Матто боби 14

Беқарории Ҳуродус. Қатли Яҳёи Таъмиддиҳанда.

  1. Дар он ҳангом овозаи Исо ба гӯши тетрарх Ҳиродус расид,
  2. Ва ба хизматгузорони худ гуфт: «Ин Яҳёи Таъмиддиҳанда аст; вай аз мурдагон эҳё шудааст, ва аз ин сабаб ин мӯъҷизот аз вай ба зуҳур меояд».
  3. Зеро ки Ҳиродус Яҳёро дастгир карда ва баста, ба зиндон андохта буд, ба хотири Ҳиродия, зани Филиппус бародараш;
  4. Зеро Яҳё ба вай гуфта буд: «Ба ту раво нест, ки вайро ба занӣ бигирӣ».
  5. Ва мехост ӯро ба қатл расонад, лекин аз мардум тарсид, чунки ӯро пайғамбар медонистанд.
  6. Аммо вақте ки Ҳиродус рӯзи таваллуди худро ҷашн мегирифт, духтари Ҳиродия дар пеши аҳли базм рақсид, ва ин ба Ҳиродус бисёр писанд афтод;
  7. Аз ин рӯ ба вай қасам ёд карда, ваъда дод, ки ҳар он чи хоҳад, ба вай медаҳад.
  8. Пас вай, бо талқини модари худ, гуфт: «Каллаи Яҳёи Таъмиддиҳандаро дар ҳамин ҷо дар табақе ба ман ҳадия бикун».
  9. Подшоҳ ғамгин шуд; лекин барои поси савгандаш ва ба хотири ононе ки ҳамроҳаш нишаста буданд, амр фармуд, ки дода шавад,
  10. Ва ҷаллодеро фиристод, то дар зиндон каллаи Яҳёро аз танаш ҷудо кунанд.
  11. Ва каллаи ӯро дар табақе оварда, ба духтар доданд, ва онро вай ба модари худ бурд.
  12. Ва шогирдонаш омада, ҷасади вайро бардошта бурданду гӯр карданд; ва рафта, ба Исо хабар доданд.
  13. Чун Ӯ инро шунид, ба қаиқ савор шуда, аз он ҷо танҳо ба ҷои хилвате рафт; ва мардум, чун шуниданд, аз ақиби Ӯ аз шаҳрҳо пиёда равон шуданд.
  14. Ва Исо берун омада, анбӯҳи мардумро дид, ва ба онҳо раҳмаш омад, ва беморони онҳоро шифо дод.

Сер шудани панҷ ҳазор мард.

  1. Дар вақти аср шогирдонаш назди Ӯ омада, гуфанд: «Ин ҷо ҷои хилват аст, вақт ҳам дер шуд; мардумро ҷавоб деҳ то ки ба деҳот рафта, барои худ хӯроке бихаранд».
  2. Ба онҳо гуфт: «Ҳоҷате нест, ки онҳо бираванд: шумо ба онҳо хӯрок диҳед».
  3. Ба Ӯ гуфтанд: «Мо дар ин ҷо фақат панҷ нон ва ду моҳӣ дорем».
  4. Гуфт: «Онҳоро ин ҷо назди Ман биёред».
  5. Ва мардумро фармуд, ки бар сабза биншинад, ва панҷ нону ду моҳиро гирифта, ба осмон нигаристу баракат дод ва нонро пора карда, ба шогирдонаш дод, ва шогирдонаш ба мардум доданд.
  6. Ҳама хӯрданду сер шуданд; ва аз пораҳои боқимонда дувоздаҳ сабадро пур карда бардоштанд;
  7. Ва хӯрандагон, ба ғайр аз занону бачагон, тақрибан панҷ ҳазор мард буданд.

Исо бар об қадам мезанад. Сустимонии Петрус.

  1. Дарҳол Исо шогирдони Худро фармуд, ки ба қаиқ савор шуда, пеш аз Ӯ ба соҳили дигар равона шаванд, то Ӯ мардумро ҷавоб диҳад.
  2. Ва чун мардумро ҷавоб дод, барои дуо гуфтан танҳо бар фарози кӯҳе баромад; бегоҳирӯзӣ низ дар он ҷо танҳо буд.
  3. Ва қаиқ ҳанӯз дар миёни баҳр буд ва аз мавҷҳо лат мехӯрд, зеро ки боди мухолиф мевазид.
  4. Ва дар поси чоруми шаб Исо бар баҳр қадам зада, назди онҳо омад.
  5. Ва шогирдон чун Ӯро диданд, ки бар барҳ қадам мезад, дар изтироб афтода, гуфтанд: «Ин шабаҳ аст!» Ва аз тарс фарёд заданд.
  6. Лекин Исо дарҳол ба онҳо хитоб карда, гуфт: «Ором бошед; ин Манам, ҳаросон нашавед».
  7. Петрус дар ҷавоби Ӯ гуфт: «Худовандо! Агар ин Туӣ, ба ман амр деҳ, то ки бар рӯи об назди Ту биёям».
  8. Гуфт: «Биё». Ва Петрус аз қаиқ баромада, бар рӯи об равона шуд, то ки назди Исо биёяд;
  9. Лекин чун боди шадидро дид, ҳаросон шуд ва дар ҳолате ки ғарқ мешуд, фарёд кашид: «Худовандо! Маро халос кун».
  10. Исо фавран дасташро дароз карда, вайро нагоҳ дошт ва гуфт: «Эй сустимон! Чаро шубҳа кардӣ?»
  11. Вақте ки ба қаиқ даромаданд, бод сокит шуд.
  12. Онҳое ки дар қаиқ буданд, назди Ӯ омада, саҷда карданд ва гуфтанд: «Ҳақиқатан Ту Писари Худо ҳастӣ».

Шифо ёфтани беморон дар Ҷинесор.

  1. Ва аз баҳр гузашта, ба сарзамини Ҷинесор омаданд.
  2. Ва сокинони он мавзеъ Ӯро шинохтанд ва ба тамоми музофот касонеро фиристода, ҳамаи беморонро назди Ӯ оварданд,
  3. Ва аз Ӯ илтимос менамуданд, ки фақат домани ҷомаи Ӯро ламс кунанд; ва ҳар кӣ ламс кард, шифо ёфт.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s