Матто боби 16

Фарисиён аломати осмонӣ металабанд.

  1. Фарисиён ва саддуқиён омаданд ва Ӯро озмуда, хоҳиш карданд, ки аломати осмонӣ ба онҳо нишон диҳад.
  2. Дар ҷавоби онҳо гуфт: «Шомгоҳон шумо мегӯед: «Ҳаво хуб хоҳад буд, чунки осмон сурх аст»;
  3. Бомдодон мегӯед: «Имрӯз ҳаво бад хоҳад шуд, чунки осмон арғувонӣ ва гирифта мебошад». Эй риёкорон! Қиёфаи осмонро фарқ карда метавонеду аломати замонҳоро наметавонед?
  4. Насли шарир ва зинокор аломате металабад, ва ба вай ҷуз аломати Юнуси пайғамбар дода нахоҳад шуд». Ва онҳоро тарк карда, равона шуд.

Огоҳонидан аз таълимоти фарисиён ва саддуқиён.

  1. Ва чун шогирдон ба соҳили дигар убур карднд, нон гирифтанро фаромӯш карда буданд.
  2. Исо ба онҳо гуфт: «Бохабар бошед, аз хамиртуруши фарисиён ва саддуқиён ҳазар кунед».
  3. Онҳо дар дили худ андешида мегуфтанд: «Ин аз он сабаб аст, ки нон нагирифтаем».
  4. Исо инро дарёфта, ба онҳо гуфт: «Эй сустимонҳо, чаро дар дили худ андеша мекунед, ки нон нагирифтаед?
  5. Оё ҳанӯз намефаҳмед ва дар хотир надоред он панҷ нон ва панҷ ҳазор нафар ва чанд сабадро, пур карда бардоштед?
  6. Ва он ҳафт нон ва чор ҳазор нафар ва чанд сабадро, ки пур карда бардоштед?
  7. Чаро намефаҳмед, ки на дар бораи нон ба шумо гуфтам, ки аз хамиртуруши фарисиён ва саддуқиён ҳазар кунед?»
  8. Он гоҳ фаҳмиданд, ки Ӯ ба онҳо амр фармудааст на аз хамиртуруши нон, балки аз таълими фарисиён ва саддуқиён ҳазар кунанд.

Эътирофи Петрус.

  1. Вақте ки Исо ба музофоти Қайсарияи Филиппус омад, аз шогирдони Хид пурсид: «Мардум Маро, ки Писари Одам ҳастам, кӣ мегӯянд?»
  2. Гуфтанд: «Баъзе мегӯянд, ки Яҳёи Таъмиддиҳандаӣ, баъзе мегӯянд, ки Илёсӣ, ва баъзе мегӯянд, ки Ирмиёӣ ё яке аз пайғамбаронӣ».
  3. Ӯ ба онҳо гуфт: «Шумо Маро кӣ мегӯед?»
  4. Шимъӯни Петрус ҷавоб дода гуфт: «Ту Масеҳ, Писари Худои Ҳай ҳастӣ».

Башорати аввалин дар бораи калисо.

  1. Ва Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Хушо ту, эй Шимъӯн писари Юнус, чунки башар инро ба ту зоҳир накардааст, балки Падари Ман, ки дар осмон аст.
  2. Ва Ман ба ту мегӯям: ту Петрус ҳастӣ, ва бар ин сахра Ман калисои Худро бино мекунам, ва дарвозаҳои дӯзах бар он ғолиб нахоҳад шуд;
  3. Ва калидҳои Малакути Осмонро ба ту месупорам, ва он чи ту бар замин бибандӣ, дар осмон баста хоҳад шуд; ва он чи бар замин кушоӣ, дар осмон кушода хоҳад шуд».
  4. Он гоҳ ба шогирдони Худ таъин кард, ки ба ҳеҷ кас нагӯянд, ки Ӯ Исои Масеҳ аст.

Исо ба шогирдон дар бораи марг ва эҳёи Худ эълон мекунад.

  1. Аз ҳамон вақт Исо ба фаҳмондан ба шогирдони Худ оғоз намуд, ки Ӯ бояд ба Уршалим равад ва аз дасти пирон, ва саркоҳинон ва китобдонон бисёр азоб кашад, ва кушта шавад, ва пас аз се рӯз эҳё шавад.
  2. Ва Петрус Ӯро ба як сӯ бурда, ба эътироз кардан шурӯъ намуд: «Ҳошо Туро, эй Худованд! Ин ба Ту ҳаргиз руй нахоҳад дод!»
  3. Аммо Ӯ баргашта ба Петрус гуфт: «Эй шайтон, аз Ман дур шав! Ту васвасакоре барои Ман ҳастӣ, зеро ту на дар бораи амру наҳйи Худо, балки аз чизҳои инсонӣ андеша мекунӣ».
  4. Он гоҳ Исо ба шогирдони Худ гуфт: «Агар касе хоҳад аз ақиби Ман биёяд, бояд хештанро инкор карда ва салиби худро бардошта, Маро пайравӣ намояд;
  5. Зеро ҳар кӣ ҷони худро раҳонидан хоҳад, онро барбод медиҳад; ва ҳар кӣ ҷони худро дар роҳи Ман барбод диҳад, онро пайдо мекунад;
  6. Ба одам чӣ фоида дорад, ки агар вай тамоми дунёро ба даст оварад ва ба ҷони худ зиён расонад? Ё ки одамизод ба ивази ҷони худ чӣ фидияе медиҳад?
  7. Зеро ки Писари Одам дар ҷалоли Падари Худ бо фариштагони Худ хоҳад омад, ва он вақт ба ҳар кас мувофиқи корҳоаш подош хоҳад дод.

Дигаргун шудани Худованд. Симои Малакуте ки меояд.

  1. Ба ростӣ ба шумо мегӯям: аз истодагон дар ин ҷо баъзе ҳастанд, ки то Писари Одамро, ки дар Малакути Худ меояд, набинанд, зоиқаи маргро нахоҳанд чашид».

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s