Матто боби 17

  1. Баъд аз шаш рӯз Исо Петрус, Яъқуб ва бародари вай Юҳанноро ҳамроҳи Худ бурд ва онҳоро танҳо ба кӯҳи баланде баровард,
  2. Ва дар пеши назари онҳо дигаргун шуд: чеҳрааш чун офтоб дурахшид, ва либосаш чун нур сафед гардид.
  3. Ва инак, Мусо ва Илёс ба онҳо намоён шуданд, ки бо Ӯ гуфтугӯ мекарданд.
  4. Он гоҳ Петрус ба Исо гуфт: «Худовандо! Дар ин ҷо будани мо некӯст; агар хоҳӣ, дар ин ҷо се чодар месозем: яке барои Ту, яке барои Мусо ва яке барои Илёс».
  5. Ҳанӯз вай сухан мегуфт ва инак абри дурахшандае бар онҳо соя андохт; ва овозе аз даруни абр баромад, ки мегуфт: «Ин Писари Маҳбуби Ман, ки ҳусни таваҷҷӯҳи Ман бар Ӯст; Ӯро бишнавед».
  6. Чун шогирдон инро шуниданд, рӯй ба замин афтоданд ва бисёр тарсиданд.
  7. Лекин Исо наздик омада, ба онҳо даст расонд ва гуфт: «Бархезед ва ҳаросон нашавед».
  8. Ва онҳо чашмони худро кушода, ҷуз Исо касеро надиданд.
  9. Чун аз кӯҳ мефуромаданд, Исо таъкид намуда, гуфт: «То Писари Одам аз мурдагон эҳё нашавад, ин рӯъёро ба касе нагӯед».
  10. Ва шогирдонаш аз Ӯ пурсиданд: «Чаро китобдонон мегӯянд, ки Илёс бояд аввал биёяд?»
  11. Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Дуруст аст, ки Илёс бояд аввал биёяд ва ҳама чизро соз кунад;
  12. Лекин ба шумо мегӯям, ки Илёс аллакай омад, ва онҳо вайро нашинохтанд, ва бо вай он чи хостанд, карданд; Писари Одам низ аз дасти онҳо уқубат хоҳад кашид».
  13. Он гоҳ шогирдон фаҳмиданд, ки Ӯ дар бораи Яҳёи Таъмиддиҳанда ба онҳо сухан мегуфт.

Шифо ёфтани девона.

  1. Чун онҳо назди мардум омаданд, марде пеш омада, назди Ӯ зону зад,
  2. Ва гуфт: «Худовандо! Ба писари ман марҳамат кун; вай масрӯъ аст ва сахт азият мекашад, зеро ки худро дам ба дам дар оташ меандозад ва дам ба дам дар об;
  3. Вайро ба шогирдони Ту овардам, онҳо шифо дода натавонистанд».
  4. Исо дар ҷавоб гуфт: «Эй насли беимон ва каҷрафтор! То кай бо шумо бошам? То кай шуморо тоқат кунам? Вайро ин ҷо назди Ман биёред».
  5. Ва Исо ба вай амр фармуд; ва дев аз вай берун рафт; ва он писар дарҳол шифо ёфт.
  6. Шогирдонаш назди Исо омада, ба танҳоӣ аз Ӯ пурсиданд: «Чаро мо онро берун карда натавонистем?»
  7. Исо ба онҳо гуфт: «Ба сабаби беимонии шумо; зеро ба ростӣ ба шумо мегӯям: агар ба андозаи донаи хардале имон дошта бошед ва ба ин кӯҳ бигӯед: «Аз ин ҷо ба он ҷо кӯч кун», он кӯч хоҳад кард; ва ҳеҷ чиз барои шумо ғайриимкон нахоҳад буд;
  8. Лекин ин ҷинс фақат ба воситаи дуо ва рӯза берун меравад».

Исо аз нав дар бораи марг ва эҳёи Худ эълон мекунад.

  1. Вақте ки онҳо дар Ҷалил мегаштанд, Исо ба онҳо гуфт: «Писари Одам ба дасти одамон таслим карда хоҳад шуд,
  2. Ва Ӯро хоҳанд кушт, ва дар рӯзи сеюм эҳё хоҳад шуд». Ва онҳо бисёр ғамгин шуданд.

Хироҷ барои маъбад.

  1. Чун онҳо ба Кафарнаҳум расиданд, ҷамъкунандагони дудирҳам назди Петрус омада, гуфтанд: «Оё Устоди шумо дудирҳамро намедиҳад?»
  2. Гуфт: «Оре». Ва чун ба хона даромад, пеш аз он ки чизе бигӯяд, Исо ба вай гуфт: «Эй Шимъӯн, фикри ту чист? Подшоҳони ҷаҳон боҷ ва хироҷ аз киҳо мегиранд? Аз фарзандони худ ё аз бегонагон?»
  3. Петрус ба Ӯ гуфт: «Аз бегонагон». Исо ба вай гуфт: «Пас фарзандон озоданд;
  4. Лекин барои он ки онҳоро ба васваса наандозем, ба соҳили баҳр рафта, қалмоқе биандоз, ва аввалин моҳиро, ки банд шуд, бигир; ва даҳонашро кушода, истатир хоҳӣ ёфт; онро гирифта, барои Ман ва барои худат ба онҳо бидеҳ».

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s