба вай гуфт: «Ба ту намегӯям: «То ҳафт бор», балки то ҳафтод карат ҳафтод бор.
  3. Аз ин рӯ Малакути Осмон монанди подшоҳест, ки мехост бо ғуломони худ ҳисобӣ кунад.
  4. Вақте ки ба ҳисобӣ шурӯъ намуд, якеро назди вай оварданд, ки даҳ ҳазор талант аз вай қарз дошт.
  5. Чун чизе барои адои қарз надошт, хоҷааш амр фармуд, ки худаш, занаш, фарзандонаш ва ҳамаи дороияшро фурӯхта, қарзашро адо кунанд.
  6. Ғулом рӯй ба замин ниҳода, ба вай саҷда бурд ва гуфт: «Эй хоҷа! Ба ман мӯҳлат деҳ, ва ман ҳамаашро ба ту адо хоҳам кард».
  7. Ва хоҷаи он ғулом, раҳмаш омада, вайро ҷавоб дод ва қарзашро ба вай бахшид.
  8. Лекин чун он ғулом берун рафт, яке аз рафиқони худро ёфт, ки аз ӯ сад динор қарздор буд; вайро сахт дошта ва гулӯяшро фишурда, гуфт: «Он қарзатро ба ман адо кун».
  9. Он рафиқаш ба пойҳои ӯ афтода ва илтимос намуда, гуфт: «Ба ман мӯҳлат деҳ, ва ман ҳамаашро ба ту адо хоҳам кард».
  10. Аммо ӯ розӣ нашуд, балки рафта, вайро дар зиндон андохт, то ки қарзашро адо кунад.
  11. Чун рафиқонаш ин воқеаро диданд, бисёр ғамгин шуданд ва назди хоҷаи худ омада, ҳар он чи рӯй дода буд, ба вай нақл карданд.
  12. Он гоҳ хоҷаашон ӯро назди худ даъват намуда, гуфт: «Эй ғуломи шарир! Тамоми қарзатро ман ба ту бахшидам, зеро ки ту аз ман илтимос кардӣ;
  13. Оё туро низ лозим набуд, ки ба рафиқи худ раҳм кунӣ, чунон ки ман ба ту раҳм кардам?»
  14. Ва хоҷааш ба хашм омада, ӯро ба шиканҷакунандагон супурд, то тамоми қарзашро адо кунад.
  15. Ҳамин тавр Падари Ман, ки дар осмон аст, бо шумо низ амал хоҳад кард, агар ҳар яке аз шумо гуноҳҳои бародари худро аз самими қалб авф накунад».

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s